Давлати ҳуқуқӣ

Назарияи давлати ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҷ.Локк, Ш.Л.Монтеске, Т.Ҷефферсон, И.Кант ва як қатор намояндагони дигари либерализм ташаккул дода шудааст. Бори аввал дар конститутсияи ИМА (1787) ва конститутсияи Фаронса (1789) як қатор арзишҳои ҳуқуқӣ ҷойгир карда шуда, дар самти рушду инкишофи давлати ҳуқуқӣ заминаи хуб фароҳам оварданд.

Давлати ҳуқуқӣ ҳимоятгари озодиҳои инсон буда, фаъолияти он дар доираи қонун амалӣ гардида, ҳокимияти он ба воситаи қонун маҳдуд гардонида шудааст. Ҳуқуқ низоми меъёрҳои ҳатмие мебошад, ки аз ҷониби давлат ташаккул дода мешавад, яъне қоидаҳои барои ҳама ҳатмиест, ки ба сифати танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад менамояд. Дар давлати ҳуқуқӣ низоми идоракунии конститутсионӣ амал менамояд ва дорои низоми ҳуқуқии рушдёфта мебошад, ки самаранокии назорати ҷамъиятиро таъмин менамояд. Консепсияи давлати ҳуқуқӣ масъалаҳои зеринро асоснок менамояд: баробарҳуқуқии шаҳрвандон, афзалияти ҳуқуқи инсон нисбат ба қонунҳои давлатӣ, дахолат накардан ба корҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Давлати ҳуқуқӣ дорои як қатор нишонаҳои худ мебошад. Эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқӣ мебошад, ки эҳтиром, риоя ва ҳимояи онҳо бояд аз ҷониби давлат дар амал татбиқ карда шаванд. Дар шароити рушди давлати ҳуқуқӣ ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дахлнопазир буда, аз рӯзи таваллуд одамон онҳоро соҳиб мегарданд. Ҳуқуқу озодиҳо барои ҳама ба таври баробар кафолат дода мешаванд. Дар амал татбиқ гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд набояд ба ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон халал расонад.

Дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди давлати ҳуқуқӣ санадҳои меъёрии байналхалқӣ нақши муҳим бозидаанд. Пеш аз ҳама, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Муоҳидаи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Муоҳидаи байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳми арзанда гузоштаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар давлати ҳуқуқӣ инсон, ҳуқуқҳои ӯ, озодиҳо ва дар амал татбиқ гардидани онҳо арзишҳои олии давлат мебошанд. Ҳамзамон, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон меъёри маҳдудсозандаи ҳокимияти давлатӣ маҳсуб меёбанд. Дар давлати ҳуқуқӣ қонунҳо асоси ҳуқуқҳои инсонро ташкил накарда, балки ҳуқуқҳои инсон унсури асосии қонунҳо мебошанд.

Нишонаи муҳимтарини давлати ҳуқуқӣ волоияти ҳуқуқ мебошад. Ҳуқуқҳо дар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба таври хаттӣ мустаҳкам гардида, ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ташаккул дода мешаванд, ки онҳо дар маҷмӯъ пеши роҳи зулму истибдодро мегиранд. Бинобар ин, давлати ҳуқуқӣ давлате мебошад, ки дар он ҳокимияти сиёсӣ баҳри таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд шароити мусоид фароҳам оварда, бо мақсади роҳ надодан ба зулму истибдод самаранокии таъмини онҳоро кафолат медиҳад.

Волоияти ҳуқуқ ва ё ҳукмронии ҳуқуқ маънои онро дорад, ки дар ҷомеа давлат ва кулли мақомоти давлатӣ бо меъёрҳои ҳуқуқӣ алоқамандӣ пайдо менамоянд. Зеро дар фазои ҳуқуқӣ инсонҳои алоҳида, ҷомеа ва давлат дар якҷоягӣ фаъолият менамоянд. Ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла онҳое, ки қонунро қабул намудаанд, бояд итоат намоянд. Риояи қонунҳои қабулгардида қоидаи умумӣ дониста мешавад. Дар давлати ҳуқуқӣ конститутсия мавқеи олии ҳуқуқӣ дорад. Зеро дараҷаи рушди низоми ҳуқуқӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аз мундариҷаи конститутсия вобастагии зиёд дорад.

Ҳамчунин, мавҷудияти уҳдадориҳои тарафайни давлат ва шахсони алоҳида нишонаи дигари давлати ҳуқуқӣ мебошад. На танҳо шаҳрвадон ҳангоми иҷроиши уҳдадориҳои худ дар назди давлат масъулият дарк менамоянд, балки давлат ва шахсони мансабдор низ ҳангоми иҷроиши ваколатҳои хизматии худ дар назди шаҳрвандон масъул мебошанд. Оид ба ин масъала И.Кант қайд намуда буд, ки ҳар як шаҳрванд дар муносибат ба шахсони мансабдор оид ба иҷроиши қонунҳо бояд то он дараҷае имконияти маҷбурнамоиро дошта бошад, ки шахсони мансабдор дар муносибат бо онҳо ҳамон андоза имконияти маҷбурнамоиро доранд. Яъне, қонунҳо бояд аз ҷониби ҳама ба таври баробар риоя карда шаванд. Шахсони алоҳида дар рафтори худ як қатор маҳдудиятҳоро қабул намуда, қоидаҳоеро, ки давлат барои ҳамагон ҳатмӣ мегардонад, риоя менамоянд. Давлат дар самти риояи ҳуқуқи инсон, кафолати шароити арзандаи кору фаъолияти онҳо масъул мебошад.

Давлати ҳуқуқӣ дар заминаи меъёри тақсими ҳокимият ташаккул меёбад. Тақсими ҳокимияти сиёсӣ ба шохаҳои алоҳида имкон медиҳад, ки ҳокимияти сиёсӣ дар дасти як шахс ва ё як мақомоти давлатӣ инҳисор (монополия) нагардад. Аввалин маротиба идеяи тақсими ҳокимияти давлатӣ ба се шоха аз ҷониби мутафаккири англис Ҷ.Локк пешниҳод гардида буд. Ӯ ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва федеративӣ ҷудо намуда буд. Каме дертар мутафаккири франсавӣ Ш.Л.Монтеске дар консепсияи худ ҳокимиятро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим менамояд, ки то имрӯз паҳлуҳои гуногуни он ташаккул ёфта, дар амал пурра татбиқ гардидааст. Меъёри тақсими ҳокимият ба шохаҳо тақозои онро дорад, ки шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ бояд мустақил бошанд ва ба кору фаъолияти якдигар халал нарасонанд.

Дар зери назорати ҷиддӣ қарор додани риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд, амалишавии қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ яке аз талаботҳои муҳимми давлати ҳуқуқӣ мебошад. Давлати ҳуқуқӣ ташаккулидиҳандаи низоми мақомоти судӣ ва низоми махсуси назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки давлати ҳуқуқӣ дар самти тавсеаи озодиҳои инсон ва ҷомеа марҳилаи хеле муҳим ба шумор меравад. Консепсияҳои классикии давлати ҳуқуқӣ ба масъалаи баробарҳуқуқӣ таваҷҷуҳи бештар дода, ба масъалаҳои баробарии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ он қадар диққат намедиҳанд. Бинобар ин, дар асри ХХ консепсияи давлати ҳуқуқӣ бо назария ва амалияи давлати иҷтимоӣ омезиш ёфта, ташаккул ёфтааст.


Калидвожаҳо: давлат, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, давлати хукуки, давлати хукуки чи гуна давлат аст.

ҚаблӣШаклҳои идоракунии давлат ва сохтори давлатӣ
БаъдӣДавлати ичтимои