Низоми фанни таълимии ҳуқуқ

Фанни таълимии ҳуқуқ низоми худро дорад, ки дар он аз кадом қисмҳо ва мавзӯҳо таркиб ёфтани фанни таълимии мазкур пешбини гардидааст. Низоми фанни таълимии ҳуқуқро метавон чунин пешбини намуд:

  1. Предмет ва методи фанни таълимии ҳуқуқ;
  2. Маълумоти асосӣ дар бораи давлат ва ҳуқуқ;
  3. Асосҳои ҳуқуқи инсон;
  4. Асосҳои соҳаҳои ҳуқуқ;
  5. Асосҳои ҳуқуқи байналхалқӣ;
  6. Асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Дар қисмати «Предмет ва методи фанни таълимии ҳуқуқ» илми ҳуқуқшиносӣ дар низоми илмҳои муосир, предмети фанни таълимии ҳуқуқ, методҳои омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ, низоми фанни таълимии ҳуқуқ, вазифаҳо ва аҳамияти омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар қисмати «Маълумоти асосӣ дар бораи давлат ва ҳуқуқ» донишҷӯён донишҳои асосии ҳуқуқиро дар бораи давлат ва ҳуқуқ мегиранд. Аз қабили мафҳум ва моҳияти давлат, функсияҳои давлат, шаклҳои давлат, давлати ҳуқуқбунбунёд, ҷомеаи шаҳрванрвандӣ, ҳокимияти давлатӣ, дастгоҳи давлатӣ, мафҳуми ва моҳияти ҳуқуқ, фуксияҳои ҳуқуқ, низоми ҳуқуқ, оилаҳои ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, меъёрҳои ҳуқуқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, тафсири ҳуқуқӣ, амалигардонии ҳуқуқ, татбиқи ҳуқуқ, шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва ҳоказо.

Дар қисмати «Асосҳои ҳуқуқи инсон» донишҷӯён донишҳои асосии ҳуқуқиро оиди предмет ва методҳои омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон, вазифаҳо ва аҳамияти омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон, мафҳум ва намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи инсон, дар бораи таърихи ҳуқуқи инсон, мафҳум ва таркиби ҳуқуқи инсон, таснифоти ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва проблемаҳои муосири ҳуқуқи инсон меомӯзанд.

Қисмати «Асосҳои соҳаҳои ҳуқуқ» калонтарин қисми низоми фанни «Ҳуқуқ» буда, ба донишҷӯён донишҳои асосии ҳуқуқиро оиди соҳаҳои мустақили ҳуқуқ меомӯзонад. Меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои ҷамъиятии сифатан якхеларо ба танзим медароранд, соҳаи ҳуқуқ номида мешавад[1]. Ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқ дар якҷоягӣ низоми ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Ҳар як соҳаи ҳуқуқ аз қисматҳои таркиб ёфтааст, ки мустақилиятии онро муарифӣ намуда, муносибатҳои мушахасси ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Асосҳои соҳаҳои ҳуқуқ аз асосҳои ҳуқуқи конститутсионӣ оғоз меёбанд, чунки он асосҳои сохтори конститутсионии ҷомеа ва давлатро муайян менамояд. Асосҳои ҳуқуқи маъмурӣ идоракунии давлатиро ба амал бароварда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва хизмати давлатиро ба роҳ мемонад. Ҳифзи муҳити атроф ва табиат ба воситаи асосҳои ҳуқуқи экологӣ ба амал бароварда мешавад. Ҳуқуқи молиявӣ муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкил, тақсим ва истифода бурдани захираҳои молиявии давлат ба танзим медарорад. Буҷети давлатӣ маҳз бо ҳамин соҳаи ҳуқуқ таҳррезӣ шуда, қабул мегардад. Дар ҷамъмият сиёсати адозбандӣ ва андозғундорӣ бо номи ҳуқуқи андоз сахт алолақаманд аст. Фаъолияти гумрукӣ дар заминаи асосҳои ҳуқуқи гумрукӣ ба амал бароварда мешавад. Муносибаҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии бо онҳо алоқаманд, бастани шартномаву созишномаҳои гражданӣ, гирифтани мерос, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва патентӣ бо номи асосҳои ҳуқуқи гражданӣ сахт алоқаманд аст. Муносибатҳои оилавӣ бо асосҳои ҳуқуқи оилавӣ батанзим дароварда мешаванд. Асосҳои ҳуқуқи меҳнатӣ муносибатҳои ҷамъиятиро байни корфармо ва коргар (коркун) ба танзим медарорад. Истеҳсолоти кишоварзӣ дар заминаи асосҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ба роҳ монда мешавад. Асосҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ танзимгари фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Ҷинояту ҷинояткорӣ мавзӯи асосҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ мебошад. Дида баромадани парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ дар суд ба воситаи асосҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ ва гражданӣ сурат мегиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қисмати «Асосҳои ҳуқуқи байналхалқӣ» муносибатҳои байни давлат ва шахсро дар арсаи байналхалқӣ ба танзим медарорад. Дар он ба мавзӯҳои зерин равшани андохта мешавад: мафҳум, предмет ва низоми ҳуқуқи байналхалқӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, принсипҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ, субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ, ҷавобгарӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ, тавсифи умумии соҳаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ.

Дар қисмати «Асосҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ» ба донишҷӯён донишҳои асосии ҳуқуқиро доир ба мафҳум ва намудҳои фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, тавсифи умумии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ, мақомоти прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомоти адлия, адвокатура ва асосҳои ташкил ва фаъолияти агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия меомӯзонанд.

[1]Ниг.: Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Тоҷикистон (инсон ва ҷомеа). Маҳмудов М.А., Раҳимов М.З. – Душанбе: «Ирфон», 1995. – С. 27.

ҚаблӣМетодҳои омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ
БаъдӣВазифаҳо ва аҳамияти омӯзиши фанни таълимии ҳуқуқ