Фаъолияти рефлектории системаи асаб

Рефлекс. Камонаки рефлекторӣ. Рефлекс чист? Реаксияи ҷавобии организмро ба ангезандаҳои берунӣ ва дохилӣ, ки бо иштироки ҳатмии системаи марказии асаб ба амал меояд, рефлекс меноманд.

Роҳеро, ки ба воситаи он импулсҳои асабӣ гузашта, рефлексро ба амал меорад, камонаки рефлекторӣ меноманд. Камонаки рефлекторӣ аз панҷ қисм: 1) ретсептор; 2) торҳои марказшитоб (афферентӣ); 3) системаи марказии асаб; 4) торҳои марказгурез (эфферентӣ); 5) узви ҳаракат (мушакҳо, эффектор) иборат аст.

Камонаки рефлектори
Расми 12. Камонаки рефлекторӣ

Камонаки рефлекторӣ аз ретсептор сар мешавад. Ҳар як ретсептор ангезандаҳои махсус: рӯшноӣ, садо, бӯй, ҳарорат ва ғайраро дорад. Ретсептор чунин ангезандаҳоро ба импулси асаб ва сигнали системаи асабӣ табдил медиҳад. Импулсҳои асаб табиати электрикӣ (барқӣ) дошта, бо пардаи шохаҳои дарози нейронҳо паҳн мешаванд. Ин импулсҳо дар инсон ва ҳайвонот якхелаанд.

Импулсҳои асаб аз ретсептор ба воситаи торҳои ҳискунанда хабарро ба системаи марказии асаб мерасонанд. Аз системаи марказӣ импулсҳо ба воситаи торҳои ҳаракаткунанда ба узвҳои корӣ мераванд. Дар таркиби аксар камонакҳои рефлекторӣ, инчунин нейронҳои мобайниро, ки дар ҳароммағз ва мағзи сар мавҷуданд, дидан мумкин аст. Баъзеи онҳо хеле содаанд. Масалан, ҳангоми сӯзан халондан ё сӯхтани пӯст фақат кашидани даст ба амал меояд. Аз таъсири моддаҳои гуногуни кимиёвӣ рехтани ашк, ҳангоми ба ковокии бинӣ ва роҳҳои нафас дохилшавии гарду чанг ва зарраҳои бегона сулфа ва атсазаниро мушоҳида кардан мумкин аст.

Ахамияти бахаячонои ва боздори дар хосилшавии рефлекс

Аҳамияти баҳаяҷоноӣ ва боздорӣ дар ҳосилшавии рефлекс. Ҷавоб гардонидан ба ангезандаҳои гуногун фаъолияти кории системаи узвҳоро ба миён меорад. Масалан, даст кашидан аз ҷисми тафсон фақат дар вақти кашишхӯрии баъзе мушакҳо ва ҳамзамон суст шудани мушакҳои дигар ба амал меояд. Дар ин вақт кори дил, нафаскашӣ ва ғайра ба таври рефлекторӣ тағйир меёбад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чунин фаъолияти ба ҳам мувофиқи рефлекторӣ дар системаи марказии асаб ба ду ҳолат: 1) ҳаяҷонпазирӣ, ки фаъолиятнокии нейронҳо ва пурзӯр гаштани реаксияҳои рефлекториро таъмин мекунад; 2) боздорӣ, ки кори нейронҳо суст ё пурра қатъ мегардад, таъсири манфӣ мерасонад.

Сустшавии боздорӣ боиси ҳаяҷонпазирии ниҳоят қавии системаи асаб шуда, онро заиф мегардонад.

Ҳолати боздориро дар системаи марказии асаб олими рус И. М. Сеченов аввалин маротиба соли 1862 дар таҷрибаҳои худ кашф кардааст. Баъдтар олимони дигар, ба монанди Голс, Ухтомский, Данини-Ашнер Шеррингтон боздориро дар қисмҳои канории организм ва узвҳои дарунӣ муайян кардаанд.


Дониши худро санҷед:

  1. Рефлекс чист?
  2. Камонаки рефлекси чист ва аз кадом кисмхо иборат аст?
  3. Ретсепторхо кадом вазифаро ичро мекунанд?
  4. Бахаячонойи ва боздори чист?
  5. Суръати гузаронидани хаячони асабиро бо суръати харакати худ дар шохраг (0,5м/с)мукоиса кунед?
  6. Накшаи умумии камонаки рефлекториро тасвир кунед.
  7. Боздори аз хаячоният чи фарк дорад?
  8. Боздории маркази ва канори аз якдигар чи фарк доранд?
ҚаблӣХосиятҳои умумии сохти системаи асаб
БаъдӣҲароммағз – Хароммагз