То нимаи дуюми асри XV одамон асосан дар бораи Аврупо, Осиё ва қисмҳои соҳилии Африқо тасаввурот доштанд. Онҳо дар харитаи тартибдодаи худ танҳо баъзе материк ва баҳру уқёнусҳоро иҳотакардаашонро нишон додаанд. Он харитаҳо ғалатҳои зиёд доштанд. Харитаи оламе, ки олими Юнон Батлимус (Птолемей, асри II мелодӣ) тартиб додааст, аз қабили чунин харитаҳо мебошад. Дар он харита қисми зиёди кураи Заминро хушкӣ ташкил медиҳад. Аммо мо медонем, ки 71%-и Заминро об ташкил кардааст. Ӯқёнуси Ҳиндро ҳамчун баҳри дохили хушкӣ тасвир карда, аз ғарб ба шарқ тӯл кашидани онро ва худи материки Авруосиёро аз будаш хеле зиёд нишон додааст. Аммо, сарфи назар аз ин ғалатҳо, харитаи олами Батлимусро баҳрнавардон ва сайёҳон чордаҳ аср истифода бурданд. Дар харитаи Батлимус ва глобусе, ки дар асри XV Мартин Бехайм сохта буд, Австралия, Антарктида, Амрикои Шимолӣ ва Амрикои Ҷанубӣ акс наёфтаанд. Дар харитаи ҷаҳон, ки соли 1700 нашр гардида буд, ин материкҳо низ вуҷуд доштанд.
Аммо вуҷуд доштани ин қисмҳои хушкиро олимон тахмин мекарданд. Дар ҷануби Нимкураи ҷанубӣ мавҷуд будани хушкӣ (Австралия)-ро олимони қадим пешгӯӣ карда буданд. Дар он тарафи уқёнуси Атлантик мавҷуд будани хушкии калон (Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ)-ро Абӯрайҳони Берунӣ дар ибтидои асри XI тахмин кардааст. Кӯшишҳои ёфтани сарзаминҳои номаълум, роҳҳои нави баҳрӣ ба мамлакатҳои Шарқ, инкишофи илм, баҳрнавардӣ ва савдо ба кашфиётҳои бузурги географӣ асос гузоштанд. Аввалин экспедитсияҳоро испаниҳо ва португалиҳо ташкил кардаанд.
Сайёҳони қабл аз Колумб. Дар кашфиётҳои баҳрии асрҳои 8-9 норманнҳо роли калон бозидаанд. Онҳо дар қаламрави ҳозираи Норвегия, Шведсия ва Дания ҳаёт ба сар мебурданд. Касби асосии онҳо чорводорӣ ва моҳидорӣ буд. Дар Руси қадим онҳоро «варяг» мегуфтанд.
Бо сабаби хунукии иқлим дар ватани норманнҳо ғалла кам ҳосил медод. Бинобар ин онҳо дар бозорҳои мамлакатҳои Аврупо пӯст, пашм, равған ва моҳиро ба ғалла иваз мекарданд. Норманнҳо баҳрнавардони моҳир буданд. Дар баробари савдо ва саёҳат онҳо роҳзанӣ ҳам мекарданд. Ғайр аз ин онҳо барои кашф кардани қаламравҳои нав зуд-зуд ба сафар мебаромаданд.
Норманнҳо Исландия ва Гренландияро ба мустамликаи худ табдил доданд; ба баҳри Балтика баромада бо дарёҳои киштигард ба Аврупои Шарқӣ дохил шуданд; бо дарёи Днепр ба баҳри Сиёҳ, бо Волга ба баҳри Каспий ворид гардиданд. Онҳо ҳар ҷо- ҳар ҷо истеҳкомҳои баҳрӣ ва марказҳои савдо месохтанд. Дар Русияи қадим ба князигариҳои Новгород, Смоленск ва Киев асос гузоштанд. Соли 1000 норманнҳо уқёнуси Атлантикаро убур карда (гузашта) ба соҳили ҷазираи Нюфаундленд баромаданд. Дар он ҷо ангури ёбоӣ бисёр месабзид, бинобар ин он ҷоро Винланд («мамлакати ангур») ном гузоштанд. Норманнҳо ба Винланд якчанд гов оварданд. То он вақт дар Амрикои Шимолӣ ҳайвонҳои хонагӣ мавҷуд набуд. Халқе, ки дар Винланд зиндагӣ мекард, скрелинг ном дошт ва аз говҳои норманнҳо оварда ниҳоят метарсид. Муносибати дӯстонаи норманнҳо бо халқи маҳаллӣ бисёр давом накард. Онҳо ба муқобили норманнҳо ҷангида, эшонро аз Винланд ронданд. Кӯшиши дар резишгоҳи дарёи Лаврентияи Муқаддас маскун шудани норманнҳо амалӣ нагардид.
Ба соҳилҳои Амрико на фақат норманнҳо, инчунин баҳрнавардҳои араб ҳам пой гузоштаанд. Дар ин бобат географ ва харитасоз (картограф)-и араб Идрисӣ дар асари худ хабар додааст. Мувофиқи навиштаи Идрисӣ, 8 араби ҷасур бо мақсади тадқиқ кардани уқёнус (Атлантик) ва ҳудуди он аз Лиссабон ба самти ғарб шино карданд. Баъди 35 рӯз ба ҷазирае расиданд, ки аҳолинишин буд.
Аҳолии ҷазира киштии «Ҷасурон»-ро иҳота карда, худи онҳоро баъд аз чор рӯз ба назди шоҳи ҷазира бурданд. Баъд аз суҳбат бо шоҳ онҳоро баста, ба киштиашон шинонда, аз ҷазира дур бурданд. Баъд аз се рӯз ба соҳили номаълум расиданд. Сокинони ҷазира дастҳои онҳоро ба пушт баста, партофта рафтанд. Одамони маҳаллӣ хабардор шуда, онҳоро озод карданд. Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки пеш аз Колумб дар Амрико норманнҳо ва арабҳо қадам гузоштаанд. Аммо ин қадри кашфиёти ӯро паст накардааст.
Саволҳо
- Харитахои аввалин чи камбуди доштанд? Барои тартибдихандагони онхо кадом материкхо маълум буданд?
- Норманнхо дар кучо зиндаги мекарданд ва машгулияташон чи буд?
- Дар Руси кадим норманнхоро чи меномиданд?
- Аз мамлакатхои Аврупо онхо бештар чиро харид мекарданд ва сабаб чи буд?
- Норманнхо кадом минтакахоро мустамлика карда буданд?
- Норманнхо дар каламрави Руси кадим ба кадом князигарихо асос гузоштаанд?
- Норманнхо дар кадом сол ба сохилхои Амрикои Шимоли расида буданд?
- «Часурон» ки буданд?
Кашфиётхои бузурги географи, Сайёхони кабл аз Колумб, чугрофия.
Сайти бехтарин