Амалҳое, ки марди муосир бояд анҷом дода тавонад…

Ин натиҷаи пурсиши як гурӯҳ равоншиносон аст. Албатта мардҳо метавонанд, ки ин корҳоро накарда ҳам зиндагӣ кунанд ва зинда бошанд. Вале агар тавонанд, боз беҳтар. Баъзе аз ин шартҳоро шумо шояд иҷро карда метавонед ва шояд аз иҷрои баъзеяш худдорӣ мекунед.


Ба ҳар сурат марди муосир чӣ корро бояд карда тавонад:

Чойпулӣ дода (гузошта) тавонад. Масалан, бо баъзеҳо, аз зумраи ронандагони такси савдо карда тавонад;


Хонаро бояд ба тартиб дароварда тавонад;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бояд чархи мошинро иваз карда тавонад. Тасаввур кунед: зане дар роҳ меистад, то касеро ёбад, ки чархи мошинашро иваз кунад. Ҳамин вақт шумо пайдо мешавед ва чархи мошини ӯро иваз мекунед ва шояд…зиндагияшро ҳам… 🙂


Рӯҳи касро болида карда тавонад. На танҳо бо сухан, балки бо амалу ҳаракату фаъолият;


Дар бораи баъзе либосҳои нозуки занона андаке маълумот дошта бошад;


Галстук баста тавонад;


Бояд тарабхона ё ҷои дигари хубро барои мулоқоту истироҳат интихоб карда тавонад;


Дар ҳузури духтар бояд аз ҳад зиёд маст нашавад ва ё аввал ӯро маст кунад ақаллан…


Бозорӣ карда тавонад. Лоақал фарқи апелсинро аз мандарин донад;


Бояд тугмаро духта тавонад;


Либосшӯӣ карда тавонад. Агар намехоҳед, пас мошинаи ҷомашӯӣ харед;


Меҳмонро дуруст даъват карда тавонад;


Дар хона бояд ба қабули дилхоҳ меҳмон омода бошад;


Гул, пул ва туҳфаҳои дигарро хубу ба маврид туҳфа карда тавонад;


Бо асабоният мубориза бурда тавонад. Беҳтараш асабӣ нашавад ва ё тез аз ин ҳолат бурун шуда тавонад. Як роҳи осон ҳамин аст, ки дар ҳоли қаҳру ғазаб, ки шояд кадом сухани дағал мегуед, аввал то 15 ҳисоб кунеду баъд гап занед (худ ба худ ҳисоб кунед);


16. Мардона амалу рафтор дошта бошад.


subhonjalilov.wordpress.com


Дӯстони азиз, барои зиёд намудани чунин маводҳо сомонаи моро ба дӯстонатон тавсия намоед 🙂

ҚаблӣМероси шоир Анварии Абеварди
БаъдӣГазалиёти Анвари – Ғазалиёти Анварӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед