4.Ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ. Қишри Замин асосан аз ҷинсҳои таҳшин ва магмавӣ таркиб ёфтааст. Онҳо дар чуқурии Замин таҳти фишори ҷинсҳои дар боло ҷамъшуда ва ҳарорати баланд тағйир меёбанд ва аз як шакл ба шакли дигар мегузаранд. Дар натиҷа аз ҷинсҳои кӯҳии таҳшин ва магмавӣ ҷинсҳои кӯҳии нав ҳосил мешаванд, ки бо хусусиятҳои худ фарқ мекунанд. Ин тағйирёбиҳо хеле суст, дар давоми садҳо, миллионҳо сол мегузаранд. Дар натиҷа оҳаксанг ба мармар, регсанг, кварсит, гил ба варақсанги гилӣ, хоросанг ба гнейс (хоросанги зич) табдил меёбанд.
Ҷинсҳои кӯҳиеро, ки дар чуқурии зиёд таҳти фишор ва ҳарорати баланд тағйир меёбанд, ҷинсҳои метаморфӣ меноманд.
Метафорфоза чист?
Худи ҳодисаи тағйирёбии ҷинсҳои кӯҳиро метаморфоза мегӯянд. «Метафорфоза» калимаи юнонӣ буда, маънои он тағйирёбӣ аст.
Ҷинсҳои метаморфӣ ва магматикӣ ҳам бетағйир намемонанд. Онҳо бо мурури замон, дар натиҷаи баланд шудани қитъаҳои алоҳидаи қишри Замин ва сатҳи онро шустани обҳои равон ба сатҳи Замин мебароянд. Онҳо бо таъсири гармӣ, хунукӣ ва рутубат вайрон шуда, ҷинсҳои шикастаи таҳшиниро ҳосил мекунанд.
Фарки чинсхои кухи
5.Фарқи ҷинсҳои куҳӣ. Ҷинсҳои куҳӣ аз якдигар на фақат аз ҷиҳати пайдоиш, инчунин бо сохту таркиби худ фарқ мекунанд. Таркиби ҷинсҳои магматикӣ ва метаморфӣ донашакл (хоросанг), булӯрӣ (кварсит, мармар) мешаванд. Ҷинсҳои таҳшин аксар вақт ба шакли қабат-қабат мехобанд. Дар байни қабатҳои онҳо боқимондаҳои наботот ва ҳайвонот мушоҳида мешаванд. Дар қабати таҳшиниҳо инчунин зарраҳои тилло, алмос, платина ва ғайраро дидан мумкин аст. Онҳо дар натиҷаи ҷинсҳои магматикиро вайрон кардани обҳои равон ҳосил шуда, бо таҳшинҳо якҷоя мехобанд.
- Ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ чӣ тавр пайдо шудаанд?