Пуркунанда (аъзои пайрави ҷумла)

Пуркунанда чист?

Пуркунанда аъзои пайравест, ки ба кӣ ё чӣ нигаронида шудани амалу ҳаракати хабари ҷумларо возеҳ мегардонад.

Масалан: Мо ҳурмат мекунем. – Мо калонсолонро ҳурмат мекунем.

Дар ҷумлаи якум ба кӣ ва чӣ равона карда шудани амалу ҳаракати хабар (ҳурмат мекунем) ошкор, возеҳу равшан нест. Дар ҷумлаи дуюм калимаи калонсолон ҷумларо пурра ва ба кӣ нигаронида шудани хабарро возеҳ намудааст.

Пуркунанда бештар бо исму ҷонишин ифода ёфта, ба саволҳои киро?, чиро?, аз кӣ?, аз чӣ?, бо кӣ?, бо чӣ? ҷавоб мешавад: Шодӣ Каримабонуро нағз мешинохт. (Ҷ.Икромӣ). Ба бобоям таклиф маъқул омадааст (С.Айнӣ).

Пуркунанда ба хабар тобеъ аст. Он бештар ба воситаи пешояндҳо ва пасоянди -ро алоқаманд мешавад. Баъзан ба хабар бо тартиби калима ҳам алоқаманд мешавад: Амакам тобистони гузашта дар як гӯшаи холии боғаш ҷуворимакка корида будааст (С.Улуғзода).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Пуркунанда бо хати шикаста (———-) ишора меёбад.

Аъзоҳои пайрави ҷумла (Аъзохои пайрави чумла)

ҚаблӣКоронавирус дар ТОЧИКИСТОН
БаъдӣМуайянкунанда (аъзои пайрави ҷумла)