Маълумот дар бораи Ҷамоати таблиғ (диншиносӣ)

Маълумот дар бораи Чамоати таблиг (диншиноси).


Ҷамоати таблиғ.Муассиси ин ташкилот шайх Муҳаммад Илёси Кондеҳлавӣ (13031885-6-13641944-5) мебошад. Кондеҳла яке аз деҳаҳои вилояти Саҳорнуфӯри Ҳиндустон буда, Илёс дар он ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар ҳамин ҷо гирифтааст. Баъд ба Деҳлӣ рафта дар мадрасаи бузургтарини ҳанафиён Девбанд, ки дар соли 1868 таъсис ёфта буд, таҳсил кард.

Баъди хатми таҳсил бо ҷамоае иборат аз устодони мадраса, ҳамшаҳриҳо, писару хешовандонаш ҷамоаи таблиғро созмон дод. Аъзоёни ин ҷамоат вазифаи худро дар таблиғи фазилатҳои ислом ба ҳар касе, ки ба ӯ наздик шудан мумкин бошад, мебинад.

Ба ақидаи аъзоёни ин «Ҷамоат» фаъолияти онҳо аз ояи зерин маншаъ мегирад: «Кунтум хайру умматин ухриҷат линноси…..» (Сураи 3 Оли Имрон, ояи 110)-«Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардуми падидомада (, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред)».

Муассиси ҷамоати таблиғ барои фаъолияти он риояву таблиғи 6 асл (принсип)-ро зарур донистааст:

  1. Калимаи таййиба: «Ло илоҳа илло-л-Лоҳу Муҳаммадун-Расул- л-Лоҳ»,
  2. Ташкил ва барпо доштани намозҳо,
  3. Илм ва зикр,
  4. Икроми ҳар мусулмон,
  5. Ихлос,
  6. Хурӯҷ ва баромадан дар роҳи худованд.

Тарзи корбарияшон ин тавр аст: якчанд нафар аз аъзоёни ҷамоат худро барои таблиғи исломӣ бурдан дар ягон деҳае вазифадор месозанд. Дар рӯзи муайяне бо худ рахти хобу хӯрокии сабук гирифта ба он деҳа мераванд. Дар он ҷо бошишгоҳе ёфта, чанд нафар барои танзифи бошишгоҳ машғул мешаванд.

Дигар аъзоён зикргӯён дар кӯчаю бозори деҳа гашта мардумро барои шунидани мавъиза ба ҷои муайян даъват менамоянд. Чун мардумон ҷамъ шуданд, ба мардум аз фазилатҳои ислом сухан гуфта, баъди интиҳои сухан мардумро ба гурӯҳҳо ҷудо мекунанд. Ба як гурӯҳ тарзи таҳорат, ба гурӯҳи дигар сӯраи фотиҳа, ба гурӯҳи сеюм-тарзи адокунии намоз ёд дода мешавад. Баъди дар давоми 3 ё 5 ё 7 рӯз ёд гирифтани аркони ислом, аз байни ҳамин гурӯҳҳо чанд нафаре аъзои «Ҷамоат» шуда, ҳамроҳи аъзоёни пешина ба таблиғ машғул мешаванд.

Ҳар узви ҷамоати таблиғ бояд ба шайхе байъат кунад. Яъне шайхеро пешвои худ қарор дода, ба ӯ савганди вафодорӣ ёд кунад. Мабодо агар узви ҷамоати таблиғ бимираду дар ҳаёташ ба шайх байъат накарда бошад, ӯ кофир мурдааст. Дар ин модда моҳияти реаксионии ҷамоати таблиғ зоҳир мегардад, зеро шайх метавонад ба муриди худ супоришҳои зиддидавлатӣ бидиҳад ва мурид бояд онҳоро иҷро намояд.

Ҷамоати таблиғ дар Ҳинд, Покистон, Бангладеш, Сурия, Урдунн, Фаластин, Лубнон, Миср, Судон ва Ироқу Ҳиҷоз пайравони худро дорад. Ҷамоати таблиғ ба Тоҷикистон низ роҳ ёфт.

Дар соли 2006 фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шуд. Бо вуҷуди он «Ҷамоат» фаъолият мебурд. Чунончи дар моҳи марти соли 2009 дар вилояти Хатлон 46 нафар ва дар моҳи апрел дар яке аз масҷидҳои ш. Душанбе 124 нафар «таблиғчиён» дастгир карда шуданд. Баъд аз тафтиш аксари онҳо ҷавоб дода шуда, як қисми ками онҳо ба мӯҳлатҳои аз 3 то 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда шудаанд.

Таблиғчиён худро аз сиёсат канор гирифтан мехоҳанд. Вазифаи худро дар таблиғи фазилатҳои ислом мебинанд, вале ҳангоми таблиғ хоҳ-нохоҳ ба масоили сиёсӣ бархӯрд менамоянд.

Маркази Ҷамоати таблиғ дар маҳаллаи Низомиддини шаҳри Деҳлӣ қарор дорад.

Дар масъалаҳои молиявӣ-ҳар як узви «Ҷамоат» бояд худаш масрафи худро бипардозад. Сарчашмаи дигари молии «Ҷамоат» аз ҳисоби кӯмакҳои мухталифи шахсону ташкилотҳои алоҳида иборат мебошад. Баъзе сарватмандон ба доиёни алоҳида маблағҳо мепардозанд.


ҚаблӣМаълумот дар бораи Салафия (диншиносӣ)
БаъдӣХулосаҳое оиди курси «Таърихи динҳо»