Чин дар давраи империяи Хон

Ташкилёбии империяи ХОН. Истилогарихои хонхо. Ислохоти Ван Ман. Шуришхои халки.


ТАШКИЛЁБИИ ИМПЕРИЯИ ХОН

Син Шӣ Хуан-Дӣ халқи заҳматкашро сахт истисмор мекард. Бинобар ин, деҳқонон бар зидди ӯ шӯриш бардоштанд. Ба пешвои шӯришчиён Лю Бану муяссар гардид, ки аввал пойтахт ва баъд ҳокимиятро дар тамоми Син ба даст дарорад. Лю Бану худро шоҳи Син эълон кард.

Бо ҳамин, дар Чин соли 206, пеш аз милод, ба ҷойи империяи Син бо номи «Хон» империяи нав ташкил шуд. Сулолаи ҳукмрон, ки аз Лю Бану оғоз меёбад, низ сулолаи Хон ном гирифт. Ин империя аз соли 206 пеш аз милод то соли 220-и милодӣ вуҷуд дошт, яъне он қариб 400 сол.

ИСТИЛОГАРИҲОИ ХОНҲО

Дар давраи ҳукмронии сулолаи Хон тиҷорати хориҷии Чин рушд кард. Дар охирҳои асри II пеш аз милод император У Дӣ, ки солҳои 140 – 87 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст, ба тарафи Ғарб лашкар кашид. Лашкари Чин то ба Осиёи Марказӣ рафта расид, ки он ҷоро чиниҳо «Кишвари Ғарбӣ» меномиданд. Тоҷирони Чин бо корвонҳои пурбор ба Осиёи Марказӣ омада, молҳои худро мефурӯхтанд. Аз ин ҷо онҳо бо ҳамроҳии тоҷирони Форс то ба Сурия рафта, тиҷорат мекарданд.

Чиниҳо ба хориҷа асосан абрешим бароварда, аз он ҷо газвор, қолин, шиша, металл, сангҳои қиматбаҳо, доруворӣ ва молҳои дигар меоварданд. Тоҷирони чинӣ аз Бохтар аспу уштур харида, ба ватанашон мебурданд. Молҳои чинӣ ба воситаи роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ то ба империяи Рим ҳам роҳ меёфтанд.

Барои дар дасти худ нигоҳ доштани роҳҳои тиҷоратӣ, аз он ҷумла «Роҳи абрешим», сулолаи Хонҳо ба ҷангҳои истилогарона даст заданд. Хон Бан Чао (32 – 102 соли милодӣ) якчанд маротиба ба Шарқи Осиёи Марказӣ лашкар кашид. Соли 97-и милодӣ лашкари Чин бо сардории ӯ то ба Антиохи Моғиён омада расид. Чиниҳои шарқӣ ба Корея ва Ҳиндучин зада даромаданд. Истилогариҳои сулолаи Хон давлати ғуломдории Чинро боз ҳам сарватманду мустаҳкамтар мекарданд.

ИСЛОҲОТИ ВАН МАН

ИСЛОҲОТИ ВАН МАН (с.8 п.а.м. – 12 милодӣ). Аҳволи халқи заҳматкаш сол то сол вазнинтар мешуд. Ин ҳолат иқтидори империяи Хонро суст мекард. Дун Чжун-Шӣ ном шахси донишманд таклиф пешниҳод кард, ки ба амалдорон камтар замин дода шавад, қатли ғуломон манъ гардад, соҳиби намаку оҳан будани давлат бекор ва уҳдадориҳои ҳарбию меҳнатӣ кам карда шаванд.

Лоиҳаи ислоҳоти Ван Ман ном шахси дигар аз ин ҳам ҷолибтар буд. Ӯ соли 8-и милодӣ шӯриш бардошта, ба ҳокимияти империяи Хон соҳиб мешавад. Ван Ман дар мамлакат ислоҳот гузаронд. Дар асоси он заминҳои ашрофу амалдорон ва ғуломдорон

мусодира карда шуданд. Ба деҳқонони безамин ва камзамин замин дода шуд. Фурӯхтани замин манъ ва ғуломон «нимозод» эълон карда шуданд. Нимозод эълон шудани ғуломон қадаме буд барои тамоман озод шудани онҳо. Намак, оҳан, шароб ва баъзе молҳои дигар давлатӣ эълон карда шуданд. Давлат ба онҳо нархи доимӣ муқаррар кард.

Ислоҳоти Ван Ман мақоми давлатро дар ҳаёти хоҷагии мамлакат баланд бардошт, вале дере нагузашта он беэътибор дониста шуд. Ислоҳоти замин бекор ва хариду фурӯши ғуломон аз нав иҷозат дода шуд.

ШӮРИШҲОИ ХАЛҚӢ

Ислоҳоти Ван Ман натиҷаи дилхоҳ надод. Аҳволи халқ аз пештара ҳам вазнинтар шуд.

Ҷангҳои истилогарона боиси зиёд шудани шумораи ғуломон мегардид. Чунин ҷангҳо маблағи калонро тақозо мекарданд. Барои ҳамин шоҳҳои сулолаи Хон ба гардани халқ андозҳои нав ба навро бор мекарданд. Оилаҳое, ки се писар доштанд, ба онҳо андози сарикасӣ бор карда шуд. Аз ин рӯ, баъзе оилаҳо бачаҳои нав таваллудшудаи худро мекуштанд, то ки аз додани андози сарикасӣ халос шаванд. Онҳое, ки андозҳоро пардохта наметавонистанд, ба ғулом табдил меёфтанд. Дар мамлакат тез-тез гуруснагӣ ба амал меомад. Баъзе одамон дар чунин маврид ҳатто фарзандони худро фурӯхта, рӯз мегузаронданд. Ҳолати вазнини ғуломону деҳқонон ба зиддиятҳои тезутунд оварда расонда, онҳоро ба муборизаи зидди истисморгарон водор мекард. Ҳазорон нафари онҳо аз дасти соҳибонашон мегурехтанд, ба амалдорон ва ғуломдорон ҳамла карда, онҳоро мекуштанд, хонаҳояшонро тороҷ карда, оташ мезаданд. Яке аз чунин шӯришҳои калонтарин бо номи «Шӯриши

Расми 146. Мусаввара дар матои мотамӣ. Хонуми император Тезиндӣ тасвир ёфтааст. Миёнаи асри II пеш аз милод
Расми 146. Мусаввара дар матои мотамӣ. Хонуми император Тезиндӣ тасвир ёфтааст. Миёнаи асри II пеш аз милод

Абрӯсурхон» ба амал омад. Роҳбари он Ван Чун (с.18–27) буд. Шӯриш дар музофоти Шандун соли 18 оғоз ёфт. Ба шӯришчиён амалдороне, ки аз ислоҳоти Ван Ман норозӣ буданд, ҳамроҳ шуданд. Ба лашкари 10-ҳазорнафара такя карда, Ван Чун соли 23 лашкари Ван Манро торумор кард. Вале ашрофон ба тарафи Ван Ман гузашта, бо ҳамроҳии вай лашкари пурзӯре ташкил карда, соли 21 «Абрӯсурхон»-ро шикаст доданд ва дар мамлакат тартиботи ғуломдорӣ ва андозҳои вазнини деҳқонону ҳунармандонро аз нав барқарор карданд.

Шӯриши дигари калонтарин дар Чин соли 184 бо номи «Шӯриши Саллазардон» бо сардории шахси донишманди он замон Чжан Сзяо ва бародари ӯ ба амал омад. Роҳбарони шӯриш дар байни халқ ақидаҳои баробарихоҳиро тарғиб мекарданд. Таълимоти бародарон Чжанҳо «Роҳ ба сӯйи ваҳдати умум» номида мешуд. Онҳоро халқ қаҳрамон эълон кард. Дар атрофи Чжанҳо ҳазорон нафар тарафдорон муттаҳид шуда буданд. «Саллазардон» лашкари 200–300-ҳазорнафара ташкил карданд. Лашкари онҳо аз қисмҳои алоҳида иборат буд, ба онҳо фармондеҳон роҳбарӣ мекарданд. Ба шӯришгарон ғуломон низ ҳамроҳ шуда буданд.

Хоине нақшаи шӯришро ба душман ошкор кард. Баъд аз ин бародарон Чжанҳо ба хулоса меоянд, ки шӯриш оғоз карда шавад. Чжан Сзяо ба гӯшаву канори мамлакат садҳо қосидонро равон мекунад, то ки мардумро ба шӯриш бархезонанд. Шӯришгарон ашрофу сарватмандонро қатл намуда, маҳбусону ғуломонро озод мекарданд.

Шоҳ ва ғуломдорон фарзандони ашрофро ба лашкари подшоҳ сафарбар карда, худашон ба он роҳбарӣ менамуданд. Шоҳ имконият дошт, ки лашкари хуби мусаллаҳбударо ташкил карда, ба он лашкаркашони беҳтарини худро сарвар таъйин намояд.

«Саллазардон», сарфи назар аз надоштани таҷрибаи ҷангӣ ва ба таври кофӣ мусаллаҳ набуданашон, қаҳрамонона меҷангиданд. Ҳатто душманонашон ҳам инро эътироф мекарданд. Шӯришгарон дастаҳои худро муттаҳид карда натавониста, ҳар кадоми онҳо алоҳида-алоҳида амал мекарданд.

Боре, ғайричашмдошти шӯришгарон, лашкари подшоҳ ба лашкаргоҳи «Саллазардон» ҳуҷум карда, онҳоро таҳти фишор қарор дод ва ба тарафи дара бурд. Дар он ҷо то 50-ҳазор шӯришгарон ҳалок гардиданд. Дар яке аз муҳорибаҳои дигар шӯришгарон қариб 100-ҳазор нафарро талаф доданд. Ҳамин тариқ, дастаҳои шӯришгарон оҳиста-оҳиста торумор гардиданд.

Шӯриши «Саллазардон» баъди шикаст, боз дар баъзе ҷойҳои мамлакат қариб 20 соли дигар давом кард.

Шӯришҳои халқӣ натиҷаи хуб доданд. Онҳо сохти мавҷудаи давлатии Чинро заиф сохта, баъди якчанд сол Хон дар суиқасд кушта шуда. Империяи Хон ба давлатҳои хурд тақсим шуд ва бо ҳамин дар Чин сохти ғуломдорӣ ба охир расид.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Империяи Хон кай ва аз тарафи кӣ ташкил карда шуд?
  2. Дар бораи фаъолияти тоҷирони Хон нақл кунед.
  3. Хонҳо ба куҷоҳо лашкар мекашиданд?
  4. Ҷангҳои истилогарона оё ба Хонҳо лозим буданд?
  5. Моҳияти ислоҳоти Ван Манро шарҳ диҳед.
  6. Чаро дар империяи Хон тез-тез шӯришҳо ба амал меомаданд?
  7. Дар бораи «Шӯриши Абрӯсурхон» чиҳоро медонед? 8. Дар бораи шӯриши «Саллазардон» маълумот диҳед.
  8. «Саллазардон» чаро шикаст хӯрданд?
  9. Империяи Хон ва сохти ғуломдорӣ дар Чин кай аз байн рафт?
ҚаблӣИди Рамазон – 2025 (сана ва нияти намози иди Рамазон)
БаъдӣФарҳанги Чини Қадим