Ташкили қаламрави хизматрасонӣ

Омӯзиши ин масъала аз он бар меояд, ки ташкили қаламрави соҳаи хизматрасонӣ фарқият, дараҷаи инкишофи комплексии он бо хусусияти ҷойгиршавии аҳолӣ, намуди нуқтаҳои аҳолинишин, фарқияти ноҳиявии таркибу ҳаракати аҳолӣ ва афзоишу зичии он вобастагии ногусастанӣ дорад. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор мебошад. Бинобар он ҳангоми ташкили қаламрави хизматрасонӣ ба ин масъалаҳо диққати хоса дода мешавад. Ба он хотир, ки дар ҷойгиршавӣ ва таъмин будан аз манзил дар байни шаҳрҳо фарқияти калон дида мешавад. Деҳот ҳам бо калону хурдӣ ва масофаи ҷойгиршавӣ аз якдигар тафовути назаррас доранд. Дар чунин шароит ҷойгиршавии марказҳо ва нуқтаҳои хизматрасониро аз рӯи талабот ва ба ин маркази нуқтаҳо ташрифи одамон муайян мекунанд. Аз ин нигоҳ, хизматрасониро ба хизматрасонии ҳаррӯза, эпизодӣ (ҳар сари чанд вақт), даврагӣ ҷудо мекунанд. Ба хизматрасонии ҳаррӯза хариду фурӯши хӯрока, истифодаи боғчаи бачагон, мактаб, нақлиёти мусофиркаш, хоҷагии манзил ва ғайра дохил мешаванд. Хизматрасонии эпизодӣ харидан ва таъмири ашёҳое, ки муддати дароз истифода мешаванд ва инчунин рафтан ба театру намоишгоҳҳо, осорхонаҳо ва саёҳатро дар бар мегиранд. Хизматрасонии даврагиро хариди аксари маводи хӯрока, мӯйисаргирӣ, рафтан ба нуқтаи ҷомашӯикунӣ, хушкашӯӣ ва кино ташкил менамоянд. Ҳамаи ин намудҳои хизматрасонӣ барои ба андозаи зарурӣ баланд намудани сатҳи зиндагӣ лозим аст. Аммо дар ҳар як шаҳр, алалхусус онҳоро ба таври комплексӣ (пурра) ба роҳ мондан душвор аст.

Вобаста ба ин марказҳои хизматрасонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ бо пуррагӣ ва нопурагии худ (вобаста ба намуди маҳалҳои аҳолинишин) аз якдигар фарқ мекунанд. Аз ин нигоҳ, марказ ва нуқтаҳои хизматрасониро ба якчанд зинаҳо ҷудо менамоем:

а) Пойтахт – шаҳри Душанбе. Дар ин ҷо ҳама намуди хизматрасонӣ, дохилӣ, ҷумҳуриявӣ ва баъзе хизматрасонии берунмарзӣ амал мекунад.

б) Маркази вилоятҳои маъмурӣ ва худмухтор – Хӯҷанд, Қурғонтеппа ва Хоруғ. Ин шаҳрҳо маркази хизматрасонии вилоят ва як қисм ҷумҳуриявиро ба ӯҳда доранд. Муассисаҳои хизматрасонӣ дар ноҳияҳои хурди дохилӣ ҷойгир шудаанд.

в) Шаҳрҳое, ки асосан хизматрасонии ноҳияи маъмурии худ ва қисман вилоятро иҷро менамоянд. Ба ин гурӯҳ, шаҳри Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Кӯлоб, Исфара дохил мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

г) Шаҳрҳо ва шаҳракҳое, ки ба ғайр аз хизматрасонии маҳаллӣ, инчунин баъзан вилоятию ҷумхуриявиро ба ӯҳда доранд. Шаҳрҳои Норак, Қайроқум, Сарбанд, Роғун аз қабили чунин шаҳрҳо мебошанд.

д) Шаҳракҳои маркази ноҳияҳои маъмурӣ зинаи поёнӣ. Онҳо нисбатан бисёранд ва асосан хизматрасонии аҳолии шаҳрак ва ноҳияро ба ҷо меоранд.

е) Шаҳракҳои маркази истироҳату муолиҷавӣ. Ба монанди Шамбарӣ, Обигарм, Хоҷаобигарм ва Ҳавотоғ. Дар ин марказҳо аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ одамон истироҳат ва табобат мегиранд.

ж) Марказҳои ҷамоатҳо. Онҳо аз деҳаҳои калони замонавӣ иборат мешаванд. Ин марказҳо аз чунин намудҳои хизматрасонӣ иборатанд, аз онҳо аҳолии маҳалҳои атроф истифода мебаранд. Ин пеш аз ҳама: нуқтаи алоқа, тиббӣ, китобхона ва ғайра аз қабили он намудҳои хизматрасонӣ мебошанд.

Ҳамин тавр, ҳама зинаҳои хизматрасонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ташаккул ёфта, як системаи ягонаи хизматрасониро дар бар мегиранд.

ҚаблӣГеографияи соҳаи ғайриистеҳсолӣ. Соҳаи хизматрасонӣ
БаъдӣГеографияи хоҷагии рекреатсия ва туризм