Чангхои Юнону Форс. Чангхои аввалини Юнону Форс. Лашкаркашии Хашиёр Шох. Ташкилёбии иттифоки бахрии Делос (Афина). Ба охир расидани чангхои Юнону Форс.
Баъд аз он ки давлати Ҳахоманишиён ташкил ёфт, он рақиби асосии Юнон гардид. Шоҳи Ҳахоманишиён Дорои I шӯриши юнониҳои Осиёи Хурдро пахш карда, ба ҷанги зидди Юнон тайёрӣ мебинад. Ӯ бо ин мақсад лашкари иборат аз 30 ҳазор ҷанговар ва 600 киштии ҷангӣ тайёр мекунад.
ҶАНГҲОИ АВВАЛИНИ ЮНОНУ ФОРС
Соли 492 пеш аз милод лашкари Эрон (Форс) бо сардории Мардонӣ ба воситаи гулӯгоҳи Дарданел ба соҳилҳои шимолии баҳри Эгей ҳаракат кард. Ин роҳ барои форсҳо на он қадар мувофиқ буд. Лашкари Эрон дар наздикии димоғаи Афон ба фалокат дучор гардид. Тӯфони сахт бархост, ки дар натиҷаи он то 300 киштӣ ва 20 ҳазор аскари Эрон талаф ёфт. Дорои I барои ба ин талафот роҳ додан Мардониро аз вазифааш сабукдӯш мекунад. Сарфи назар аз ин талафоти гарон, ба лашкару флоти боқимондаи Эрон муяссар мешавад, ки ба лашкари Юнон зарбаи нахустин занад.
Дорои I барои ҳуҷуми зафаровари оянда ба Юнон лашкари яккачини иборат аз 20 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Ин дафъа эрониҳо бо роҳи пештара нарафтанд. Онҳо лашкари худро тавассути киштиҳо якбора аз Осиёи Хурд ба Аттика расонданд. Дорои I мехост, ки аввал Афинаро торумор кунад.
Баъд аз забти гирду атроф, аз ҷумла Еретрия ва Эвбей, лашкари форсҳо дар маҳаллаи Марафон, ки дар қисми шимолу шарқии Аттика воқеъ буд, ҷой гирифт.
Дар Марафон муҳорибаи лашкари Юнону Форс 12-уми сентябри соли 490 пеш аз милод ба амал омада, бо шикасти лашкари Форс анҷом пазируфт.
Баъди ғалаба аскари даванди юнонӣ барои ба Афина расондани муждаи ғалаба дав гирифт. Ӯ ба Афина расида, хитоб кард: ”Ғалаба!» ва дар ҷояш афтида мурд. Ба хотири бузургдошти ин воқеа пойгаи марафонӣ муқаррар карда шуд, масофаи байни Марафон ва Афина 42 км 195 м мебошад ва пойгаи мазкур ҳам ба ҳамин масофаро дар бар мегирад. Имрӯз ҳам пойгаи марафонӣ вуҷуд дорад ва он ҳатто яке аз намудҳои барномаи Бозиҳои Олимпии ҷаҳони муосир мебошад.

ЛАШКАРКАШИИ ХАШИЁРШОҲ
Дорои I хост, ки ба Юнон аз нав лашкар кашад, лекин вафот кард. Ба ҷойи ӯ ба тахти подшоҳии давлати Ҳахоманишиён Хашиёршоҳ менишинад ва ба лашкаркашии нави зидди Юнон тайёрии ҳаматарафа мебинад. Бо фармони ӯ аз тамоми шоҳаншоҳии бузург – аз Миср сар карда то Бобил – ҷанговарон ба Осиёи Хурд меомаданд. Лашкар бо силоҳи навтарин, сарулибос ва хӯрду хӯроки зиёди захира таъмин карда шуд. Мувофиқи шаҳодати таърихшиноси юнонӣ Ҳеродот, гӯё ки форсҳо барои ҷанг 5 миллиону 28 ҳазор ҷанговару 1200 киштӣ тайёр карда буданд.
Лашкаркашии Хашиёршоҳ ба Юнон аввали баҳори соли 480 пеш аз милод оғоз меёбад. Баъди тай намудани роҳи пешбинишуда форсҳо ба соҳилҳои Фракия ва Македония расиданд. Муҳорибаи калони байни лашкари Эрону Юнон дар Фермопил ба амал омад. Форсҳо чор шабонарӯз ба мавқеъҳои мудофиаи юнониҳо ҳуҷум карданд. Леонид ном шахс, ки ба лашкари юнониҳо роҳбарӣ мекард, тавонист, ки ҳуҷумҳои пайдарпайи форсҳоро зада гардонад, вале форсҳо ҳуҷуми худро пурзӯр карданд.
Онҳо барои ғалаба аз восита ва усулҳои гуногуни ҷангӣ истифода мебурданд. Дар вазъияти ҳалкунанда онҳо ба ҷанг горди «абадзинда»-ашонро дароварданд. Лашкари форсҳо оқибат дар ин ҷо бар лашкари юнониҳо ғалаба кард.
Ҳазорон нафар юнониҳо дар майдони ҳарбузарб ҳалок шуданд. Флот ва артиши пиёдагарди форсҳо мақсад доштанд, ки шаҳри Афинаро ишғол кунанд. Ҳуҷуми шадиди форсҳо вазъияти
Афин шидад дод. Сокинони Афина ба ҷазираи Саламин кӯчонида шуданд. Гурезаҳо дар шаҳрҳои Трзена ва Арголидаи ҳамин ҷазира ҷой дода шуданд.
Муҳориба дар баҳр 2 сентябри соли 480 пеш аз милод ба амал омад. Хашиёршоҳ ба ғалабаи қувваҳои баҳрии худ боварӣ дошт, ва ба он фармон дод, ки дар гулӯгоҳ ба юнониҳо ба ҷанг дарояд.
Юнониҳо киштиҳояшонро моҳирона идора карда, белҳои кишти ҳои форсҳоро шикаста ва паҳлуҳояшонро сӯрох мекарданд. Оқибат сафи бонизоми лашкари форсҳо вайрон шуд. Сарфи назар аз он, сарбозони форсҳо қаҳрамонона меҷангиданд. Форсҳо киштиҳои бисёри худро талаф дода, ақибнишинӣ карданд.
Баъд аз ин Хашиёршоҳ ба Осиёи Хурд бармегардад. Лашкари яккачини форсҳо дар Юнони Миёна монд. Баҳори соли дигар он Афинаро аз нав ишғол намуд. Худи ҳамон сол дар Платея байни лашкари Юнону Эрон муҳорибаи калоне ба амал омад, ин дафъа форсҳо шикаст хӯрданд.
ТАШКИЛЁБИИ ИТТИФОҚИ БАҲРИИ ДЕЛОС (АФИНА)
Ғалабаи Юнон дар ҳамон вақте имконпазир гардид, ки Спарта, Коринф ва Афина қувваҳои худро муттаҳид карда, бар зидди форсҳо мубориза бурданд. Баъди шикасти форсҳо дар байни ин се давлати юнонӣ зиддиятҳои нав авҷ гирифта, то ба дараҷае расиданд, ки Спарта аз ин иттифоқ баромад. Баъд аз ин воқеа Афина маркази муттаҳидшавии давлатҳои Юнон мегардад.
Бо ташаббуси Афина дар ҷазираи Делос намояндагони шаҳрҳои Юнон ҷамъ омада, «Иттифоқи Делос» (Афина)-ро таъсис доданд. Иттифоқ хазина ва неруҳои мусаллаҳи умумӣ дошт. Масъалаҳои асосии иттифоқро дар Шӯро, ки аз намояндагони аъзои иттифоқ иборат буд, ҳал мегардид. Бори вазнини ин иттифоқ ба зиммаи Афина афтида буд. Иттифоқ 200 киштӣ, 40 ҳазор киштидор ва белзан, 10 ҳазор пиёдааскар ва 1000 аскари савора дошт.
Солҳои 70-уми асри V пеш аз милод, ба «Иттифоқи Делос» муяссар гардид, ки мавқеи Юнонро дар баҳри Эгей ва Осиёи Хурд мустаҳкам кунад, вале Ҳахоманишиён барои ба даст овардани Осиёи Хурд ва ҳудуди дар қисмати шарқии Баҳри Миёназамин аз дастдодаашон муборизаро бомуваффақият давом медод.
БА ОХИР РАСИДАНИ ҶАНГҲОИ ЮНОНУ ФОРС
Соли 465 пеш аз милод дар натиҷаи табаддулот шоҳи давлати Ҳахоманишиён ва писари ӯ кушта шуданд. Аз ин вазъияти муносиб қувваҳои истиқлолиятхоҳи Миср истифода бурданӣ шуда, бо сардории Инар шӯриши халқӣ ташкил карданд.
Афина низ аз ин воқеа истифода бурда, ба шӯришчиёни мисрӣ дасти ёрӣ дароз кард. 20 ҳазор нафар аскар ва 200 киштии юнониҳо ба он ҷо рафтанд. Киштиҳо ба воситаи дарёи Нил шино карда то ба пойтахти Миср — шаҳри Мемфис расиданд.
Дар ин ҷо лашкари юнониҳо аз тарафи лашкари ба ин ҷо омадарасидаи шоҳи нави Ҳахоманишиён — Ардашери I пурра торумор карда шуд. Аз форсҳо шармандавор шикаст хӯрдани «Иттифоқи Делос» обрӯйи юнониҳоро ниҳоят паст кард. Форс ҳокимияти худро дар Миср аз нав мустаҳкам карда, барои дар шарқи Баҳри Миёназамин ва Осиёи Хурд ба даст овардани мавқеъҳои аз дастдодааш ҷидду ҷаҳд намуд.
Оҳиста-оҳиста дар «Иттифоқи Делос» Афина мавқеи ҳукмронро ба даст мегирад. Аъзои дигари иттифоқ итоатгари Афина мешаванд.
Соли 454 пеш аз милод хазинаи иттифоқ аз Делос ба Афина кӯчонда шуд. Бо ҳамин «Иттифоқи Делос» дар амал ба давлати Афина табдил меёбад.
Соли 449 пеш аз милод ҷангҳои Юнону Форс ба охир расиданд. Юнониҳо Каллий ном ашрофи Афинаро ба ҷазираи Кипр равон карданд, то ки аз номи Юнон бо Форс сулҳ бандад. Мувофиқи созишномаи сулҳи Кипр, Форс уҳдадор шуд, ки дигар ба баҳри Эгей ва гулӯгоҳҳои он флот ва лашкар намедарорад. Юнон ҳам уҳдадор шуд, ки шаҳрҳои қаламрави давлати Форсро дар шарқи Баҳри Миёназамин ва Осиёи Хурд эътироф мекунад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Ҷангҳои Юнону Форс кай оғоз ёфтаанд?
- Лашкаркашии аввали Форс ба Юнон чӣ тавр анҷом ёфт?
- Барои лашкаркашии дуюм ба Юнон Дорои I чӣ тавр тайёрӣ дид?
- Муҳорибаи Марафон кай ба амал омад?
- Дар он кадом давлат ғолиб омад?
- Дap бораи иқтидори лашкари Форс чиҳо гуфта метавонед?
- Дap бораи муҳорибаи Саламин нақл кунед.
- Иттифоқи баҳрии Делос (Афина) чӣ тавр ташкил ёфт?
- Лашкари Иттифоқи баҳрии Делос дар Миср чӣ тавр шикаст хӯрд?
- Ҷангҳои Юнону Форс кай ба охир расиданд?