Литосфера. Кабатхои литосфера

Литосфера. Қабатҳои литосфера. Литосфера бо забони точики

1.Қабатҳои литосфера. Тавре ки медонем, литосфераро Замин ҳам мегӯянд. Ин калимаҳо (мафҳумҳо) аз ҷиҳати маъно ба ҳам наздиканд. Қишри Замин гуфта мо фақат қабати сахти болои Заминро дар назар дорем.

Литосфера бошад, ғайр аз қишри Замин инчунин қисми болои мантияро дар бар мегирад.

Сатҳи қишри Замин ноҳамвор мебошад. Қисми баланди онро хушкӣ (материкҳо), пастхамиҳоро уқёнусҳо ишғол кардаанд. Ғафсии он дар зери уқёнусҳо 5-10 км, дар зери ҳамвориҳо 30-35 км, дар зери кӯҳҳо 50-75 км-ро ташкил медиҳад (расми 27).

27.Сохти қишри Замин
27.Сохти қишри Замин

Он аз маъдан ва ҷинсҳои кӯҳии гуногун таркиб ёфтааст. Онҳоро одамон бо мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Ҳангоми аз ҷуқуриҳои қишри Замин истихроҷ кардани минералҳо (маъданҳо) дар конҳо мушоҳида намудаанд, ки баробари зиёд шудани чуқурӣ ҳарорат баланд мешавад. Баъдтар олимон муайян карданд, ки ин гармӣ ба қишри Замин аз мантия дохил мегардад.

Литосфера чист?

Ҳамин тавр, қабате, ки аз қишри Замин ва қисми болои мантия таркиб ёфтааст, литосфера ном дорад.

«Литос» калимаи юнонӣ буда, маънояш «санг» аст. Ғафсии ин қабат дар ҳама ҷойи кураи Замин як хел нест.


Омузиши кишри Замин

2.Омӯзиши қишри Замин. Рӯйи Замин паноҳгоҳ ва муҳити зисти инсон аст. Ҳаёти инсон бо он зич алоқаманд мебошад. Одамон дар рӯйи Замин кишт мекунанд, чорво парвариш менамоянд, роҳҳо, хонаҳо, корхонаҳо месозанд; аз зери Замин маъдан, нафт, газ истеҳсол мекунанд; баробари афзудани талабот ҳаракат мекунанд, ки сарватҳои дар чуқуриҳои зиёди Замин ҷойгирифтаро ҳам истифода баранд; барои пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ – лағжиши қабатҳо, оташфишонии вулқонҳо, заминҷунбӣ ва ғайра кӯшиш мекунанд.

Ҳалли ин масъалаҳо одамонро водор месозад, ки на фақат сатҳи қишри Замин, балки қабатҳои чуқури онро низ омӯзанд. Бо ин мақсад усулҳои гуногуни тадқиқотро истифода мебаранд.

Яке аз ин усулҳо мушоҳидаи бевоситаи қисми ба назар намоёни рӯйи Замин мебошад. Бо ин усул ҷойҳои ба назар намоёни ҷинсҳои кӯҳии соҳили баҳрҳо, обкандаю сойҳо, водии дарёҳо, нишебии кӯҳҳо хуб омӯхта шудаанд. Аммо чуқурии Замин барои мо аён нест, барои омӯхтани он аз дигар усулҳо истифода мебаранд. Ҷинсҳои кӯҳии қабати аз ҳама болои Заминро ба воситаи нақби конҳои чуқур омӯхта, таркиб ва шароити пайдошавии онҳоро муайян мекунанд. Қабатҳои нисбатан чуқури қишри Заминро бо усули пармакунии чоҳҳои аз ҳад чуқур – сейсмикӣ меомӯзанд («сейсмос» калимаи юнонӣ буда, маънояш ларзиш, зилзила аст). Ҳоло чоҳҳои чуқуриашон 12-15 км дар Африқои Ҷанубӣ, Амрикои Лотинӣ, Урал, Қавқози Шимолӣ, нимҷазираи Кола канда шудаанд. Дар асоси намунаи ҷинсҳои кӯҳии дастрасшуда олимон дар бораи таркиб, пайдоиш, сохти қишри Замин ва зоҳиршавии қувваҳои дохилӣ, ки онро тағйир медиҳанд, хулосаҳои илмӣ мебароранд.

Усули сейсмикӣ ба он асос ёфтааст, ки аз қабати ҷинсҳои кӯҳии ковок ва сахт мавҷҳои сейсмикӣ бо суръати гуногун мегузаранд. Бинобар ин дар рӯйи Замин дар чуқурии муайян таркиш ба амал меоранд. Ба воситаи асбобҳои махсус суръати паҳншавии мавҷҳои сейсмикиро муайян намуда, аз қабати ҷинсҳои кӯҳӣ гузаштани онҳоро муқаррар мекунанд. Масалан, суръати гузаштани мавҷҳои сейсмикӣ дар ҷинсҳои таҳшин дар як сония ба ҳисоби миёна 3 км, дар санги хоро 5 км-ро ташкил медиҳанд. Аз рӯйи ин маълумотҳо олимон сохт, таркиби қишри Замин ва ҳолати қабатҳои чуқури онро аниқ муайян мекунанд, дар бораи қабатҳои дохилии Замин фарзияҳо пешниҳод менамоянд. Ба омӯзиши сохти дохилии Замин фанни геофизика машғул аст.


  1. Литосфера чист?
  2. Литосфера аз қишри Замин чӣ фарқ дорад?
  3. Кадом қисми Заминро қишри Замин меноманд?
  4. Қишри Замин аз чӣ иборат аст?
  5. Кадом қисми Заминро литосфера мегӯянд?
  6. Аз нақша муайян намоед, ки қисмҳои баланд ва пасти қишри Заминро чӣ ишғол кардааст?
  7. Ғафсии қишри Замин дар зери материкҳо ва уқёнусҳо чанд километрро ташкил медиҳад?
  8. Қишри Замин дар зери метерикҳо (хушкӣ) ва уқёнусхо аз кадом қабатҳо иборат аст?
  9. Литосфера аз қишри Замин чӣ фарқ дорад?
  10. Қишри Заминро бо кадом усулҳо меомӯзанд?
  11. Дар ҷойҳои ба назар намоёни қишри Замин кадом ҷинсҳои кӯҳиро дидаед?
ҚаблӣГеосфера (Кабатхои Замин)
БаъдӣЧинсхои таркиби кишри Замин