Танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ

Хусусиятхои хосси ташкили оила. Танзими хукукии муносибатхои оилави.


Танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ба роҳ монда мешавад. Қонунгузории оилавӣ муносибатҳои оилавиро танзим карда, дар таъмини ҳуқуқҳои аъзои оила нақши муҳим мебозад.

Давлат вазифаи тарбиявии волидонро ҳамчун уҳдадории муҳимми ҷамъиятию шаҳрвандӣ эътироф намуда, оиларо зери ҳимояи ҳуд қарор додааст. Моддаи 33-и Конститутсияи (Сарқонуни ) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.

Дар ин модда уҳдадории давлат дар мавриди таҳти ҳимояи ҳуд гирифтани оила, ҳамчун асоси ҷамъият, таъкид шудааст. Таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила чунин маъно дорад, ки давлат дар ҳалли як қатор масъалаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии марбут ба солимӣ ва пойдории оила худро уҳдадор мешуморад. Аз ҷумла, ғамхорӣ ба саломатии модар ва кӯдак, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми пиронсолӣ ва корношоямӣ, дастрас будани таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғ.

Бояд зикр кард, ки тамоми уҳдадориҳое, ки давлат дар самти ҳимоя ва дастгирии оила ба зимма гирифтааст, бевосита аз муқаррароти моддаи 25-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948) бармеояд. Дар Эъломияи ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалӣ оила ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф шуда, таъкид гардидааст, ки модарон то давраи таваллуд ва баъди таваллуд бояд ба ғамхории махсус фаро гирифта шаванд. Пешбинӣ намудани чораҳои махсуси ҳимояи модар ва ба ҳимояи махсус фаро гирифтани кӯдакон яке аз шаклҳои дастгирии иҷтимоии оила мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ки фарогири ҳуқуқҳои инсон то синни 18-сола мебошад, дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дарҷ гардидаанд. Дар ин Конвенсия қайд гардидааст, ки давлатҳои аъзо тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинишударо нисбат ба ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии онҳо қарор дорад, бе ягон табъиз (ҷудокунӣ, бартарӣ додан ва ё паст задан), сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ, асли миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидон ё парасторони қонунии ӯ ё ягон ҳолатҳои дигар, эҳтиром ва таъмин мекунанд.

Яке аз санадҳои асосие, ки муносибатҳои оилавиро дар ҷумҳурии мо ба танзим медарорад, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 13 ноябри соли 1998 қабул гардидааст. Кодекси мазкур аз 8 фасл, 22 боб ва 178 модда иборат мебошад. Он паҳлуҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, масъулият ва вазифаҳои аъзои оила, ақдномаи никоҳ, синни никоҳӣ, ҳуқуқи кӯдак дар оила, пардохти алимент, ҷавобгарии тарафҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад.

Оила пайванди ибтидоии ҷамъият буда, дар ташкилу иҷрои вазифаҳои хеш мустақилона амал мекунад.

Солҳои охир, махсусан пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мустаҳкам гардидани оилаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад. Давлат баҳри беҳтар намудани шароити оилаҳо, ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ғамхорӣ намуда, барои омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ тадбирҳои амалӣ меандешад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҷорӣ кардани омӯзиши фанни маърифати оиладорӣ ҳам яке аз он тадбирҳо мебошад.

Ҳap як ҷавон пеш аз хонадор шудан бояд ба қонунгузории кишвар оид ба оила шинос шавад. Донистани қонун ва риоя намудани он ба мустаҳкам гардидани оила ёрӣ мерасонад. Ҷавонон бояд донанд, ки танҳо никоҳи дар ташкилотҳои ақди никоҳ бақайдгирифташуда қонунӣ буда, оилаи баробарҳуқуқи ҷамъиятиро ташкил медиҳад.

Никоҳи ғайрирасмӣ, яъне никоҳе, ки дар ташкилотҳои ақди никоҳ ба қайд гирифта нашудааст, ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳарро ба танзим дароварда наметавонад. Дар ҳолати вайрон гаштани оилаҳои ғайрирасмӣ (яъне оилаҳое, ки аз қайди никоҳи расмӣ нагузаштаанд) аксаран занҳои ҷавон дар ҳолати ногувор мемонанд.

Масалан, духтари 18-сола танҳо бо никоҳи динӣ ба шавҳар дода шуд. Баъд аз тӯй арӯси ҷавонро ба хонаи домод бурданд. Вақти муайяне гузашту зани ҷавон фарзанд ёфт. Шавҳараш, ки донишҷӯ буд, оилаашро аз таваллудхона бо тифли навзод ба хонаи модарарӯс (хушдоман)-аш оварда монду бо ҳамин ғайб зад. Баъд аз чанд моҳ модарарӯсаш кӯрпаву кӯрпача ва либосҳои арӯсро оварда гуфт, ки умедашро аз шавҳараш канад, вай дигар намеояд ва зани дигар гирифтанӣ аст.

Зани ҷавонкор намекард ва аз шавҳараш ёрдампулӣ низ намегирифт. Баъд аз оворагӣ ва давутози зиёд ба ин зан муяссар шуд, ки барои фарзанд нафақапулӣ бигирад. Сабаби оворагиҳо бошад, набудани шаҳодатномаи ақди никоҳ буд.

Тибқи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд». Давлат кафолат медиҳад, ки ҳар оила ва узви онро таҳти ҳимояи худ гирад.

Дар бештар маврид оилаҳо ва шаҳрвандони мо аз нокифоя будани дониши ҳуқуқӣ то ҳол моҳияти қонунро дуруст дарк накардаанд. Кам нестанд оилаҳое, ки мисли чунин ҷавондухтарон бе сабти қонунии никоҳ оила барпо карда, зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва тибқи қонунҳои ҷорӣ раъйи зану шавҳарро, ки ихтиёран оила барпо мекунанд, танҳо дар он ҳолат ба инобат мегиранд, ки онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта, ақди никоҳашон ба расмият дароварда шуда бошад. Яъне шаҳодатномаи ақди никоҳ барои онҳо ҳуқуқи занушавҳариро медиҳад ва асоси барпо гардидани оилаи нав маҳсуб меёбад. Мақомоти давлатӣ ақди никоҳеро, ки танҳо бо расму оинҳои динӣ сурат гирифтаанд, ба эътибор намегирад. Зеро дар ҳолати барҳам ҳӯрдани оилаи дар асоси никоҳи динӣ ташкилшуда давлат кафолат дода наметавонад ва бе молу мулк мондани зан аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин аз қайди мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаштани ҷавонон аҳамияти махсус дорад. Танҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ҳуҷҷати асосӣ ва далели тасдиқкунандаи аз қайд гузаштани ақди никоҳ ба шумор рафта, ҳуқуқҳои зану мардро муқаррар менамояд.

Барои аз қайди никоҳ гузаштани навхонадорон мувофиқи моддаи 12-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои асосии ақди никоҳ чунинанд:

  1. Розигии марду зани издивоҷкунанда;
  2. Ба синни никоҳӣ (18-солагӣ) расидан.

Мутобиқи тағйиру иловаҳое, ки ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, синни никоҳӣ дар ҷумҳурӣ аз 18-солагӣ муқаррар гардида, дар ҳолатҳои истисноӣ бо ҳалномаи суд синни никоҳӣ аз 17-солагӣ муайян карда мешавад. Ҳолатҳои дигари никоҳи ғайриқонунӣ ҷиноят ҳисобида мешавад.

Шахсоне, ки духтар ё писарро маҷбурӣ ба никоҳ розӣ мекунанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Бо вуҷуди ин ҷавонон набояд ба сабукфикрию беандешагӣ роҳ диҳанд. Маслиҳати падару модарро ҳаматарафа гӯш карда, номзад ва ё дилдодаи худро хуб бисанҷанд, дар бораи шубҳаи худ аз падару модар маслиҳат пурсанд. Падару модар таҷрибаи бойи ҳаётӣ доранд ва онҳо низ баҳри бахту саодати фарзандонашон мекӯшанд. Беҳуда нест, ки бузургон гуфтаанд:

Бе пир марав, ки дар бимонӣ,
Ҳарчанд Сикандари замонӣ.

Қонун ҳам масъулияти ҷавононро пеш аз оиладоршавӣ ба назар мегирад. Дар қонунгузорӣ муҳлати як моҳ пеш аз қайди никоҳ ариза додани издивоҷкунандагон пешбинӣ шудааст, то ки ҷавонон дар ин муддат дар бораи шахси интихобкардаашон ва ҳаёти оиладорӣ хубтар мулоҳиза намоянд.

Танҳо дар баъзе ҳолатҳо бо сабабҳои узрнок: сафари хидматии дарозмуддат, бемории яке аз хешовандон, даъватба хизмати ҳарбӣ ин муҳлати муқарраршуда аз тарафи ташкилотҳои дахлдор кӯтоҳ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, зан ва мард танҳо баъди қайди никоҳ дар идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зану шавҳари комилҳуқуқ дониста мешаванд.

Ҳамзамон, гуфта мешавад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар баъд аз ақди никоҳ ба вуҷуд меояд. Зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқанд ва дар назди оилаю ҷамъият вазифа ва масъулияти муайян доранд.

Ҳангоми аз қайди никоҳ гузаштан зан ҳуқуқ дорад, ки насаб (фамилия)-и худро нигоҳ дорад ё насаби шавҳарро қабул кунад. Одатан бештари занҳо насаби шавҳарро қабул мекунанд.

Aгap ақди никоҳ бекор карда шавад ва зану шавҳар аз ҳамдигар ҷудо шаванд, зан метавонад боз насаби пешинаи худро барқарор кунад. Азбаски фарзандон насаби падарро қабул мекунанд, бинобар ин бештари занҳо насаби худро иваз намекунанд. Ин иқдоми онҳо дуруст аст, зеро баъд аз ҷудо шудани волидон фарзандон, новобаста ба он ки бо кадоме аз онҳо мемонанд, бояд як насаб дошта бошанд.

Ҳангоми қатъ гаштани ақди никоҳ дар масъалаи тақсими анҷоми хона байни зану шавҳар норозигӣ ба вуҷуд меояд. Ҳap яке мехоҳад моли гаронбаҳотарро соҳиб шавад. Мардҳо одатан даъво мекунанд, ки танҳо ҳудашон кор кардаанд ва талаб мекунанд, ки ба онҳо ҳиссаи зиёдтар ҷудо карда шавад.

Зану шавҳар бояд донанд, ки молу мулке, ки онҳо дар давраи ҳаёти якҷоя ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ба ҳисоб меравад ва дар тақсимот онҳо ҳуқуқи баробар доранд.

Молу мулки шахсӣ ҳамон молу мулке ҳисоб меёбад, ки то давраи хонадорӣ ба онҳо тааллуқ дошт.

Ғaйp аз ин, амволи истифодаи шахсӣ, азқабили либос, пойафзол, асбобҳои ороиши занона ва мардона (соат, гӯшвор) моликияти шахсии зану шавҳар ҳисоб меёбанд.

Ҳарчанд зан дар давраи оиладорӣ дар ягон ҷо кор накарда бошад ҳам, вай дар кори хоҷагии хона, тарбияи фарзандон саҳми худро гузоштааст ва аз ин рӯ вай ба моликияти оила, ки дар давраи зиндагии якҷоя ҷамъ кардаанд, баробари мард ҳақ дорад.

Ин гуфтаҳоро моддаи 34-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст: амволи дар давраи оиладорӣ бадастовардаи зану шавҳар моликияти муштараки онҳо эътироф карда мешавад. Даромаде, ки зану шавҳар дар давраи зиндагӣ аз натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ, коғазҳои қиматнок, амволи харидашуда, новобаста ба он ки ба номи кӣ номнавис шудааст, амволи муштарак эътироф карда мешавад. Аз ин лиҳоз молу мулки муштарак дар зиндагӣ аз ҷониби зану шавҳар баробар истифода бурда мешавад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳаёти оилавии зану мард бе қайди мақомоти давлатии Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои ноил шудан ба моликияти муштарак асос намешавад.

Аз ин ҷиҳат ҳангоми тақсими анҷоми хона ҳиссаи онҳо баробар муайян карда мешавад. Ғaйp аз ин, суд манфиати фарзандонро ба назар гирифта, ҳангоми тақсим қисми зиёди чизу чораро ба фоидаи онҳо муайян мекунад.

Зану шавҳар дар қатъ кардани никоҳ ҳуқуқи баробар доранд. Аз тарафи зан ё мард дар бораи қатъ кардани ақди никоҳ ба суд ариза дода мешавад. Баъд аз омӯхтани сабабҳои ҷудошавӣ суд мекӯшад, ки зану шавҳар оштӣ шаванд ва бо ин мақсад муҳлати муайян муқаррар карда мешавад.

Aгap суд бахулоса ояд, ки зиндагии якҷояи онҳо ғайриимкон аст, он гоҳ дар бораи қатъ гардидани никоҳ қарор мебарорад. Қабл аз баровардани қарор ба ивази додани талоқхат як миқдор ҷарима муайян мекунад. Суд вазъи иқтисодии зану шавҳарро ба ҳисоб гирифта, метавонад ин маблағро аз якеи онҳо ё аз ҳардуяшон ситонад. Қонунҳои амалкунанда аслан бо мақсади мустаҳкам кардани оила ва ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ пешбинӣ шуда, донистани муқаррароти қонунгузорӣ ба ҷавонон имкон медиҳад, ки дар барпо намудани оила ва дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои оилавӣ огоҳона рафтор намоянд.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ, дар баробари бастани ақди никоҳи шаҳрвандон, аҳдномаи никоҳро ҳам байни зану шавҳар пешбинӣ намудааст, ки он ихтиёрӣ буда, аз ҷониби намояндагони нотариалии давлатӣ пеш аз никоҳ ё дар ҷараёни зиндагӣ тавассути шартномаи дутарафа тасдиқ мешавад. Аҳдномаи никоҳ чист?

Аҳдномаи никоҳ санадест, ки дар он уҳдадориҳои зану шавҳар, хароҷоти тарафайни ҷашну маросими оилавӣ ва молу мулке муайян мегардад, ки дар сурати бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад. Дар аҳднома инчунин дигар шарту уҳдадориҳои якдигарро метавонанд зикр намоянд. Вале бештари оилаҳо дар Тоҷикистон аз бастани аҳдномаи никоҳ худдорӣ менамоянд, ё ки онро ба эътибор намегиранд.

Аҳдномаи никоҳ созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молумулкӣ ва уҳдадориҳои онҳоро дар давраи занушӯйӣ ва ё дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд.

Инчунин дар асоси моддаи 32 ва 33-и Кодекси оила зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқ буда, ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳалли будубош озод ҳастанд.

Ҳамзамон зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигар ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некуаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд. Онҳо ҳангоми ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд.

Хулоса, дар Тоҷикистон барои бунёди оила, чи аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва чи аз назари анъанаҳои мардумӣ, замина ва шароити мусоид мавҷуд буда, монеае дар ташкили оила ва пеш бурдани ҳаёти мустақилона вуҷуд надорад. Ҳар кас вобаста ба шароити иқтисодию иҷтимоӣ, тавоноӣ, тафаккур ва шавқу завқи оилаи худ дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва анъанаҳои мардумӣ оила ташкил менамояд, ки риояи он ҳатмист.

Савол ва супориш

  1. Шумо дар бораи никохи гайрирасми чи андеша доред?
  2. Фаркияти акди никох ва ахдномаи никохро дар чи мебинед?
  3. Ходисахои мачбуран ба шавхар додани духтаронро медонед? Акидаи шумо нисбати ин масъала чи гуна аст?
  4. Хукук ва ухдадорихои конунии зану шавхарро номбар кунед.
ҚаблӣОила вa вазифаҳои ҷамъиятии oн
БаъдӣТашкили оилаи ҷавон. Муҳаббати марду зан – шарти асосии ташкили оила