Чашни Навруз аз нигохи астрономи.

Воқеан, сухани тоза аз Наврӯз гуфтан басо душвор аст, вале вуруди фасли эҳёи муҳаббатҳо касро ба он водор менамояд, ки ҳарфе аз накҳати баҳориву сухане аз боди наврӯзӣ ба риштаи таҳрир кашад.
Оид ба таърихи пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз дар бозмондаҳои осори бостонӣ, рамзҳо, устураҳо ва навиштаҳои асотирӣ, сангнавиштаҳо, расадхонаҳои қадима ба амсоли Стоунхенҷ ва ё силсила расадхонаҳои офтобии Бадахшон аз китобҳои муаррихони юнониву бобулӣ, осори паҳлавии ба арабӣ тарҷумашуда ва ғайра ишораҳо хеле зиёданд.
Дар осори бузургони мо ба амсоли Абубакри Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Истархӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав ва дигарон ба ҷашни қадима будани Наврӯз далолат медиҳанд.
Наврӯз аз рӯйи тақвими астрономии шамсӣ ибтидои Соли Нав мебошад. Ин рӯзро ЮНЕСКО бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистион муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 сентябри соли 2009 ва баъдан 23 феврали соли 2010 дар 64-умин Сессияи генералии Ассамблеяи СММ ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қабул намуда, ҳамасола онро дар тамоми ҷаҳон 21 март ҷашн мегиранд.
Доир ба таҷлили Наврӯз дар “Наврӯзнома”-и Умари Хайём ишорае мавҷуд аст, ки ин ҷашн аллакай аз Каюмарс сарчашма мегирад.
Дар сарнигораҳои Тахти Ҷамшед тасвири шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ таҷлили ҷашни Наврӯз ба назар мерасад. Дар тамоми манобеи таърихию адабии бостонӣ ва дар аксари ривоятҳову устураҳо Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Ба ақидаи А. Берунӣ сабаби пайдоиш ва таҷлили ҷашни Наврӯз ба айёми Таҳмурас рост меояд.
Тоҷикон Наврӯзро аз замонҳои қадим ҷашн мегирифтанд. Фарорасии Наврӯз дар халқи мо ҳамчун баробаршавии шабу рӯз (нуқтаи эътидоли баҳорӣ) ва қисмҳои дигари вақтро дар давоми шаборӯз аз рӯи мушоҳидаи такроршавии ҳодисаҳои табиат, гардиши ҷирмҳои осмонӣ ва рафтори (ҷойивазкунӣ парандагон) ҷонварон муайян мекарданд.
Аз ҳисоби он, ки минтақаи Тоҷикистони азиз аз талу теппа ва кӯҳҳо бой аст, пас оғози Наврӯз ва таҷлили он, яъне омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар асоси мушоҳидаҳои тӯлонии халқиятҳои муқимии ватанамон, қаблан оғоз меёфт. Фарорасии Наврӯзро мардуми кӯҳистон аз рӯи мушоҳидаи ҳаракати Офтоб, ҷойивазкунии нуқтаҳои тулӯъ ва ғурубӣ Офтоб, афтидани сояи қуллаҳо ва амсоли инҳо муайян менамуданд. Асосан гардиши Офтобро мардуми кӯҳистон аз рӯи ҷойҳои нишонашуда дар қаторкӯҳҳо ва қуллаҳои онҳо, дарахтони куҳансол, сангҳо мушоҳида ва муайян мекарданд. Дар ноҳияҳои Ишкошим ва Айнӣ санге мавҷуд аст, ки онро “Офтоббин” ва қуллаи ду кӯҳе аст, ки Офтоб онҷо “Лона” мегузорад.
Наврӯз аз назари илми астрономия рӯзест, ки Офтоб дар яке аз ду нуқтаи буриши ҳамвориҳои экватори осмон ва эклиптика воқеъ гардида, аз нимкураи ҷанубии осмон ба нимкураи шимолӣ мегузарад. Дар ин нуқтаҳо шаб ва рӯз бо ҳам баробаранд. Экватор кураи осмонро ба нимкураҳои шимолӣ ва ҷанубӣ тақсим менамояд. Ҳамвории экватор нисбат ба ҳамвории эклиптика дар таҳти кунҷи 23(26( бурида мешаванд.
Офтоб ҳангоми ҳаракат аз чор нуқтаҳои муҳим мегузарад, ки онҳоро нуқтаи эътидоли баҳорӣ (20-21 март), инқилоби тобистона (20-21 июн), эътидоли тирамоҳӣ (22-23 сентябр) ва инқилоби зимистона (21-22 декабр) меҳисобанд. Гарчанде Наврӯз 21 март ҷашн гирифта шавад ҳам, вобаста ба тақвими истифодашаванда расидани Офтоб ба нуқтаи эътидол аз 20 то 21 март ба вуқӯъ меояд. Сабаби асосӣ мувофиқ наомадани як даври пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб (сол) мебошад, соли тақвимӣ номувофиқии давомоти онҳоро нишон медиҳад.
Офтоб дар осмони ситоразор дар давоми сол пайиҳам аз 12 бурҷҳои зодиакии қад-қади эклиптика ҷой гирифта ҳаракат мекунад. Роҳи ҳаракати зоҳирии Офтобро дар байни ситораҳо эклиптика меноманд. Дар тақвими шамсии мардуми форсзабон оғози сол аз бурҷи Ҳамал оғоз шуда, минбаъд Офтоб аз бурҷҳои Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ, Далв ва Ҳут мегузарад. Офтоб ҳар як бурҷро ба ҳисоби миёна тули як моҳ тай мекунад.
Замин дар атрофи Офтоб аз рӯйи мадори эллипс (байзашакл) ҳаракат менамояд, ки сабаби номунтазамии ҳаракати он ё ҳаракати номунтазами Офтоб дар осмони ситоразор аст. Ин сабаби тағйирёбанда будани давомнокии шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ мегардад. Замин ҳангоми ба Офтоб наздик будан ними роҳи солонаро дар 179 шаборӯз ва ними роҳи аз Офтоб дурро дар 186 шаборӯз тай менамояд. Масалан, 23 декабр нисбат ба 16 сентябр 51 сония дарозтар аст.
Дар давраҳои гуногун, тақвимҳо аз тарафи як қатор олимон зери таҷдиди назар қарор гирифтаанд. Чунки тақвимҳои халқиятҳои гуногун, дар асоси талаботи моддии онҳо ба миён омадааст ва давомнокии сол гуногун буд. Аз ин рӯ, олимон барои муайян намудани нуқтаҳои эътидол, аз ҷумла баробаршавии шабонарӯзи баҳорӣ мушоҳидаҳои тулонӣ гузаронидаанд.
Ба сифати воҳиди ченаки вақт истифода бурдани шаборӯзи ҳақиқии офтобӣ ноқулай аст. Барои ҳисоби вақт ченаки тағйирнаёбанда – шаборӯзи миёнаи офтобӣ истифода мешавад, ки он ба фосилаи ду гузашти пайдарҳами офтоби миёна аз меридиан баробар аст.
Дар давоми сол мавқеъи экватор чунон тағйир меёбад, ки Офтоб ба нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба 20 дақиқаю 34 сония пештар, аз оне, ки Замин як даври гардиши пуррао иҷро мекунад. Дар натиҷа мавқеъи нуқтаҳои эътидол дар кураи осмонӣ тағйир меёбанд. Аз нуқтаи эътидоли баҳорӣ сарҳисоби фарози мустақим қад-қади экватор ва тули офтобӣ қад-қади эклиптика оғоз меёбад. Муайян кардани мавқеъи аслии ин нуқта дар кураи осмон, яке аз масъалаҳои муҳими астрономияи амалӣ мебошад. Нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳи рамзҳои хоси худро доранд, ки ба бурҷҳои зодиакӣ мувофиқат мекунад. Гарчанде имрӯзҳо, ин нуқтаҳо дар бурҷҳои Ҳут ва Сунбула хобанд, ҳам рамзҳои онҳо дар давраи Ҳиппарх қарни 2 то мелод муайян карда шуда буд. Чунки дар он вақт нуқтаҳои эътидол бар бурҷҳои Ҳамал ва Мизон рост меомад. Сабаби асосӣ саҳеҳ набудани тақвими мисрӣ буд, аз ин лиҳоз хатогӣ беноиҳоят калон буд.
Нуқтаҳои эътидоли баҳорӣ ва тирамоҳӣ оғози якхелаи фаслҳои сол дар астрономия ба ҳисоб мераванд. Фосилаи байни ду эътидоли ягонаро соли тропикӣ меноманд, ки ҳамчун ченаки вақт қабул шудааст. Соли тропикӣ тақрибан ба 365,2422 шаборӯз баробар аст, аз ин рӯ нуқтаи эътидоли баҳорӣ дар вақтҳои гуногун рост меояд ва дар давоми як соли тақвимӣ тақрибан 6 соат ба пеш меғеҷад. Соли юлианӣ бошад ба 365,25 шаборӯз баробар аст. Бо илова кардани соли кабиса (илова шудани рӯзи алоҳида дар охири моҳи феврал, ҳар соли чорум) нуқтаи эътидоли баҳорӣ мавқеъи пешинаашро соҳиб мешавад. Ин тақвим ҳам хатогии ҷиддӣ дорад, чунки соли 1582 бо амри Грегорий ислоҳот ворид карда шуд. Дар байни тақвимҳои мавҷуда, тақвими таҳиянамудаи Умари Хайём нисбатан саҳеҳтар аст, ки ин мавзӯъ алоҳида таҳлил ва пешниҳодро талаб менамояд.
Бигзор дар ин ҷашни мардумӣ, чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, мардуми тоҷик, аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги қудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои худ берун андозанд.
Абдулҷалол Сафаров,
номзади илмҳои физикаю математика,
мудири кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ


















