Адабиёти форсии тоҷикӣ дар нимаи дувуми асри XI ва асри XII (11-12)

Адабиёти форсии точики дар нимаи дувуми асри XI ва асри XII (11-12). Бо фурӯпошии давлати марказии Сомониён дар Маворуннаҳр ва Хуросон ва гузаштани ҳукмронии сиёсӣ ба дасти хонадонҳои туркнажод дар он қаламрав – Қарохониён (999 – 1147), Ғазнавиён (999 -1187), Салҷуқиён (1040 – 1190) ва Хоразмшоҳиён (1097 – 1220) на танҳо фазои сиёсӣ, балки муҳити адабию фарҳангӣ низ дигар шуд.

адабиёти точик

Султонон ва амирони туркнажод агарчи ба тақлид аз Сомониён дар дарборҳои худ гурӯҳи шоирон, фарҳангиён ва донишмандонро нигоҳ медоштанд, ҳадафи аслиашон на равнақи адабиёту фарҳанг ва илму ҳунар, балки шуҳрат ва амалӣ гардонидани ғаразҳои сиёсиашон буд. Маълум аст, ки дар чунин шароит адабиёт, фарҳанг ва илм, чунонки боист, равнақ намеёфтанд.

Бинобар ин, комилан табиист, ки аз нимаи дувуми асри XI ва аввалҳои садаи XII дар шеърҳои шоирон ва мероси нависандагони ин давра танқиди адабиёти дарборӣ, намояндагони он ва навиштаҳояшон бештар мегардад ва дар онҳо аз беқадрии сухан, суханшинос ва мақоми иҷтимоии он дар замона баҳс меравад. Чунончи, Анварии Абевардӣ (ваф. 1187/88) ва Саноии Ғазнавӣ (ваф. 1140/1141), ки ҳар ду замоне дар дарбор буданд, аз пастии завқи аҳли дарбор ва бефаҳмии онҳо гувоҳӣ додаанд ва гуфтаанд:

Рафт ҳангоми шоирию сухан,
Рӯзи шӯхист, вақти нодонӣ.
Чӣ ҳама рӯз баҳри муште дун
Жожхоию ришҷунбонӣ.
(Саноӣ)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Эй хоҷа, макун то битавонӣ талаби илм,
К-андар талаби ротиби ҳаррӯза бимонӣ.
Рав, масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,
То доди худ аз меҳтару кеҳтар биситонӣ.
(Анварӣ)

Моҳияти назми дарбории асрҳои XI-XII ва дурӯғу сафсатаи хушку холӣ будани онро Носири Хусрав беҳтар аз дигарон ошкор намудааст:

То ки шоир ба мадҳ даргӯяд:
«Шод бодию қасри ту маъмур!»
Қасри ту з-ин сухан ҳамехандад
Бар ту, эй фитна бар сарои ғурур!
Бар ту хандад, ки ғофилӣ ту аз он-к
Дар сарои ғурур нест сурур.

Анварӣ аз хорию залилии шеъру шоирӣ дар замонаш ба чунин натиҷае расида буд, ки шоирро дар ҷамъият вуҷуди зиёдатӣ ва бефоида шуморида, канносӣ (хокрӯбӣ, фаррошӣ)-ро аз пешаи шоирӣ авлотар медонад:

Боз агар шоир набошад, ҳеч нуқсон кай фитад
Дар низоми олам, аз рӯйи хирад ар бингарӣ.
Одамиро чун маунат шарти кори бандагист,
Нон зи канносӣ хӯрӣ, беҳ з-он бувад, к-аз шоирӣ.

Сайфи Исфарангӣ (1175/76 – аввали а. XIII) аз беқадрии шеър дар замона барои шоир дам фурӯ бастанро авло медонад:

Андалеби нотиқа, гӯ, гунг шав, чун ин замон
Дар риёзи офариниш бӯйи гулзоре намонд.

Бо дигар шудани муҳити адабию фарҳангӣ ва илмӣ ва бо тақозои давр адибони форсигӯйи нимаи дувуми асри XI ва XII талқин кардаанд, ки аз ин ба баъд дар шеър бояд хираду ҳикмат ва ахлоқ ифода гардад. Дар замина Анварӣ фармудааст:

Рафт ҳангоми ғазал гуфтан, дигар сардӣ макун,
Ровиёнро гармии ҳангома, гӯ, ҳаргиз мабош!
Тоҷи ҳикмат бо либоси офият бошад, бипӯш,
Ҷон чу комил шуд, тирози ҷома, гӯ, ҳаргиз мабош.
Дар камоли Бӯалӣ, нуқсони Фирдавсӣ нигар,
Ҳар куҷо бошад «Шифо», “Шаҳнома”, гӯ, ҳаргиз мабош.

Тақозои гуфтани шеъри хираду ҳикмат, шеъри ахлоқӣ ва ирфонӣ ба ҷойи «ғазалу мадҳу ҳиҷо» ва «шоҳномагӯйӣ»-ҳои шоирони пешини форсигӯ ба ҳодисаи пайдоиш ва равнақи андешаҳои фалсафӣ, таълимоти тасаввуфӣ ва ирфонӣ, мазҳаб ва ҷараёнҳои гуногун низ алоқаи қавӣ дошт. Падидаи дар адабиёти бадеӣ, дар қолаби назму наср баён намудани таълимоти фалсафӣ, ахлоқӣ, ирфонӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла дар асарҳои адибоне чун Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Хайём, Хоқонӣ, Низомии Ганҷавӣ ва дигарон маъмул мегардад. Ҷойи қасидаҳои мадҳӣ, маснавиҳои ҳамосӣ ва ишқиясароиҳоро навиштани қасидаҳои ахлоқию фалсафӣ, маснавиҳои ишқию ривоятӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, динӣ ва ирфонӣ, рубоию дубайтӣ мегирад.

Ташаккули адабиёти сӯфигарӣ ва адабиёти ҷавонмардӣ ҳамчун шохаҳои мустақил, ривоҷи суннати пандномагӯйӣ дар шеър ва хосса насри ин давра, аз ҷумла эҷод гардидани «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Синдбоднома»-и Заҳирии Самарқандӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ, тақвияти ҷанбаи иҷтимоии адабиёт, хосса дар шеъри форсии тоҷикӣ низ зуҳури падидаи адабии мазкурро тасдиқ мекунад.

Дар нимаи дувуми асри XI ва XII адабиёти форсии тоҷикӣ дар доираҳои адабии Ғуриён, Ғазнавиён, Қарохониён, Салҷуқиён ва Хоразмшоҳиён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ҷараён дошта, бо пайдо шудани марказҳои адабӣ дар Ҳиндустон (Деҳлӣ, Лоҳур), Ироқи Форс, Бағдод, Осиёи Хурд ва Қафқоз қаламрави забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ густариш меёбад.

ҚаблӣЗиндагиномаи Боботохири Урён
БаъдӣЗиндагиномаи Асадии Туси