Нахлӣ Муҳаммади Бухороӣ

Тарчумаи хол ва эчодиёту ашъор (газал)-хои Нахли Мухаммади Бухорои оварда мешаванд.

Нахлӣ Муҳаммади Бухороӣ аз шоирони намоёни лирики аввали асри 17 тоҷик мебошад. Тақрибан байни солҳои 1581- 86 дар Бухоро таваллуд шуда, тақрибан миёни солҳои 1645-50 дар Балх вафот кардааст. Шоири тоҷик бо тахаллуси «Кирмонӣ» ҳам шеър гуфтааст. Дар зодгоҳаш хату савод баровард.

Чанд муддат дар мадраса таҳсил карда, аз илмҳои расмии замон баҳраманд гардид. Аз ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Нисорӣ дар «Музаккирулахбоб» хабар медихад, ки «Мавлоно Нахли сурати хуб ва сирати маргуб дорад. Суханонаш дилкашу махбуб арбоби кулуб аст». У ғазалро ҳамчун намунаи ашъори Нахли низ оварда аст. Мутриби хам Нахлиро ҳамчун шоири номи ёд мекунад.

Шӯҳрати Нахли уро ба дарбори Имомкулихон кашид. Дар дарбор хам зиндагии Нахли якмаром намегузарад. Авомфиребии ахли чох, фиску фучур, бекадрии сухан ва гайра боиси он мегардад, ки Нахли дарборро тарк намояд. Нахли шоири сохибдевон буда, ғазал, касида, рубои, китъа, маснавии таркибанд ва гайраро сурудааст. Махсусан дар ғазалсарои мумтоз будааст. Шикоят аз замона, тараннуми ишки пок, панду хикмат ва гайра аз мавзӯъҳои ашъори у мебошанд.


Ғазалиёти Нахлӣ

Ғарқи хун созад таманнои ту доғи синаро,
Ҳалқа бар гӯш афканад акси лабат оинаро.
Васл агар набвад маро савдои зулфе хам бас аст,
Тифли мактаб ин медонад шаби одинаро.
Дарди ӯ дар пардаҳои дида пинҳон сохтам
В-аз саводи дида кардам мӯҳр ин ганҷинаро.
Нахлӣ, аз меҳре, ки худ бо дӯст дорӣ, дам мазан,
Тарсам, аз меҳри ту рашк огоҳ созад кинаро.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Баски ҳаҷри ту кашад танг дар оғӯш маро,
Ҳасрати мурдани ҳар кас барад аз ҳуш маро.
Меҳр мегӯяму ҷон меканаму мегирям,
Модари толеъи ман карда фаромӯш маро.
Мурғи печида ба домам, зи аҷал бокам нест,
Ки ғам аз давлати худ карда зиреҳпӯш маро.
Нахлӣ, ар ҷилваи ширинии дунё ин аст,
Неш сад мартаба беҳтар бувад аз нӯш маро!

Лаби яъсам, фиғонамро асар нест,
Чӣ сон гирям, ки хунам дар ҷигар нест.
Агар лаззатпарастӣ, доғ шав, доғ,
Ба чоки ҷайб нозидан ҳунар нест.
Тараннумҳои булбул дилпазир аст,
Чаманафрӯзии гул мӯътабар нест.
Миёни чашму абрӯи ману ёр,
Ишоратҳост, мижгонро хабар нест.
Ту дурӣ аз муҳаббат, варна, Нахлӣ,
Матое аз муҳаббат бештар нест.

Боз доғи синаам аз ғам гулафшон гаштааст,
Қатраи ашкам зи ҳаҷри дӯст тӯфон гаштааст,
Шуълаафрӯзи замин хуршеди оламтоб нест,
Кавкаби бахтам ба хоки тира яксон гаштааст.
Рӯзгор ошуфтасозу осмон душманнавоз,
З-ин парешонулфатон табъам парешон гаштааст.
Гулбуни айшам зи боғи орзу нашкуфтааст,
Ғунчаҳои доғи ҳасрат боз хандон гаштааст.
Бесару барг аст, Нахлӣ, аз ҷунуни ишқ, ҳой,
То дили ғамдидааш расвои хубон гаштааст.


Нахли Мухаммади Бухорои шоир Нахли Ашъори Нахли

Лоик Шерали (зиндагинома, шеърхо)

ҚаблӣШеър дар васфи МАКТАБ
БаъдӣХоҳаракам (шеъри кудакона)