Ғазалиёти Анварӣ, Газалиёти Анвари, шеърхо аз шоир Анвари Абеварди / Анварии Абевардӣ
Ғазалиёти Анварӣ
Анварӣ ғазал бисёр гуфтааст ва он як қисми асосии девони ӯро ташкил намудааст.
Мавзӯи асосии ғазалҳои ӯ мавзӯи суннатии ин навъи шеър дар адабиёти форсии тоҷикӣ ишқ аст. Шоир дар яке аз ғазалҳояш ишқу ошиқиро шарҳ додааст, ки ҳамон тафсири маъмулӣ мебошад.
Ошиқӣ чист? – Мубтало будан,
Бо ғаму меҳнат ошно будан.
Сипари ханҷари бало гаштан,
Ҳадафи новаки қазо будан.
Банди маъшуқ чун бибастат пой,
Аз ҳама бандҳо ҷудо будан,
Зери бори балои ӯ ҳама умр
Чун сари зулфи ӯ дуто будан.
Офтоби рухаш чу рух бинмуд,
Пеши ӯ зарраи ҳабо будан.
Бо ҳама меҳнате ризо додан
В-аз ҳама давлате ҷудо будан.
Гар лагадкӯби сад ҷафо бошӣ,
Ҳамчунон бар сари вафо будан.
Ишқ агар устухонат ос кунад,
Санги зерини осиё будан.
Дар ғазалиёти Анварӣ на танҳо мавзӯъ, балки лафзу маънӣ, воситаҳои баён, забон ва сабк низ анъанавӣ буда, тозагӣ камтар ба назар мерасад.
Чизи дигаре, ки ғазалиёти шоирро ба қасидаву қитъаҳои ӯ наз дик гардонидаанд, дар он ҷо доштани бозтоби вазъи замонаи ӯ мебошад.
Бидидам ҷаҳонро, навое надорад,
Ҷаҳон дар ҷаҳон ошное надорад.
Бад-ин моҳи заррин-ш дар хайма мангар,
Ки дар андарун буриёе надорад.
Ба умре аз он хилвате даст надҳад,
Ки берун аз ин хайма ҷое надорад.
Ба нодир агар бозии рост бозад,
Набошад, ки бо он дағое надорад.
Наёяд ба санге дар ангушти пое,
Ки то ӯ дар ӯ дасту пое надорад.
Ба машъуқ натвон гирифтан касеро,
Ки то ӯст бо кас, вафое надорад.
Бикаш, Анварӣ, даст аз хони гетӣ,
Чунин чарбу ширин абое надорад.
Ин чиз на танҳо дар ғазалҳои ҷудогона бевосита инъикос гардидааст, балки хубтар ва барҷастатар дар чеҳраи қаҳрамони ғиноии ғазалҳои Анварӣ зоҳир гардидааст. Ӯ қаҳрамонашро ҳамранги замона бад, бевафо, ҷафокор, пурбало, кинакашу ситезакор медонад.
Дар кори ту зи дасти замона ғамӣ шудам,
Эй чун замона бад, назаре кун ба кори мо.
***
Анварӣ, аз сари ҷаҳон бархез,
Ки на маъшуқаи вафодор аст.
***
Маъшуқа ба ранги рӯзгор аст,
Бо гардиши рӯзгор ёр аст.
Баргашт чу рӯзгору он низ
Навъе зи ҷафои рӯзгор аст.
Бас булаҷабу баҳонаҷӯй аст,
Бас кинакашу ситезакор аст.
***
Ҳар ғам, ки аз ишқи ёр мебинам,
Аз гардиши рӯзгор мебинам.
Вазъи замона дар ғазали Анварӣ гоҳо бо баёни ҳоли муаллиф ба ҳам омадаанд ва он ғазалҳоро аз ин ҷиҳат мумтоз гардонидаанд. Чунончи:
Зардрӯям зи чархи дандонхой,
Тирарӯям зи умри меҳнатзой.
На умеде, ки сурх дорам рӯй,
На навиде, ки тоза дорам рой.
Бо кӣ гӯям, ки ҳаққи ман бишнос,
Бо кӣ гӯям, ки банди ман бикшой?!
Аз қиёсе, ки такягоҳи ман аст,
Боз ҷустам замонаро сару пой.
Равшанам шуд, ки дар басити замин
Некаҳде наёфарид Худой.


















