Якчанд шеър дар бораи Бухоро дар ин мақола оварда мешавад. Бухоро шеърхо >>
Эй Бухоро, оби шӯрат оби чашмони ман аст,
Раъду барқат қатрае аз мавҷи исёни ман аст.
Баҳри ҳар як заррахокат ҷон бидодам солҳо,
Сангу хишти ҳар манорат пораи ҷони ман аст.
Моҳи Хоса бо ҳамон истораи рахшони худ
Раҳнамои миллати аз худ гурезони ман аст.
То ҳанӯз Исмоили Сомонӣ аз худ норизо,
Норизо аз ҳамзабони нобасомони ман аст.
Бӯали Сино надорад як нишоне дар диёр,
Ҳар гиёҳи ин замин ҳарчанд дармони ман аст.
Аз Баҳоуддин Балогардон бигирам ибрате,
«Дил ба ёру даст ба кор» ин рамзи имони ман аст.
Эй Бухоро, шӯҳрати ту оламе тасхир кард,
Таърихи пурэътиборат шавкату шони ман аст.
Асадуллоҳ Исмоилзода (Шукуров)
БУХОРОЯМ
Зи бас додӣ шарифонро ба олам,
Шариф гаштӣ барои ҷумла олам.
Бибӯсам турбатат, бар дида молам,
Бухороям, чаро бо ту наболам?
Зи ҳар як зарра хокат бӯйи ҷоне,
Зи ҳар як санги ту нақши ҷаҳоне.
Сифотат бишнавам аз ҳар даҳоне,
Чу Каъба саҷдагоҳи бандагонӣ.
Ту амсоли китоби бебаёнӣ,
Вале дар қисмати халқат аёнӣ.
Ҷаҳон сад гирд гардонду ҳамонӣ,
Қадамгоҳи бузургони ҷаҳонӣ.
Ба хокат по ниҳам бо номи Яздон,
Ки бошам покдил, покизавиҷдон.
Ниҳам сар бар тавофат, бахшаму ҷон,
Шавам хоки қудуми саҷдаорон.
Ҳадяи Бухороӣ
Дар кафи дашту саҳро
Шаҳри қадим Бухоро…
Қасрҳои пуршукӯҳ
Аз ганҷи санги хоро…
Нақши дару деворат
Зебо асту дилрабо…
Шаҳруди пури обат
Гӯё кони қаҳрабо…
Манораи Калонат
Зи абри гардун боло…
Таърихи хоса дорад
Ширбадану Дилкушо…
Ситораи Махоса
Гашта Ҷаҳоноро…
Лаби ҳавзи нотакрор
Фақат хоси Бухоро…
Ҳар гӯшаи ҳисорат
Зебо зи мулки Доро…
Гарчи синнат норавшан
Зистӣ ҳазорсолаҳо…
Барои қавми тоҷик
Ватан ҳастӣ Бухоро…
Асад Гулзода
Бухоро шеър шеърхо дар васфи Бухоро дар бораи Бухоро шеър шеърҳо.