Деҳқон ва кӯзаи зар (ҳикоя)

Рӯзе як деҳқон дар саҳро ҷуфт меронд. Нохост аз замин як кӯзаи зар баромад. Деҳқон дар умраш тиллоро надида буд ва бисёр камбағалона зиндагӣ мекард. Вай хурсанд шуда, даррав онро аз замин гирифту ба як ҷуволча1 андохт ва дар як ҷой пинҳон кард.

Дар ҳамин вақт саворе аз дур намоён шуд. Деҳқон худ ба худ фикр кард: «Агар ҳамин одам кӯзаи зарро дида бошад ва рафта ба подшоҳ гуяд, маро хеле ташвиш медиҳанд. Беҳтар он ки ӯро ҷеғ занаму зарро ҳар ду тақсим кунем».

Савора ба роҳи худ мерафт. Деҳқон бо овози баланд ӯро ҷеғ зад. Савора аз роҳи худ гапгг, ба пеши ӯ омада, салом дода гуфт:

  • Хуш, ака, чӣ гап дорӣ, ки маро аз роҳам доштӣ?

Деҳқон дар дилаш гуфт: «Надида будааст, беҳуда ҷеғ задам, беҳтар ин ки нафаҳмонам». Баъд ба роҳгузар гуфт:

  • Эӣ бародар, канӣ бигӯй, аз ҳамин ду гови ҷуфтӣ кадомаш хуб аст?

Уф, нодон, маро барои ҳамин гапи бемаънӣ ҷеғ задӣ? – гуфта савора ба роҳаш рафтан гирифт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Савора хеле роҳ рафт. Деҳқон худ ба худ фикр карда гуфт: «Ин одам тиллоро дидагӣ барин менамояд, набошад бо ман дуруст муомила мекард. Эҳтимол, ба подшоҳ рафта маълум кунад». Боз ба дилаш ҳавл афтод. Боз савораро ҷеғ зад. Марди рахгузар ба фарёди ӯ гуш накард.

  • Ҳой, бародар, биё, рости гапро мегуям! – гуён фарёд кард.

Марди савора фикр кард, ки «биё рости гапро гӯям» гуфтани ӯ беҳикмат2 нест. Шояд гапи ғалатӣ дошта бошад,- гӯён боз аз роҳи худ гашта омад:

  • Ана, ман омадам, чӣ мегӯй? – гуфт.

Боз ба тақсим кардани тилло дили деҳқон нашуда гуфт:

  • Ана, ҳамин оҳани ҷуфтро ман пулод гуфта харидам. Ту росташро гуӣ, пулод аст ё оҳан?

Марди савора дар ғазаб шуда:

  • Эӣ марди аҳмақ, чаро маро боз аз роҳам гардондӣ? Ба назарам, ту ягон бало доштагӣ барин менамоӣ! – гуфт ва ба роҳи худ равон шуд.

Деҳқони содадил боз хаёл карда ба худаш гуфт, ки «ҳақиқатан ҳам ин одам зарро дида будааст. Бешакку шубҳа рост ба подшоҳ рафта мегуяд». Боз ӯро ҷеғ зад: “ин дафъа росташро мегӯям” гуфта қасам ёд кард.

Марди савора боз аз роҳаш гашта омад. Деҳқон хост, ки росташро гуяд, лекин боз пушаймон хурда гуфт:

  • Ман мехоҳам, ки аз ҳамин ду гови пир яктоашро фурухта ба ҷояш як гови ҷавонтар харам. Ту бигӯй, ки кадомашро фурӯшам?

Марди раҳгузар оташин шуда, деҳқонро бисёр ҳақоратҳо дода, ба роҳи худ рафт.

Баъд аз рафтани марди савора деҳқон боз пушаймон шуда, ба худаш мегуфт: «Кори хуб накардам. Беҳтараш он буд, ки тақсим мекардаму халос мешудам. Албатта, вай ҳозир рост рафта ба подшоҳ хабар медиҳад». Деҳқон саросема шуда, ҷуфтрониро монда, кӯзаи зарро гирифту рост ба хонааш омад ва ба занаш гуфт:

  • Эй зан, акнун бой шудем. Як кӯза тилло ёфтам.

Занаш кӯзаи пур аз зарро дида хурсанд шуд.

  • Лекин, зан, дилам хиҷил аст, – гуфт деҳқон.
  • Ҳа, боз барои чӣ? – пурсид занаш ҳайрон шуда.
  • Вақте ки ман кӯзаро ёфта пинҳон мекардам, аз роҳ як марди савора мегузашт. Ба гумонам ҳамон одам инро дида монд. Албатта, вай ба подшоҳ рафта хабар медиҳад. Биё, беҳтараш он аст, ки инро худам ба подшоҳ бурда супораму аз зулми ӯ халос шавам. Ту чӣ мегуй? – гуфта аз занаш пурсид.
  • Хуб мешавад, – гуфт зан.
  • Набошад ту ин ҷуволчаи кӯзадорро гирифта дар ягон ҷойпинҳон кун, ман рафта говҳоро оварда саришта кунам. Баъд ба пеши подшоҳ меравам, – гуфта деҳқон аз хона баромада, ба сари заминаш равона шуд.

Зан дид, ки шавҳараш кӯзаи пур аз зарро бемалол ба подшоҳ бурда супурданист. Ба даруни ҷуволча як санги кӯзачамонандро андохту кӯзачаро гирифта пинҳон кард.

Деҳқон корашро тамом карда, омада ҷуволчаро гирифту рост ба қасри подшоҳ равона шуд. Ба таги дари қаср расида аз ясавулон3:

  • Ба ҳамин ҷо як марди савора омад-мӣ? – гуфта пурсид.

Ясавулон:

  • Ҳар замон ба ин ҷо садто савора меояд – гуфта ҷавоб доданд.
  • Набошад, ман ба подшоҳ кор дорам, монед, ба назди вай дароям, – гуфт деҳқон.
  • Ҳочати даромадани ту нест. Арзатро гӯй, худамон даромада гап мезанем, – гуфтанд ясавулон.
  • Гапи пинҳонӣ дорам, фақат ба худи подшоҳ мегуям, – гуфт деҳқон.

Ноилоҷ рухсат доданд. Вай ба пеши подшоҳ даромада бо овози баланд:

  • Эӣ подшоҳ ана ина гиред! – гуфту ҷуволро дар пеши ӯ монд.
  • Ин чист? – пурсид подшоҳ.
  • Кушода бинед, баъд қаҳ-қаҳ зада механдед – гуфт деҳқон.

Подшоҳ хайрон шуд, ҷуволчаро кушода дид, ки як санг будааст.

  • Хуб, дидам, ин сангро барои чӣ овардӣ? – пурсид подшоҳ.

 Деҳқон дид, ки кӯзачаи зар нею санг аст, хайрон нашуда зуд гуфт:

  • Эӣ подшоҳ ҳамин санга ман даҳқадоқӣ гуям, занам ҳаштқадоқӣ4 мегӯяд.

Шумо фарқ карда диҳед, ки гапи кадомамон дуруст аст?

Подшоҳ дар қаҳр шуда фармуд, ки ӯро бурда ба зиндон андозанд.

Деҳқон дар зиндон худ ба худ «охир ман ёфтагӣ кӯза пур аз зар буд-ку!» гуён хайрон шуда фикр мекард. Бо ангуштони ҳарду дасти худ сарашро қабза карда, шакли таги кӯзаро, як дасташро аз оринҷ боло баланд карда, қади кӯзаро ва чор ангушти дастонашро нуг ба нуг монда шакли даҳани кӯзаро месохт, баъд дар тааҷҷуб монда гиребонашро даст гирифта, худ ба худ «тавба» мегуфт.

Зиндонбон ин кирдор ва рафтори ӯро аз сурохии дар тамошо мекард, вай ҳамаи он ҳаракатҳои ӯро омада ба подшоҳ гуфт. Подшоҳ фармуд, ки ӯро наздаш биёранд. Деҳқонро ба пеши подшоҳ бурданд.

Подшоҳ гуфт:

  • Эй аблаҳ, дар зиндон чӣ ҳаракатҳо мекардӣ? Вай чӣ буд? Сабабаш чист? Росташро гӯй, набошад мекушам.

Деҳқон гуфт:

«-Эй подшоҳи ман, кӯзаи обхурии ман дар сари замин фаромуш шуда монда буд. Худам бошам, дар ин ҷо банд шуда мондам. Албатта, он кӯзаро дузд бурдагист. Агар ман аз ин ҷо халос шуда баромада рафта, кӯзаро аз хонаи дузд ёбаму дузд «ин кӯзаи худам аст» гуфта надиҳад, ман ба пеши қозӣ5 рафта арз мекунам. Албатта, қозӣ ҳардуямонро ҳам ҷеғ зада мепурсад ва ба ман «нишонаҳои кӯзаро гуфта те» мегӯяд. Ана дар ҳамон вақт ҳамин андозаҳои дар зиндон кардагиамро ба қозӣ нишон медиҳам. Албатта қозӣ кӯзаро талаб карда оварда мебинад, ки гапи ман рост будааст. Ана баъд кӯзаро ба фоидаи ман ҳукм мекунад. Ана, подшоҳам, аз ҳамин сабаб ман дар зиндон шакли ҳамон кӯзаамро ба хотир меовардам.

Подшоҳ ба гапҳои ӯ бовар накард. Фармуд, ки ӯро боз ба зиндон бурда андозанд. Зиндонбонро ҷеғ зада фармуд, ки дар зиндон каҳи намнок ва қаламфурпояро даргиронда дуд кунад, то ки деҳқон ба танг омада роста гапро гӯяд.

Зиндонбон амри подшоҳро баҷо овард.

Деҳқон дар дудғула6 ба танг омада фарёд кард:

  • Маро бароред, рости гапро мегуям!

Ӯро аз зиндон бароварданд. Вай «гапамро рафта ба гуши подшоҳ мегуям» – гуфт. Ӯро ба назди подшоҳ оварданд. Деҳқон даҳони худро ба гуши подшоҳ наздик оварда, оҳистакак пичиррос зада гуфт:

  • Эӣ подшоҳ ин номаъқулиро як бор кардӣ, дигар такрор накун, ки каҳдуд бисёр чизи бемазза будааст!

Подшоҳ ӯро девона гумон карда ба хизматгоронаш фармуд, ки зада-зада бароварда пеш кунанд.

Деҳқон аз ин балоҳо халос шуда ба хонаи худ омад, зарҳоро сарф кард ва бо зану бачагони худ бароҳат зиндагӣ карда, ба муроду мақсадаш расид.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Ҷуволча – халтаи хурд, линча.
  2. Беҳикмат нест – бегап нест, ягон сире ниҳон дар дил дорад.
  3. Ясавулон – посбонон, хизматгорон ва муҳофизони шоҳ.
  4. Қадоқ – ченаки вазн, як кадок баробари 400 гр.
  5. Қозӣ – додситон, судя.
  6. Дудғӯла – дуди зиёд.

Дехкон ва кузаи зар, ҳикояи тоҷикӣ, ДЕХКОН ВА КУЗАИ ЗАР, хикояи точики, афсонаи точики, афсонаи пандомез

ҚаблӣТанзими давлатии бозор, вазифа ва хусусиятҳои он
БаъдӣСавоби нимта нон