Фалсафа ва дин

 Чи тавре ки қаблан зикр гардид, фалсафа ҳамчун илми куллӣ дорои низоми ниҳоят мураккаб буда, дар он тамоми донишҳое, ки дар ихтиёри инсоният қарор доранд,  ҷамъбаст ва бо маҷмӯи фарҳанги башарӣ синтез карда мешаванд. Аз ҳамин сабаб дар байни  фалсафа ва тамоми шаклҳои дигари фаъолияти маънавии инсон – илм, санъат, дин, ахлоқ, идеология ва ҳоказо, — муносибат ва робитаи мутақобилаи ниҳоят мураккабу ногусастанӣ вуҷуд дорад. Дар ин миён аласхусус муносибати мутақобилаи байни фалсафа ва дин хеле мураккаб ва серпаҳлӯ мебошад. Қабл аз он ки ба таҳлили муносибати байни ин ду шакли фаъолияти маънавии инсон, яъне  фалсафа ва дин шурӯъ кунем, зарур аст, ки маънои мафҳуми «дин» ва ҳамаи мафҳумҳои дигареро, ки барои шарҳи табиат ва пайдоиши ин мафҳум корбаст мешаванд, бо тартиб аз назар гузаронем.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣНавъҳо ва назарияҳои фаҳмиши ҳуқуқ
БаъдӣДин, фалсафаи дин, диншиносӣ