Тасаввуроти одамони қадим дар бораи Замин

Ҳаёт ва фаъолияти инсони давраи ибтидоӣ бо табиати атроф зич алоқаманд буд. Ӯ ҳамчун маводи хӯрокӣ меваи рустаниҳоро ҷамъ намуда, моҳӣ ва ҳайвоноти ваҳширо шикор мекард. Барои гум накардани мавзеъҳои аз неъмат бой ва шикор дар танаи дарахтон ва сангҳои сари роҳ нишона ва аломатҳо мекашид. Дониши географии одамон дар бораи Замин маҳдуд буд. Онҳо ғайр аз наботот, ҳайвонот, манбаъҳои обу қабилаҳои атрофи маҳалли худ, дар бораи дигар маҳалҳои рӯйи Замин тасаввурот надоштанд Ба вуҷуди он, унсурҳои аввалини донишҳои географӣ   зиёд ба вуҷуд омада буд. Он халқҳое, ки соҳиби хат буданд, дониши географии нисбатан доштанд.

Ҳазорсолаҳо муқаддам, баробари ба вуҷуд омадани хат, сохтани киштиҳои белу бодбондор ва ихтирои қутбнамо одамон имконият пайдо карданд, ки ба масофаи дур шино кунанд. Ин доираи донишро дар бораи Замин васеъ кард. Баҳрнавардону сайёҳон ҳодисаҳои дидаву нақлҳои шунидаи худро навишта, акси мавзеъҳоро ба нақша мегирифтанд. Он нақшаҳои қисмҳои начандон калони сатҳи Замин вазифаи харитаи географиро иҷро мекарданд.  Ҳазорсолаҳо харитаи муфассали олам вуҷуд надошт. Фаҳмишҳо оид ба шакли Замин ба маскани зисти одамони қадим вобаста буд.  Масалан, вобаста ба табиати атроф, мардуми Бобулистони қадим чунин меҳисобиданд, ки Замин шакли кӯҳро дошта, дар нишебиҳои ғарбиаш Бобулистон ҷойгир аст. Ҳиндуҳои қадим чунин меҳисобиданд, ки Замин дар болои филҳо ҷойгир буда, филҳо бошанд, дар навбати худ, дар болои сангпушт ҷойгиранд (расми 1).

1. Тасаввуроти одамони қадим дар бораи шакли Замин

Азбаски қисме аз юнониҳои қадим сокини ҷазираҳо буданд, онҳо чунин меҳисобиданд, ки Замин шакли сипари барҷаста дошта, аз ҳама тараф бо об иҳота шудааст.

Аввалин шуда олими Юнони қадим Арасту ҳангоми ҳусуфи (гирифтани) Моҳ дар рӯйи он ба таври кура афтидани сояи Замин ва баробари ба кӯҳ баромадан васеъ шудани хати уфуқро  мушоҳида намуда, курашаклии Заминро исбот кард.

Вақте ки курашаклии Замин исбот гардид, олими дигари Юнони қадим Эратосфен андозаи Заминро ҳисоб карда, харитаи нисбатан мукаммали оламро тартиб дод.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Расми 2.  Аввалин далелҳои курашаклии Замин

Ба андӯхтани дониш дар бораи Замин олимони гузаштаи мо Абӯзубайди Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ низ саҳм гузоштаанд. Абӯалӣ ибни Сино курашаклии Заминро эътироф мекард. Аз сабаби он ки Замин кура аст, сатҳи оби рӯйи он ҳам ба кура шабоҳат дорад. Бинобар ин, мегӯяд Сино, дар об (баҳри кушод) киштиро …ибтидо сари бодбонаш намоён мешавад, баъд садри киштӣ падидор (намоён) мегардад (расми 2). Дертар экспедитсияи баҳрнавард Ф. Магеллан дурустии ақидаи Арасту ва Синоро исбот карда буд. Аз олимони дигари асримиёнагӣ Абӯрайҳони Берунӣ аввалин шуда андозаи Заминро чен кард, Он аз натиҷаи ченкунии замони мо 110 км фарқ мекунаду бас. Абӯрайҳон Берунӣ аввалин бор дар Шарқ, эҳтимол дар ҷаҳон низ, глобусе сохт, ки қутри (диаметри) он беш аз 5 метр буд. Ӯ барои тавсифи шакли Замин истилоҳи кураи Заминро истифода кард. Берунӣ дар Шарқи Миёна роҷеъ ба ҳаракати эҳтимолии Замин дар гирди Офтоб, яъне системаи гелиосентрии олам андеша ронда буд. Ӯ яке аз аввалин муҳаққиқони ҳодисаҳои геологӣ, маъданҳо ва сангҳои қиматбаҳо мебошад. Абӯзубайди Балхӣ 20 харита тартиб дода буд. Онҳоро баъдтар ҷамъбаст намуда, ҳамчун «Атласи исломӣ» ба табъ расонданд. Дар харитаи оламе, ки ӯ офаридааст, Замин ба шакли доира тасвир ёфтааст.

Кашфиётҳои бузурги географӣ


Саволҳо

  1. Тасаввуроти одамони кадим дар бораи Замин чи гуна буд?
  2. Курашаклии Заминро аввалин шуда кадом олими Юнони кадим исбот кард?
  3. Андозаи Заминро кадом олими Юнони кадим хисоб кардааст?
  4. Кадом олими Шарк курашаклии Заминро эътироф мекард?
  5. Аввалин глобусро дар Шарк ки сохтааст?
  6. Арасту ва Сино курашаклии Заминро дар асоси кадом далелхо исбот карданд?
  7. Экспедитсияи кадом бахрнавард фикри он олимонро исбот кард?

ТАСАВВУРОТ ВА ДОНИШХОИ ГЕОГРАФИ ДАР БОРАИ ЗАМИН, Тасаввуроти одамони кадим дар бораи Замин

ҚаблӣАҳамияти географияи табиӣ дар фаъолияти хоҷагии инсон
БаъдӣКашфиётҳои бузурги географӣ