Шеър дар бораи гариби

Гариби шер, Шеърхо дар васфи гариби ва умуман мавзӯҳои ғарибӣ дар ин мақола оварда мешаванд:

модар, гариби, ғарибӣ

Ҳаво сардасту боронист дилам майли Ватан дорад,
Мисоли мурғи осмони дилам майли чаман дорад,
Худоё, сабру тоқат деҳ, дар ин мулки ғарибона,
Ғариб андар дилаш дарду ба сар чашмони ғам дорад,
Шакар дар коми ӯ заҳр аст, зи пазмонию сарсонӣ,
Ба умеди Ватан дар дил ҳазор фикре ба сар дорад,
Тамоми бори дунёӣ, надорад қиммат кохе,
Дар он хоке, ки дилбандаш ба роҳи ӯ назар дорад,
Машав нoyмед ало дустам, мусофирбаччаи тоҷик,
Бидон шоми ғарибӣ ҳам ба худ субҳи дигар дорад.


Эй ҳамқадаму ҳамнафасу ҳамватани ман,
Эй пораи бибрида зи ақсоми тани ман.
Эй он, ки равад номи ту дар ин сухани ман,
Эй он, ки ба ман наздику дурӣ зи мани ман.

Умрест паи бурдаи нон дар ба дарӣ ту,
Бо қисмати шӯридаи худ сар ба сарӣ ту.
Бе пешаву бе тӯша ба роҳи сафарӣ ту,
Баргарду биё Юсуфи гулпираҳани ман.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дарди ту кӣ донад? Магар оне, ки ғариб аст!
Бар дарди ту ҳамхонаву дидор табиб аст.
Навмед машав, лаҳзаи дидор қариб аст,
Эй ҳамнафасу ҳамҷарасу ҳамсухани ман.


Чи рӯзҳое ба сар дори муҳоҷир,
Шаби ғурбат саҳар дори муҳоҷир.

Зи бас, ки ҷои хобат дар Ватан нест,
Биму тарсу хатар дори муҳоҷир.

Бароят рӯзу шаб фарқе надорад,
Шабат ҳар ҷо саҳар дори муҳоҷир.

Агар чи дори ду дипломи олӣ,
На касбу на ҳунар дори муҳоҷир.

Туро инҷо нашносанду надонанд,
Ту аммо даст ба бар дори муҳоҷир.

Валекин байни ин худбехабарҳо,
Худоро ту хабардори муҳоҷир.

Ба ёди модари раҳинтизорат,
Ҳамеша чашми тар дори муҳоҷир.

Сарат дар болини қу, хоб надорӣ,
Дили бедор ба бар дори муҳоҷир.

Ба чашмони умед бар сӯи фардо,
Назар дори, назар дори муҳоҷир.

Аниси Ëқубиëн


Бештар 👇👇👇

Шеърхои гариби барои гарибон

ҚаблӣШеър дар бораи ВАХДАТ
БаъдӣБарномаи компютерӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед