Ҳаракат ҳамчун хосияти муҳими ҳастӣ

Масъалаи тафсири ҳаракат: назари метафизикӣ ва диалектикӣ
Масъалаи ҳаракат (моҳияти он, донисташавии он, таносуби ҳаракат ва оромӣ ва ғ.) ҳамеша дар фалсафа нозукии худро дошт ва гуногун ҳал карда мешуд.
Намояндагони макаби милетӣ ва Гераклит ҳаракатро ҳамчун пайдоиш ва нобудшавии ҷисмҳо, ҳамчун ташаккулёбии беинтиҳои кулли мавҷудият шарҳ додаанд. Маҳз ба Гераклит ин ибрози машҳур мансуб мебошад: ба як дарё ду маротиба даромадан номумкин аст; ҳама чиз ҷорӣ аст, ҳама чиз тағйир меёбад. Ба хусусияти тағйирёбандагии ҳастӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намуда, намояндагони ин ҷараёни фалсафӣ ба масъалаи устуворияти ҳастӣ камтар диққат додаанд.
Маҳз эътироф кардани лаҳзаи номуҳаррикӣ, яъне устувории ҳастӣ дар маркази таълимоти мактаби элейӣ (Ксенофан, Парменид, Зенон) қарор гирифт. Парменид ҳастиро ягона (яклухт), тағйирнопазир, номуҳаррик, муттасил, якҷинса, сарбаста дар худ «дар ҳудуди ишкелҳои бузургтарин» тасвир намудааст.
Зенон ин ақидаҳои устодашро тақвият бахшида, як низоми исботро пешниҳод кард, то ки мавҷудияти воқеии ҳаракатро инкор созад. Мувофиқи ақидаи ӯ, тасаввурот дар бораи ҳаракат бо зиддияти мантиқӣ дучор менамояд ва аз ин рӯ, ҳаракат ҳастии ҳақиқӣ надорад, зеро аз назари гносеологияи элейиҳо предмете, ки дар борааш ҳаққонӣ (яъне безиддият) андешида наметавонем, он предмет ҳастии ҳақиқӣ дошта наметавонад. Зенон ягонаю номуҳаррик будани ҳастиро тавассути пешбари кардани апорияҳо (мушкилоти мантиқӣ, ки ё ҳаллаш душвор, ё ҳал надорад) исбот кардан мехост. Мазмуни апорияҳои Зенонро мухтасар баён мекунем.
Апорияи якум («Дихотомия»): ҳаракат оғоз шуда наметавонад, чунки предмети ҳаракатдошта пеш аз он, ки ба нуқтаи интиҳоӣ расад, вай бояд нимаи ин масофаро тай намояд, барои ин вай бояд нимаи ин нимаро тай намояд ва ҳамин тавр беохир.
Апорияи дуюм («Ахиллес ва сангпушт»): Ахиллеси чолок, ки варзишгар аст, ба сангпушти камҳаракат бо давидан ҳам расида наметавонад. Зеро то вақти ба нуқтаи қарор доштаи сангпушт расидани Ахилес, сангпушт ин нуқтаро тарк мекунад ва ҳамин хел беохир такрор мешавад. Дигар хел гӯем, Ахилес масофаи байни худ ва сангпуштро убур карда наметавонад, сангпушт ҳамеша як андоза аз ӯ пеш аст.
Апорияи сеюм («Тир»): дар ҳолати номуттасил (танаффусӣ) будани фазо ҳаракат имконнопазир аст. То аз як ҷой ба ҷойи дигар расидани тир, он дар ҳар кадом нуқтаҳои сершумори ин масофа бояд мебуд. Вале «будан дар ягон нуқта» маънои дар он «қарор доштан», дар он «ҷой доштан»-ро дорад. Аз ин бармеояд, ки тир дар ҳар кадом нуқта «қарор дошт» ва хулоса карда мешавад, ки ҳаракат ин суммаи ҳолатҳои оромӣ мебошад. Пас оромӣ вуҷуд дорад, на ҳаракат.
Эмпидокл дар ақидаи пешниҳод кардаааш кӯшиш кардааст, ки назарҳои мухолифро муттаҳид созад. Вай тағйирёбӣ ва устувориро ҳамчун ду тарафи раванди умумии ҳаракат маънидод намуд. Мувофиқи ақидаи ӯ, олам дар асосҳои худ ва дар ҳудуди «доираи вақт» тағйирнопазир (номуҳаррик) аст, вале дар сатҳи чизҳо ва дар дохили «доираи вақт» тағйирёбанда (муҳаррик) аст.
Ин баҳсҳоро Арасту ҷамъбаст намуд. ӯ намудҳои тағйиротро тасниф намуда, дар байни онҳо пайдоиш, нобудшавӣ ва худи ҳаракатро ҷудо кард. Ҳаракат ҳамчун амалишавии мавҷуд, гузариши он аз имконият ба воқеият фаҳмида мешуд. Аз нигоҳи Арасту, ҳаракат берун аз ҷисмҳо вуҷуд надорад. Тасаввури фикрӣ дар бораи ҳаракат истифодаи категорияҳои ҷой, вақт ва халоро тақозо менамояд. Абадияти ҳаракатро Арасту «аз муқобилаш» асоснок мекунад. Инкори абадияти ҳаракат, менависад ӯ, ба зиддият дучор мегардонад: ҳаракат мавҷуд будани предметҳои муҳаррикро, ки ё пайдо шудаанд, ё азалию тағйирнопазир вуҷуд доранд, ба қайд мегирад. Алҳол худи пайдоиши предметҳо низ ҳаракат мебошад. Агар онҳо аз азал тағйирнопазир, беҳаракат мебуданд, пас нофаҳмост, ки чаро онҳо на пештару на дертар ба ҳаракат омадаанд. Сабаби оромиро низ шарҳ додан мушкил аст, вале чунин сабаб ҳатман бояд бошад.
Ҳамин тавр, аз назари Арасту, ҳаракат дар дохили як моҳият ва дар дохили як шакл дар се муносибат – сифат, миқдор, ҷой – амалӣ мегардад. Ҳаракати миқдорӣ – ин зиёдшавӣ ё камшавӣ. Ҳаракат нисбат ба ҷой – ин ҷойивазкунӣ (дар фазо), ҳаракати механикӣ. Ҳаракати сифатӣ – ин тағйироти сифатӣ. Ғайр аз ин, ҳаргуна ҳаракат дар вақт ҷараён мегирад. Ҳаракат дар вақт ва дар фазоро физика меомӯзад, тағйироти сифатӣ предмети метафизика (фалсафа) мебошад. Интиқол ёфтани пажӯҳиши масъалаи ҳаракат ба сатҳи омӯзиши тағйироти сифатӣ имкон медиҳад, ки он ба маънои фарох, яъне фалсафӣ нисбати ҳастӣ таҳқиқ карда шавад, дар бораи тағйирпазир, равандӣ будани ҳастӣ гуфта шавад.
Ҳаракат худаш зиддиятнок аст. Вай лаҳзаҳои тағйрпазирӣ ва устуворӣ, муттасилӣ ва номуттасилиро дар бар мегирад. Масъалаи бо забони мантиқ тасвир кардани ин зиддиятнокӣ ба миён меояд: чи хел зиддияти диалектикии объектро ба тарзи безиддиятии шаклӣ тасвир карда шавад. Дар бораи ҳаракат ё дигар зуҳуроти ҳастӣ муҳокима намуда, мо онро бо забони мафҳумҳо амалӣ мегардонем, яъне ягон сохтори консептуалиро бино мекунем, ки дар он дидаву дониста (ошкоро) ҳолати воқеиро холис мегардонем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки дар асоси қонунҳои мантиқ безиддият муҳокима кунем, вале ҳамзамон масъала пайдо мешавад, ки чи хел зиддиятнокии онтологӣ (зиддиятҳои олами воқеӣ) ва безиддиятии фикрӣ мувофиқ сохта шавад. Ё бо суханони дигар гӯем, чи хел мантиқан безиддият диалектикаи ҳаракат, умуман диалектикаи ҳастиро инъикос карда тавонем. Дар воқеъ, барои чизеро донистан, мо бояд равандҳои воқеии оламро холис гардонем. Пас, барои маърифат кардани ҳаракат, мо бояд онро ҳатман «нигоҳ дорем», предметӣ тафсир кунем. Ин ҷо фаҳмиши он холисӣ мумкин, ки мутлақ сохта шавад ва ба ҳаракат имтидод карда шавад. Чунин амал дар асоси аксари тафсиротҳои метафизикӣ (зидди диалектика) ҷой дорад.
Ҳамин тавр, фаҳмиши метафизикии ҳаракат пайдо мешавад, ки а) бо мутлақсозии яке аз тарафҳои зиддияти раванди ҳаракат асос меёбад ва б) ҳаракатро ба яке аз шаклҳояш нисбат медиҳад. Моҳияти ҳаракат дар аксар ҳолатҳо ба ҷойивазкунии механикӣ нисбат дода мешавад. Тафсири чунин ҷойивазкунӣ танҳо бо роҳи ба қайд гирифтани ҷисми мазкур дар ҷойи муайян ва дар ягон лаҳзаи вақт имконпазир мегардад; яъне масъалаи ҳаракат ба тафсир кардани сохторҳои бунёдии ҳастӣ (фазо ва вақт) нисбат дода мешавад.
Фазо ва вақтро ду тарз тасаввур кардан мумкин аст, ки ҳанӯз дар фалсафаи атиқа маълум буд. Ё «тақсимнопазир» будани фазо ва вақт эътироф карда шавад, ё баръакс, беинтиҳо тақсим шудани онҳо эътироф карда шавад. Ё нисбӣ будани ҳамаи аломатҳои фазоӣ-вақтӣ ва мутлақ будани ҳаракати ҷисмҳо эътироф карда шавад, ё мисли он, ки Нютон баъдтар анҷом додааст, мафҳуми ҷойивазкунии ҷисм дар нуқтаҳои фазои мутлақ ворид карда шавад, яъне иловатан категорияҳои фазо ва вақти мутлақ, ки дар дохили онҳо ҳаракатҳои мушаххас сурат мегиранд, истифода шаванд. Алҳол ҳар яки ин мавқеҳои баҳамзид, дар навбати худ, ботинан зиддиятнок мебошанд.
Аниқтар гӯем, асосҳои ҳар кадоми ин нуқтаҳои назарро фарзияҳои комилан гуногуни гносеологӣ ташкил медиҳанд. Вале ҳаракате, ки дар фикру андешаи мо инъикос мешавад, ин айнан худи ҳамон ҳаракати воқеӣ, раванди воқеӣ намебошад. Ҳаракати воқеӣ нисбат ба фикр раванди беруна буда, аз фикр вобастагӣ надорад. Хулоса, зиддиятнокии ишоратшуда нишони заифии муайяни тафаккури мо мебошад, ки ҳангоми офаридани сохторҳои назариявӣ аз ягон фарзияҳои гносеологӣ маҷбуран истифода мекунад. Арасту барҳақ қайд карда буд, ки ҳал кардани апорияҳои Зенон ягон мушкилӣ надорад: кифоя аст, ки сарҳад гузашта шавад, ҳамон сарҳади ҷудосозиҳо ва нақшабандиҳои фикрии фазо ва вақт, ки дар худи воқеият вуҷуд надоранд.
Умуман, тасаввуроти метафизикӣ дар бораи ҳаракат, ки ҳаракатро ба ҳаракати механикӣ нисбат дода, ягон ҷиҳати даркшудаи онро мутлақ меҳисобад, аз нигоҳи таърихӣ то дараҷае ҳақ бароварда мешавад, агарчи дар тафсири ҳаракат ба соддафаҳмӣ роҳ додааст.
Диалектика ҳамчун тарзи дигари дарки хирадӣ-мафҳумии ҳастӣ бо тарзи хоссаи фаҳмиши маърифат алоқаманд аст. Маърифат ҳамчун раванди мураккаб ҳисобида мешавад, ки дар он субъекти маърифат (инсон) ва объекти маърифат бо ҳамдигар муносибати махсус доранд. Субъекти маърифат фаъолу боистеъдод буда, вай на танҳо оламро муроқиба мекунад, инчунин вай ба сифати тарафи фаъоли ин раванд баромад мекунад, ба олам муносибати эҷодкорона дорад, аз он зуҳуроту предметҳои лозимаро ҷудо карда, ба объекти маърифат табдил медиҳад. Аз ин мавқеъ, олам раванди тағйирёбанда тасаввур карда мешавад. Ҷанбаҳои алоҳидаи онро маърифат намуда, мо бояд «холисгардонӣ»-ҳои предметиро ба эътибор гирем, маҳдуду нисбӣ будани онҳоро дар маърифат кардани ҳастӣ аз хотир набарорем.
Дар асоси ин, ҳар кадом равандҳои зиддиятноки воқеӣ, аз ҷумла ҳаракатро мантиқан безиддият инъикос кардан мумкин аст, вале гуногунии тарзҳои инъикоскунӣ бояд ба инобат гирифта шаванд, агарчи бо ҳамдигар мухолиф ҳам бошанд. Ин зиддиятҳо дар муносибатҳои гуногун ҷой доранд ва ҳангоми таҳлили дақиқ мувофиқати байниҳамдигарии онҳо маълум мегардад. Вале аксар вақт ин баҳамзидҳо, ки дар ягон муносибат рақобат доранд, танҳо бо амали таҳлилӣ бартараф нахоҳанд шуд. Фаҳмидани ягонагии генетикӣ ва дараҷавии намудҳои гуногуни ҳаракат, ки бо воситаҳои риёзӣ, мантиқӣ ва гносеологӣ инъикос карда мешаванд, зарур аст, чунки ин ҳама – инъикоси худи ҳамон як объект (яъне ҳаракат) аст, ки бо тарзҳои гуногун баён карда шудааст.
Ҳамин тариқ, фалсафаи диалектикӣ қодир аст, ки фаҳмиши моҳияти ҳаракатро ҳамчун раванди махсуси диалекикӣ пешниҳод созад. Ин раванд дар худ баҳамзидҳоро фаро гирифтааст: устуворӣ ва тағйирёбӣ, муттасилӣ ва номуттасилӣ, ягонагӣ ва ҳамтобеиҳои дараҷавӣ. Дар фалсафа ҳаракатро ҳамчун хосияти муҳими ҳастӣ маънидод карда мешавад, ки кулли тағйиротҳои оламро (дар табиат, ҷамъият, тафаккур) фаро мегирад. Ҳаракат шакли умумитарини мавҷудияти ҳастӣ аст, ки фаъолнокӣ, робитаи кулл ва хусусияти равандӣ доштани онро ифода мекунад.
Материализми диалектикӣ алоқамандии ногусастанӣ доштани материя ва ҳаракатро таъкид намуда, онҳоро абадӣ, офариданашуда ва фанонопазир меҳисобад. Ҳаракат умуман ҳаргуна тағйирёбӣ аст; ҳаракат атрибути материя, тарзи мавҷудияти он мебошад. Ҳаракат мутлақ буда, оромӣ нисбӣ аст. Як чиз танҳо нисбати чизҳои муҳаррик ором буда метавонад, оромии абадӣ вуҷуд надорад. Ҳамчунин дар фалсафаи марксистӣ, вобаста ба таснифоти пешниҳод кардаи Ф.Энгелс, панҷ шакли ҳаракат ҷудо карда мешавад: механикӣ, физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва иҷтимоӣ. Шаклҳои ҳаракат бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд ва ҳамзамон аз ҳамдигар сифатан фарқ мекунанд, ҳар кадомаш барандаҳои хоси худро дорад. Шаклҳои олии ҳаракат бо шаклҳои соддатаринаш асос меёбад, вале ҳеҷ гоҳ онҳоро ба ҳамдигараш нисбат дода намешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣМоделҳои ягонагии олам
БаъдӣИнкишоф ва моделҳои он