Географияи соҳаи ғайриистеҳсолӣ. Соҳаи хизматрасонӣ

Хоҷагии халқ ба ду шохаи калон ҷудо мешавад: соҳаи истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ. Соҳаи истеҳсолӣ маҷмӯи соҳаҳоеро дар бар мегирад, ки мол истеҳсол мекунанд, ё барои мунтазам кор кардани истеҳсолот хизмат мерасонад ва неъматҳои моддии истеҳсолшударо ба харидорон мерасонанд. Ба хотир оред, кадом зерсоҳаҳо ба соҳаи истеҳсолӣ дохил мешаванд?

Ба соҳаи ғайриистеҳсолӣ,  зерсоҳаҳое дохил мешаванд, ки бевосита маҳсулоти моддӣ намебароранд ва вазифаи онҳо хизматрасонӣ аст. Ба ин хотир меҳнати коргароне, ки дар соҳаи ғайриистеҳсолӣ кор мекунанд, ба меҳнати истеҳсолӣ дохил намешавад. Он меҳнати фоиданоки ҷамъияти буда, эҳтиёҷоти аҳолӣ ва ҷамъиятиро (соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, илм, хоҷагии манзил, мақоми қудратӣ, спорт, молия, кредит ва ғайра) қонеъ мегардонад. Дар як вақт дар инкишоф ёфтани қувваҳои истеҳсолкунанда, афзудани ҳосилнокии меҳнат ва нигоҳ доштани амнияти давлат ва ғайра мусоидат менамояд. Баробари инкишоф ёфтани қувваҳои истеҳсолии ҷамъият ва баланд шудани дараҷаи иқтисодиёт, соҳаи ғайриистеҳсолӣ торафт меафзояд. Дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва рушди иқтисодӣ, инкишофи илм, маориф ва тайёр намудани ихтисосмандон тамоили нав пайдо мекунад. Талаботи хоҷагии халқ ва таҷрибаи ҷаҳониро ба инобат гирифта,  дар ин соҳаҳо ба илмҳои табиию техникӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Хусусан ихтисосмандонро аз зинаи поёнӣ то зинаи болоӣ бояд чунон тайёр намуд, ки ба чорчӯбаи (стандарти) умумиҷаҳонӣ ва бозори меҳнат ҷавобгӯ бошад. Ин масъалаи дар дохили ҷумҳурӣ ҷобаҷо намудани ихтисосмандони зинаҳои гуногун ва истифода бурдани онҳоро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ осон менамояд. Дар як вақт содироти қувваи кориро низ дар бозори меҳнати ҷаҳонӣ ва талаботи он мутобиқ менамояд.

Дигар қисми хизматрасониро хизматрасонии фардӣ ташкил менамояд, ки он ба қонеъ намудани талаботи шахсони алоҳида равона карда шудааст. Ин гурӯҳи зиёди соҳаи хизматрасониро дар бар мегирад.

Хоҷагии манзил. Ба аҳолӣ пеш аз ҳама додани манзилро дар назар дорад. Он бояд аз қувваи барқ, газ, оби нӯшокӣ, оби гармдиҳанда ва гармӣ, алоқа, лифту системаи партовбарорӣ (дар хонаҳои бисёрошёна) таъмин бошад. Барои дар ҳолати корӣ омода будани ҳамаи ин унсурҳои ободонӣ дар ҳама намуди шаҳрҳо ташкилоту муассисаҳои хизматрасон амал мекунанд. Тоза нигоҳ доштани шаҳрҳо ва кабудизор намудани кӯчаю хиёбонҳои онҳоро низ ҳамин ташкилоту муассисаҳо ба ӯҳда доранд. Ҳоло на ҳама шаҳрҳо аз он неъматҳо пурра таъминанд. Аммо дар оянда барои инкишофи соҳаи хоҷагии манзил нақшаҳои муҳим дар пешанд. Тараққиёти ояндаи соҳаи номбурда ба баландшавии дараҷаи зисту зиндагии аҳолӣ зич алоқаманд аст.

Хизмати иҷтимоии аҳолӣ. Вазифаи он дар ҳолати хуби истифодабарӣ нигоҳ доштани манзили куҳансолони бесаробон, маъюбон, боғчаи бачагон, интернатҳо ва ташкили таъминоти нафақаю суғурта мебошад.

Савдо ва хӯроки умумӣ. Дар Тоҷикистон якчанд шаклҳои савдо вуҷуд дорад: давлатӣ, кооперативӣ, шахсӣ. Алҳол шабакаи савдо:-  мағозаҳо, дӯконҳо, ошхонаҳо, кофе, бар, тарабхонаҳо ва бозорҳоро дар бар мегирад. Талаботи аҳолиро ин соҳа бо хӯрока ва дигар  намудҳои ашёи рӯзгор қонеъ менамоянд.

Илм ва маориф. Илму фарҳанг дар сарзамини тоҷикон таърихи кӯҳан дорад. Дар замони Ҳокимияти Шӯравӣ ба пешравии он шароитҳои мусоид фароҳам омад. Пеш аз ҳама дар замони Шӯравӣ мактабҳои маҳви бесаводӣ таъсис дода, чандин мактабҳои нав, омӯзишгоҳ ва донишгоҳҳо ба вуҷуд омаданд. Дар муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва кафедраҳои донишгоҳҳо оид ба соҳаҳои дақиқ ва фанҳои ҷамъияти фалсафа, таърих, география, иқтисодиёт тадқиқот мебаранд. Соли 2010 дар мамлакат соли фарҳанги техникӣ эълон шудааст, ки он барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагону донишҷӯён кӯмаки ҷиддӣ мерасонад.

Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш. Дар ҳама давру замон мардуми тоҷик ба машқҳои аспсаворӣ, гӯштингирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ ва ғайра сару кор дошт. Замони Ҳокимияти Шӯравӣ ба инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш диққати ҷиддӣ дода мешуд. Дар баробари техникумҳои тарбияи ҷисмонӣ, минбаъд дар Душанбе Институти тарбияи ҷисмонӣ таъсис дода шуд. Солҳои охир дар мамлакати мо ба соҳаи туризм ва кӯҳнавардӣ диққати асосӣ дода мешавад. Ба ин пеш аз ҳама табиат, кӯлу дарё ва кӯҳу теғаҳои зиёди он имконият медиҳад.

Хизматрасонии тандурустӣ. Вобаста ба таъминоти корхонаҳои ин соҳа дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои маъмурии мамлакат васеъ паҳн гардиданд. Вобаста ба тахассусашон онҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мешаванд:

  1. Амбулатория ва поликлиника;
  2. Касалхона ва клиника;
  3. Нуқтаҳои тиббии корхонаҳо ва фелдшерии деҳот;
  4. Диспансерҳои тахассусонида;
  5. Маркази ёрии таъҷилӣ;
  6. Муассисахои ҳифзи модарон ва навзодон: таваллудхонаҳо, маркази маслиҳатдиҳӣ ва ошхонаи хӯроки кӯдакон;
  7. Истироҳатгоҳҳои муолиҷавӣ;
  8. Муассисаҳои санитарӣ-эпидемологӣ;
  9. Маркази дорутайёркунӣ ва доруфурӯшӣ.

Афзоиши ҳама муассисаҳои тиббӣ сабаби паст гардидани фавт ва беҳтаршавии саломатии аҳолӣ мегардад. Дар айни замон қариб ҳама муассисаҳои тиббӣ бо кӯмаки давлат ва ҳокимиятҳои маҳаллӣ аз таъмир баромаданд ва пайваста фаъолият менамоянд.

Хизматрасонии маишӣ. Ба ин гурӯҳ корхонаҳои шахсӣ ва давлатӣ дохил мешаванд, ки либоси дӯхта, пойафзол, кӯлоҳ, кӯрпа, кӯрпача, болишт ва ғайра истеҳсол мекунанд. Дар таркиби ин соҳа дигар гурӯҳи корхонаҳо ҳастанд, ки хизмати онҳо ба тозагӣ ва тандурустии мардум нигаронида шудааст. Ба ин гурӯҳ гармобаҳо (ҳамом), нуқтаҳои ҷомашӯи, хушкашӯӣ, шуштани нақлиёти сабукрав, тоза кардани хонаҳо, сартарошхона, утоқи зарофат, кирогузории ашёи рӯзгор, суратгирӣ ва ғайра дохил мешаванд. Аксарияти ин корхонаю нуқтаҳои шахсӣ мебошанд.

Хизматрасонии кредитию молиявӣ. Ин вазифаро бонкҳои тиҷоратӣ, амонатгузорӣ, фондҳои маблағгузор, кумитаҳои суғурта ва дигар муассисаҳо иҷро менамоянд.

Хизматрасонии рекреатсионӣ. Он дар маҳалли зисту зиндагонии аҳолӣ ташкил карда мешавад. Дар ҷумҳурии мо мавзеъҳое, ки ин намуди хизматрасонӣ ташкил карда шаванд, кам нестанд. Ҳоло дар ҷумхурӣ якчанд пойгоҳҳои сайёҳӣ, хонаҳои истироҳатӣ ва ғайра амал мекунанд.

Хизматрасонии алоқа. Ин намуди хизматрасонӣ почта, телеграф, нуқтаҳои телефону автомат, гуфтугӯи байни шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Хизматрасонии маданию равшаннамоӣ. Ин муассисаҳои намоишдиҳанда – театр, кинотеатр, толорҳои консертдиҳӣ, намоишдиҳӣ, сирк, осорхонаҳо, клубҳо, хонаҳои маданӣ, китобхонаҳо, овозсабткунӣ, радио, оинаи нилгун, матбаа ва савдои китоб, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва ғайраро дар бар мегирад.

Хизматрасонии тарбиявию таълимӣ. Ба ин намуди хизматрасонӣ яслӣ, боғчаи бачагон, мактабҳои маълумоти умумӣ, олӣ, техникум, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ, мактабҳои мусиқӣ, варзишӣ ва тамоилии он ва ғайра дохил мешаванд.

Хизматрасонии нақлиётӣ. Ба зиммаи ин намуди хизматрасонӣ кашондани мусофирон, алоқа, ёри таъҷилии тиббӣ, таъмиргарони таҷҳизоту асбобҳои зиндагӣ ва ғайра гузашта шудааст, ки тавассути намуди хосаи нақлиётҳо амалӣ гардонида мешавад.

Ҳамин тавр, соҳаи хизматрасонӣ яке аз падидаҳои замони мо мебошад, ки одамон бе он ҳаёти худро тасаввур карда наметавонад.

ҚаблӣВасоят, парасторӣ ва фарзандхонӣ
БаъдӣТашкили қаламрави хизматрасонӣ