Тарзи пухтани шавламошак (Кори амалии №9).
Қоидаҳои техникаи бехатарӣ, шартҳои санитарию гигиениро риоя кунед.
Таҷҳизот: он зарфу асбобҳое, ки барои пухтани шавла истифода шуданд.
Миқдори маҳсулот (барои як кас): гӯшти гов, гӯсфанд ё мурғ – 100 г, биринҷ – 60 г, мош – 80 г, лӯбиё – 20 г, бехпиёз – 100 г, равған – 60 г, пиёзи сабз – 15 г, сабзӣ 160 г, хӯриши сабзавотӣ – 100 г.
Рафти кор. Гӯштро 25 – 30граммӣ пора карда, дар равғани доғ бирён мекунанд. Баъд ба дег пиёзу сабзии резакарда, помидори майда резакарда ё томат, мурч, зира ва намакро андохта, ҳамаи инро боз 10 дақиқа бирён мекунанд.
Пас аз он ба дег об, мош, лӯбиёи таркарда ва тоза шустаро андохта, 40 – 45 дақиқа мепазанд. Сипас биринҷи тайёркардаро андохта, то ғафс шуданаш меҷӯшонанд. Дар оташи паст сарпӯши дегро маҳкам пӯшида, то тайёр шуданаш 5 дақиқа дам медиҳанд. Шавламошакро дар табақҳо ё нимтабақҳо мекашанд, ба болояш гӯштпораҳо гузошта, кабудии майда резакардашударо мепошанд.
Барои хӯриши шавламошак помидор, бодиринг, турб ё шалғамчаи майда резакардашуда ё хӯриши аз помидор, бодиринг, бехпиёз, қаламфури булғорӣ, кабудиҳо ва ғайра тайёркардаро истифода мебаранд.

Ҳисобот доир ба кори иҷрошуда:
- Муайян кардани сифати хӯроки тайёр.
- Аҳамияти шавламошак ба организми инсон.
Савол
- Шавламошакро чӣ хел пайиҳам тайёр мекунанд?
- Аҳамияти сабзавот дар организми инсон аз чӣ иборат аст?
Фикр кунед, омӯзед, иҷро кунед
Ҳамаи чизҳое, ки бо онҳо таомро оро медиҳанд, бояд хушхӯр бошанд ва бо масолеҳи асосии таом мувофиқат кунанд. Диққати касро таоми нағз орододашуда ҷалб мекунад, иштиҳо меоварад, ки он ба ҳазми таом ёрӣ мерасонад.
Қаламфури булғорӣ витаминҳои А ва С дорад. Витамини С дар он назар ба лиму 5 баробар зиёдтар аст. кабудиҳоро бо сирко хушбӯй кунонидан мумкин аст. Ин лаззати таомро зиёд мекунад.
Кабудиҳоро қима не, балки реза кардан даркор, зеро ҳангоми қима кардан об ва моддаҳои ғизоии онҳо зиёд талаф меёбад.
Эзоҳ: Аз ин навъҳои хӯрок мувофиқи табъи худ як ё ду хелашро амалан тайёр кунед.






















