Фарханги Чини Кадим.
ХАТ
Дар Чин дар ҳазорсолаи I пеш аз милод давлати мутамарказ ташкил ёфт. Барои ҳамин, дар ин мамлакат ба хат эҳтиёҷ пайдо мешавад. Барои идора кардани давлат чӣ дар марказ ва чӣ дар маҳалҳо одамони соҳибмаълумот лозим буданд. Чиниҳо хатти худ – иероглифҳоро ба вуҷуд оварданд. Шумораи умумии иероглифҳои чинӣ чандин ҳазор буд. Бинобар ин, ҳар кас онҳоро аз худ карда наметавонист. Иероглифҳоро дар мактабҳо меомӯзонданд. Ин кор вақти зиёдро тақозо мекард.
Чиниҳо аввал дар тахтачаҳои тунуки бамбукӣ менавиштанд, вале баъди дар охирҳои ҳазорсолаи I пеш аз милод бо ихтироъ кардани коғаз онро мавриди истифода қарор доданд.
ИЛМ
Дар Чини қадим аввалин соҳаҳои гуногуни илм пайдо мешаванд. Аз ҷиҳати равнақи илм Чини қадим хеле пеш рафта буд. Ба чиниёни қадим ҳанӯз он вақт баробар будани суммаи квадрати гипотенуза ба суммаи мураббаъи катетҳо маълум буд.
З арурати ҳисоби вақт ва сол илми ситорашиносиро ба вуҷуд овард. Ситорашиносӣ дар Чин ҳанӯз дар замони Шан Ин оғоз ёфта буд. Ситорашиносони чинӣ ҳаракати Офтобу Моҳтоб ва Замину ситораҳоро ҳисоб карда, гирифтани Офтобу Моҳтобро пешгӯӣ мекарданд. Онҳо харитаи галаситораҳои дар атрофи Ситораи Қутб воқеъбударо тартиб доданд.

Аз рӯйи мушоҳидаҳои дуру дароз ситорашиносони чинӣ тақвими моҳтобиро сохтанд, ки он хеле дақиқ ва барои 60 сол тартиб дода шуда буд.
Таъсисёбии давлати марказиятнок, ҷангҳои истилогарона, донистани сарҳаду маҳалҳои мамлакат ва мамлакатҳои хориҷӣ барои ба вуҷуд омадани илми ҷуғрофия замина гузошт. Ҳанӯз дар замони ҳукмронии ҳукумати Чжоу амалдорон дар бораи ҳолати музофотҳои мамлакат ба ҳукумати марказӣ ҳисобот тайёр мекарданд. Дар яке аз ҳамин гуна ҳисоботро шарҳи ҷуғрофии ҳамаи 9 музофоти он давраинаи Чин дода шудааст. Натиҷаи рушди илми ҷуғрофия буд, ки дар Чин қутбнамо (компас) ихтироъ карда шуд. Машғулшавӣ ба чорводорӣ, зироаткорӣ, боғутокпарварӣ ва кандани ҷӯйҳо ба пайдо шудани илми заминшиносӣ (агрономӣ)
– илми кишоварзӣ сабаб мешавад. Дар рисолаҳои қадимаи чинӣ оид ба кишоварзӣ қоидаҳои зироаткорию боғдорӣ, парвариши чой, кирми абрешим, зироатҳои полезӣ, тарзи обёрии замин ва истифодаи пору баҳри серҳосил гардондани замин шарҳу эзоҳи илмӣ дода шудааст.
Дар Чин илми таърих ҳам ба вуҷуд омада буд. Таърихи Чинро Сима Сян ном муаррих, ки дар охирҳои асри II ва аввали асри I пеш аз милод зиндагӣ кардааст, омӯхта, бо номи «Қайдҳои таърихӣ» китобе навиштааст. Ӯ худ саросари мамлакатро тай намуда, ҳикояҳоро аз забони иштирокчиёни воқеаҳои таърихӣ ва ривоятҳои гуногунро ҷамъ оварда, ба китобаш ворид менамояд.
ИЛМ ВА ДИН
Чиниёни қадим табиат, хусусан замину кӯҳҳо, инчунин Офтобу Моҳтоб ва сайёраҳоро мепарастиданд. Дар асрҳои VI-V пеш аз милод таълимоти динию фалсафие ба вуҷуд омад, ки он асоси дини нави чиниҳо гардид. Асосгузори ин таълимот олими бузурги Чин Конфутсий буд.
Конфутсий соли 551 пеш аз милод дар шаҳри Ҷурчаи музофоти Шандун ба дунё омадааст. Ӯ дар мактаб тамоми илмҳои замони худро омӯхта, дар 17-солагӣ ба хизмат омода мешавад. Конфутсий аввал анбордор буд. Ҳокими вилоят ба ӯ мансаби калонтар ҳам дод. Дар 22-солагӣ Конфутсий ба омӯзгорӣ машғул шуд ва дар синни 50-солагиаш ба мансаби вазирӣ расид.

Конфутсий дину ахлоқ ва қонунҳои давлатиро хуб омӯхт. Дар назди мардум дар бораи илмҳои мазкур суҳбатҳо мекард.
Конфутсий чандин асари гаронбаҳоро ба мерос гузоштааст, аз он ҷумла «Чизин» (дар бораи муомила ва қонунҳо), «Шутзин» (дap бораи таърих), «Шитзин» (дар бораи урфу одат ва ахлоқ) ва «Чжуансзӣ» (дар бораи воқеаҳои таърихие, ки аз соли 723 пеш аз милод то замони Конфутсий рӯй додаанд). Ин асарҳои илмӣ ба дин сахт алоқаманданд. Конфутсий дар яке аз онҳо менависад: «Худованд бузургтарин фармондеҳи олам аст. Ӯ заминро аз модда офарида, дар осмон ситорагон ва барои ситорагон мадор офаридааст. Ситорагон бо хости Худо дар мадори худ сайр мекунанд. Худованд ба инсон фазилати бузурге бахшидааст, ӯ гули сари сабади тамоми олам буда, ҷовидону абадист. Худованд инсонро ба сӯйи камолот ҳидоят ва роҳбарӣ мекунад. Император писари Осмон ва ягона намояндаи Парвардигор аст, инсонҳо бояд ба ӯ итоат кунанд, император бошад, ба Парвардигор. Бояд император императорӣ кунад, раият – итоат, шавҳар – шавҳарӣ, зан-шавҳардорӣ, падар – падарӣ кунад, писар – фарзандӣ».
Ҳикматҳои Конфутсиӣ ниҳоят бисёранд. Ӯ дар синни 72-солагӣ аз дунё гузаштааст.
ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ
Агар мардум маро нашиносанд, боке нест, ман аз он бимнокам, ки ман мардумро нашиносам.
Ба ҷойи ин ки торикиро лаънату нафрин кунед, шамъ равшан намоед!
Фақат касоне тағйирнопазиранд, ки хеле аҳмақ ва хеле хирадманданд.
Бод ба ҳар сӯ вазад, алафҳо низ ба ҳамон сӯ хам мегарданд.
Агар бо душман меҳрубонӣ кунӣ, пас бо дӯст чӣ бояд кард? Ба душман адолат кун ва ба дӯст – меҳрубонӣ.
Он чӣ бар худ намеписандӣ, бар дигарон низ маписанд!
Вазифаро вазифа бидон, на василаи касби рӯзӣ.
Некон ба ҳукми виҷдон анҷоми вазифа мекунанд, на ба хотири рутба ва мақом.
Некон дар пайи иҷрои адолат ҳастанд ва бадон дар талаби ҳусну шуҳрат.
Касе, ки натавонад дар азми худ собитқадам бошад, чун киштии беқутбнамое дар миёни амвоҷ саргардон хоҳад монд.
Ашхоси бузург сифати худро дар вуҷуди худ ҷустуҷӯ мекунанд ва ашхоси кӯчак – дар вуҷуди дигарон.
Олими дигари Чини Қадим, ки дар ҳамин давра зиндагӣ кардааст, Маотсӣ мебошад. Ин олим аз назари худ камбудиҳои Конфутсийро ошкор мекунад ва мегӯяд, ки Конфутсий рӯҳониятро нодида гирифтааст ва агар қалбҳо аз сафои рӯҳоният холӣ ва аз муҳаббат ба якдигар орӣ бошанд, қонуни ҳукумат барои саодати воқеии одамон қодир нахоҳад буд. Ӯ даъват мекунад, ки мардумро маҷбуран ба қонун итоат накунонанд. Ин кор натиҷаи хуб нахоҳад дод. Маотсӣ бар он ақида аст, ки агар ба касе бо камоли ҳурмату эҳтиром муносибат кунед, ӯ ҳам ба шумо ҳамин хел рафтор хоҳад кард. Ҳикмати Маотсӣ низ чун ҳикмати Конфутсий ба дини чиниёни қадим роҳ ёфт.
ҲИКМАТҲОИ МАОТСӢ
Инсон беш аз сад сол умр намебинад, вале ғуссаи беш аз ҳазор солро мехӯрад. Касе, ки кӯҳро ба ҳаракат даровард, марде буд, ки сангрезаро ҷо ба ҷо кард. Инсон ҳар андоза оҷиз бошад, ба ҳамон андоза ҳилагар мешавад.
Айбҳои ҳайвон дар беруни ӯст, вале айбҳои инсон дар дарунаш мебошад.
Инсон ҳар қадар ҳам доно бошад, ба ҳангоми айбҷӯйӣ аз хештан аблаҳ аст ва ҳар қадар кундфаҳм бошад, ба ҳангоми айбҷӯӣ аз дигарон зирак аст.
Инсонро барои расидан ба авҷи некномӣ сад сол вақт ҳам кофӣ нест, вале барои он ки бадном шавад, як лаҳза ҳам кофӣ аст.
Инсон чизҳоеро, ки ба чашм надидааст, муқаддас мешуморад.
Касе, ки дар фикри сер кардани шикам аст, ақлашро гурусна гузоштааст.
Аз оҳиста рафтан натарсед, балки аз по задан дар як нуқта битарсед.
Ҳангоме ки хашм ба сухан дармеояд, ақл чеҳраи худро махфӣ мекунад.
Мард будан осон аст, вале ҷавонмард шудан мушкил.
Барои ба даст даровардани хирмани дониш борони ашк лозим аст.
Маотсӣ аз ҷумлаи файласуфони машҳури Чини Қадим аст. Ӯ силсилаи ҳикматҳои хеле мураккабро пешниҳод мекунад. Он аз таълимоти Конфутсий фарқи калон дорад. Таълимоти Маотсӣ ба дини чиниёни қадим пайваст буда, бо номи «Даотзӣ» дар Чин зиёда аз 200 сол арзи вуҷуд кард. Соли 65-и милодӣ ҷойи онро таълимоти буддоӣ гирифт.
САНЪАТ
Ҳунарӣ Чини қадим ҳам рушд кард. Дар Чини қадим биноҳоро асосан аз чӯбу тахта месохтанд. Бинобар ин, ёдгориҳои меъмории ондавраинаи чинӣ то замони мо кам омада расидаанд, вале оид ба санъати тасвирӣ ва ҳайкалтарошӣ ёдгориҳои таърихии Чини қадим хеле бисёранд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дар бораи хатти чиниёни қадим маълумот диҳед.
- Дар Чини қадим бештар кадом илмҳо тараққӣ карданд ва барои чӣ?
- Дар бораи Конфутсий чиҳо медонед?
- Оё таълимоти Конфутсий ба дин робита дошт?
- Ҳикмати Маотсӣ чӣ мазмун дорад?
- Оё ҳикмати Маотсӣ аз ҳикмати Конфутсий ягон фарқ дорад?
- Маотсӣ кӣ буд?