Моҳи шарифи Рамазон муборак! (табрикот)

Табрикнома барои мохи шарифири Рамазон бо сухан ва шеър аз сомонаи www.DONISHJU.net. Рамазон муборак! Табрикот >

Рамазон муборак фото

ТАБРИКНОМАИ РАМАЗОНӢ

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

Бо камоли адаб, эҳтиром, муҳаббат ва самимият ба шумо дусти Азиз!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барракотуҳ.

Инак, чанд рузҳое дигаре барои омадани моҳи шарифи Рамазон боқӣ монд, моҳест, ки амалҳои пур аз нуқсон кардаамонро бишуем, ва дар ин моҳи муборак ҳар кас ба қадри тавони тушаи охирати худро омода мекунад.

Аз фурсат истифода бурда, якояки шуморо бо омдани моҳи мағфират моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, бароятон мағфирати гуноҳро аз даргоҳи Илоҳӣ таманно дорам.

Бигузор, ҳамеша садои дилнишини Қуръон дар хонадони мову шумо танинандоз бошад, хонаҳоямон бо намозҳои дили шаб нуронӣ гардад, амалҳои некамон ҳаргиз гусаста мабод ва махсусан қалбҳоямон нисбати ҳамдигар поку беолоиш бошад.

рамазон муборак фото
Рамазон муборак!

Муждаи мунтазирон моҳи Худо омадааст,
Моҳи тасбеҳу, таровеҳу, дуъо омадааст.
Моҳи дилдодагии банда ба Маъбуд расид,
Бар сари суфраи шоҳона гадо омадааст.

«Моҳи пурбаракати “РАМАЗОН” бар ҳамаи шумо муборак бошад, азизон!».

Худоё ба мо ибодати самимона, холисона ва содикона насиб фармо!


Ассалому алейкум

Муҳтарам ……..!

Шуморо ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик менамоем!

Дар ин моҳи Шариф аз даргоҳи Худованд ба ҳамаи шумо қабули ибодат, мағфирати гуноҳон ва раҳмати Аллоҳро таманно дорем!

Бо эҳтиром  ……….

Моҳи шарифи Рамазон муборак!

Муборак бод омад моҳи рӯза!
Раҳат хуш бод эй ҳамроҳи рӯза!
Шудам бар бом то маҳро бубинам,
Ки будам ман ба ҷон дилхоҳи рӯза.
Дуоҳо андар ин моҳ мустаҷоб аст,
Фалакҳоро бидаррад оҳи рӯза!


Бигзашт маҳи рӯза, ид омаду ид омад,
Бигзашт шаби ҳиҷрон, маъшуқ падид омад!

Он субиҳи чу содиқ шуд, Узрои ту Вомиқ шуд,
Маъшуқи ту ошиқ шуд, шайхи ту мурид омад!

Шуд ҷангу назар омад, шуд заҳру шакар омад,
Шуд сангу гуҳар омад, шуд қуфлу калид омад!

Ҷон аз тани олуда ҳам пок ба покӣ рафт,
Ҳарчанд чу хуршеде бар поку палид омад!

Аз лаззати ҷоми ту дил монд ба доми ту,
Ҷон тез чу воқиф шуд, ӯ низ давид омад!

Бас тавбаи шойиста бар санги ту бишкаста,
Бар зоҳиду бар обид к-ӯ хирқа дарид омад!

Боғ аз дайи номаҳрам се моҳ намезад дам,
Бар бӯйи баҳори ту аз ғайб навид омад!

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ

Таквими Мохи шарифи Рамазон – 2025

ҚаблӣМасоили рӯзаи моҳи Рамазон
БаъдӣТаквими Мохи шарифи Рамазон – 2025