Иттилоот, Технология ва Дониш

Дар ин мақола мо ба омӯзиши се мафҳуми асосии фанни технологияи иттилоотӣ иттилоот, технология ва дониш шурӯъ мекунем.

Калимаи «иттилоот» аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ дохил шуда, ҳоло ба мафҳум табдил ёфтааст. Мафҳуми «иттилоот» маънои хеле васеъ дорад. Масалан, мафҳумҳои арабиасоси «хабар» ва «маълумот» танҳо баъзе паҳлуҳои мафҳуми иттилоотро дарбар гирифта, маънои пурраи онро ҳеҷ гоҳ ифода карда наметавонанд. Мафҳуми иттилоот бештар ба мафҳуми байналмилалии «информатсия» наздик аст.

Мафҳуми информатсия чист?

Мафҳуми «информатсия» аз калимаи лотинии «informatio» гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ ба маънои фахмондадиҳӣ, маънидодкунӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.

Инсон иттилоотро ба воситаи тамоми узвҳои ҳисси худ қабул мекунад. Масалан, ӯ ба воситаи чашмони худ дар бораи шакл, ранг ва андозаи ашёи муҳити атроф иттилоъ мегирад. Ба воситаи гушҳояш бошад, иттилооти намуди савту садоиро қабул мекунад. Айнан ҳамин тавр, ӯ ба воситаи бинии худ иттилооти заруриро оид ба буйи ашё, ба воситаи пусти худ оид ба ҳарорати ашё, ба воситаи забони худ — оид ба маззаи ашё ва ғайра дарёфт карда метавонад.

Ҳангоми қабул кардани иттилоот инсон ҳамеша оид ба хосиятҳои ашёи муҳити атрофи худ ягон навъ маълумот мегирад. Маълумоти дастраснамудаи ӯ метавонад нав ё куҳна бошад. Маълумоти нав дониши инсонро доир ба хосиятҳои ашёи мазкур зиёд намуда, номуайяниҳои зеҳнии ӯро оид ба хосиятҳои ин ашё бартараф менамояд.

Иттилоот (Информатсия) чист?

Иттилоот маълумоти нав дар бораи ягон ашёи муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар бораи хосиятҳои ҳамон ашё кам менамояд.

Таърифи зикршудаи иттилоот танҳо ба ашё мансуб нест, балки онро ба шахс, ҳодиса, руйдод ва ҳама гуна объектҳои муҳити атроф татбиқ кардан мумкин аст.

Дар ҳама маврид иттилоот бояд саҳеҳ, мукаммал, муҳим, рӯзмарра, дастрас ва кутоҳ бошад, ки ин тавсифҳоро хосиятҳои иттилоот мегӯянд.

Мафҳуми иттилоот пеш аз ҳама бо амалҳои дарёфт, қабул, ғункунӣ, нигаҳдорӣ, захирасозӣ, табдил, сабт, ирсол ва истифода алоқаманд аст. Маҷмӯи ин амалҳоро равандҳои иттилоотӣ мегӯянд.

Равандҳои иттилоотиро ҳам дар олами зинда, ҳам ҷомеа ва ҳам техника татбиқ кардан мумкин аст.

Мо баъзе намудҳои иттилоотро аз китобҳои дарсӣ, маҷаллаҳо, намоишҳои телевизионӣ ва умуман муҳити атрофи худ пайдо мекунем. Ин гуна иттилоотро бо тарзҳои шифоҳӣ, хаттӣ, имову ишора, бо ёрии аломатҳо ва ё компютер аз нав кор карда баромадан ва интиқол додан мумкин аст. Дар замони мо бо ёрии компютер бештар намудҳои ададӣ, матнӣ, графикӣ, савту садоӣ, видеоӣ, аниматсионӣ ва чандрасонаии иттилоотро қабул, коркард ва паҳн менамоянд.

Иттилоот объекти моддӣ нест, бинобар ин:

  • ҳангоми интиқол он дар ҷойи қаблӣ низ боқӣ мемонад;
  • барои интиқоли он ягон барандаи моддӣ зарур аст;
  • новобаста ба намуди барандаи худ миқдори он ҳамеша бетағйир мемонад.

Инсон дараҷаи навии маълумоти дастраснамудаашро танҳо дар натиҷаи бо маълумоти захиравии худ муқоиса намудан муайян карда метавонад. Тамоми маълумоти захиравии инсон оид ба ашё ва хосиятҳои онҳо дар майнаи сари инсон ҳифз карда мешаванд. Аз ин ру майнаи сари инсонро «хотира» низ мегӯянд. Майнаи сари инсон танҳо вазифаи хотираро иҷро намекунад. Он барои коркарди иттилоот низ хизмат мерасонад. Тарзи коркарди иттилоотро имрӯз бештар «технология» мегӯянд.

Калимаи «технология» ба воситаи ду калимаи юнонӣ «techne» ва «logos» сохта шудааст. Калимаи якум «techne» дар забони тоҷикӣ маънои «маҳорат» ва калимаи дуюм «logos» илм (дониш гирифтан)-ро дорад. Дар маҷмӯъ технологияро ҳамчун раванди табдилдиҳии як ашё ба ашёи дигар ё аз як ҳолат ба ҳолати дигар овардани ашё фаҳмидан мумкин аст.

Технология чист?

Технология маҷмӯи амалҳое мебошад, ки барои расидан ба хадафҳои гузошташуда равона гардидааст.

Имрӯз аз мафҳуми «технология» қариб ламаи соҳаҳои илм ва истеҳсолот истифода мебаранд. Агар дар истеҳсолот технология тарзи истеҳсоли маҳсулоти моддӣ бошад, дар илм технология ин тарзи коркарди иттилооти соҳаи муайяни илм мебошад.

Технологияи истеҳсолӣ раванди аз ашёи хом тайёр кардани маҳсулоти зарурӣ мебошад.

Технологияи иттилоотӣ раванди табдилдиҳии иттилооти аввалия ба иттилооти натиҷавӣ мебошад.

Мазмуни номи фанни технологияи иттилоотӣ ба мазмуни мафҳумҳои «технология» ва «иттилоот» сахт алоқаманд буда, тарзу усулҳои гуногуни дарёфт, нигаҳдошт, коркард ва пахши (паҳн кардани) иттилоотро дар назар дорад. Технологияҳои иттилоотиро технологияҳои компютерӣ низ мегӯянд.

Мавзӯи фанни технологияи иттилоотӣ иттилоот ва равандҳои иттилоотӣ буда, усулҳои ғункунӣ, табдил, сабт ва ирсоли иттилоотро бо ёрии компютер меомӯзад.

Дар раванди истеҳсоли маҳсулоти моддӣ аз воситаву таҷҳизоти гуногуни техникӣ истифода мебаранд. Дар раванди табдилдиҳии иттилооти аввалия ба иттилооти натиҷавӣ бошад, ҳамчун восита асосан компютер мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳангоми омӯзиши муҳити атроф миқдори иттилооти мавҷудаи инсон нисбат ба ин ё он ашё, ҳолат ва хосиятҳои он метавонад тағйир ёбад. Агар самти тағйирёбӣ афзоянда бошад, он гоҳ дониши инсон низ оид ба он ашё мутаносибан меафзояд.

Инсон иттилооти мавҷударо оид ба ашёи мушаххас дар шакли дониши нав мунтазам дар майнаи сари худ ба як тартиби муайян (низом) меорад. Донише, ки оид ба ягон ашё тавассути иттилооти дақиқ дастрас шудааст, метавонад дар ҳалли масъалаи дилхоҳи ба он ашё дахлдошта истифода шавад. Дониш ба одамон имкон медиҳад, ки фаъолияти худро дуруст ва самаранок ташкил кунанд.

Дониш чист?

Дониш шакли мавҷудият ва танзимноки натиҷаҳои фаъолияти маърифатӣ ва зеҳни инсон мебошад.

Фарқи асосии байни дониш ва додаҳои одӣ дар он аст, ки дониш сохтори муайяни танзимшаванда дошта, ҳамеша фаъол аст, аммо додаҳо аз ин гуна хосиятҳо бебаҳраанд. Инсон дониши худро на танҳо дар майнаи сари худ ҳифз менамояд, балки онро дар шакли аломатҳо, нишонаҳо, образҳо ва ғайра ба қайд гирифта, ба наслҳои оянда ба мерос мегузорад.

Байни се мафҳуми азхудкардаамон (иттилоот, технология, дониш) вобастагии зич вуҷуд дорад. Ҳангоми дарёфти иттилооти нав дониши мо оид ба ашёи муҳити атроф зиёд мегардад. Мо дониши азхудкардаамонро дар табдилдиҳиҳои ҳолати ашё истифода бурда, технологияи коркарди онҳоро мукаммал мегардонем. Натиҷаҳои технологӣ бошанд, метавонанд доир ба хосиятҳои ашё донишҳои навро тавлид созанд. Ин донишҳо, дар навбати худ, дар шакли иттилоот метавонанд аз нав дастраси тамоми инсоният гарданд.

Акнун татбиқи амалии мафҳумҳои иттилоот, технология ва донишро дар мисоли раванди аз тахтаи синфӣ кучонидани иттилооти дарсӣ дида мебароем:

  • иттилооти аз тарафи омӯзгор дар тахтаи синфӣ навишташуда (иттилооти аввалия);
  • қалам, дафтар ва дигар лавозимоти дарсӣ (воситаҳои техникии омӯзиш);
  • тавонистани тарзи истифодаи воситаҳои техникии омӯзиш (технология);
  • донистани алифбо ва усулҳои хондану навиштан (дониш).

БАРНОМАҲОИ ВИРУСӢ ВА ЗИДДИВИРУСӢ


Луғат: Технология — санъат, маҳорат.


Саволҳо:

  1. Иттилоот чист? Технология чист? Дониш чист?
  2. Дониш ва иттилоот чӣ гуна вобастагӣ доранд? Дониш ва технология чӣ?
  3. З. Иттилоотро чӣ тавр дарёфтан ва истифода бурдан мумкин аст?
  4. Фарқи байни технологияи иттилоотӣ аз технологияи истеҳсолӣ дар чист?
ҚаблӣОб – муъҷизаи ҳаёт (иншо дар бораи Об)
БаъдӣМиқдори Иттилоот (Ченкунии информатсия)

3 шарҳ

    • Сипоси бепоён дӯсти азиз. Кумаке карда бошем сарамон ба осмон расид. Ба дӯстонатон тавсия додани сомонаи Донишҷӯ.нет-ро фаромӯш насозед.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед