Хасистарин одами дунё

Оё медонед, ки хасистарин одам Қорӣ – Ишкамба набуда, балки Генриетта Хоулэнд будааст. Ӯ 3-юми июли соли 1916 дар синни 81 – солагӣ аз сактаи дил аз олам чашм пӯшид.

Ин зан ҳамчун хасистарин одами ҷаҳон дар китоби «Рекордҳои Гиннес» сабт шудааст. Аз Генриета ба ду фарзандаш 4 миллиард доллар мерос монд. Фарзандон пулро байни худ тақсим намуда, писараш заводи автомобил кушоду духтараш нисфи саҳми худро ба сағерахона ва одамони бепарастор тақсим намуд.

Генриета сачоқҳои қоғазиро намепартофт, онро бо чи роҳе тоза намуда, аз нав истифода мекард. Ҳатто вақте пойи писараш маҷрӯҳ мешавад, ӯро дар беморхонаи оилаҳои нодор мехобонад, ки дар натиҷа фарзандаш аз як пой маҳрум мешавад. Мегӯянд Генриета аз айёми ҷавониаш хасис буд, чунки ҳамон вақт ӯ бо як курта, як пойафзол ва як кӯлоҳ мегашт.

Аз суҳбати дугонахо (Латифа)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣДузди боинсоф (ҳодисаҳои ҳақиқӣ)
БаъдӣШеър дар бораи МАРД