Фаридуддини Аттори Нишопури / Шайх Аттор – зиндагинома

Фаридуддини Аттори Нишопурӣ (тахминан 1148/51 – 1219/21)


Зиндагиномаи Фаридуддин Аттори Нишопурӣ
Зиндагиномаи Фаридуддин Аттори Нишопурӣ

Фаридуддини Аттори Нишопурӣ яке аз бузургтарин шоирони сӯфӣ дар адабиёти форсии тоҷикӣ мебошад. Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки дар кӯдакӣ бо ҳамроҳии падараш ба мулоқоти Аттор мушарраф гардида буд, ӯро “рӯҳ”-и адабиёти сӯфигарӣ номида, бузургии ӯро эътироф намудааст.

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,
Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Аттор тахминан дар солҳои 1148/51 дар деҳаи Кадкани наздики Нишопур таваллуд ва ба қавле ҳангоми қатли оми аҳолии Нишопур дар солҳои 1219/21 аз дасти сарбозони муғул кушта шудааст.

Падару модари шоир касоне буданд, ки ба таълимоти сӯфигарӣ таваҷҷуҳ доштанд ва писарашонро дар ҳамин рӯҳия тарбият кардаанд. Аттор аз падар на танҳо рӯҳияи сӯфиёнаро, балки пешаи ӯ – дорусозӣ ва доруфурӯшӣ, яъне атториро низ ба мерос гирифтааст. Лафзи “аттор”-ро тахаллуси шоирии хеш қарор доданаш низ аз ҳамин ҷост.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аттор тамоми умр атториро бо шоирӣ якҷо давом додааст. Аз хусуси он ки ӯ баъзе аз асарҳояшро дар дорухона оғоз кардааст ва ба охир расондааст, худ мегӯяд:

“Мусибатнома”, к-андуҳи ҷаҳон аст,
“Илоҳинома”, к-асрори ниҳон аст,
Ба дорухона кардам ҳар ду оғоз,
Чӣ гӯям, зуд растам з-ину он боз.

Ба гуфтаи ӯ, аз асарҳояш бӯйи кулбаи аттор меояд:

Аз он дар шеъри ман асрор ёбанд,
Ки бӯй аз кулбаи аттор ёбанд.

Реша доштан дар аҳли ҳунар ва ҳунарманд будани шоир боис бар он шудааст, ки ба шарофати ӯ ба адабиёти суннатии форсии тоҷикӣ андешаву эҳсосоти мардум ва аҳли кӯчаву бозор, достонҳои мардумӣ, чеҳраҳои мардумӣ – орифон, девонагон, шӯридагон, саққоён, гӯрканон, посбонон, пешаварон, гадоён, бандагон ва ғ. ба таври густарда ворид гаштанд.


Хотиррасон мешавем, ки дар сомонаи Donishju.net калидвожае бо номи “Пандномаи Аттор” мавҷуд аст, ки панду андарзи ин марди наҷиб нашр мешаванд. Инак, ба мутолиаи шумо намунаҳо аз эҷодиёти ин марди фозилу хирадмандро пешниҳод менамоем.

Рӯйхати маводи калидвожаи “Пандномаи Аттор” <<

Якчанд панднома <<

ҚаблӣГазалиёти Анвари – Ғазалиёти Анварӣ
БаъдӣМероси адабии Фаридуддин Аттори Нишопури