Хулосахое оиди курси «Таърихи динхо»
Аз он чи ки дар ин курс мавриди диққати донишҷӯён пешкаш гардид, маълум мешавад, ки дин яке аз падидаҳои хеле муҳими идеявию иҷтимоӣ дар ҳаёти инсоният будааст. Муҳимии дин пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, аз ҳамон рӯзе, ки инсон худашро ҳамчун одам шинохт, дин бо ӯ ҳамроҳ будааст. Динҳо, эътиқодоту тасаввуротҳои динӣ фарогири ҳама гуна ҷамъиятҳои инсонӣ сарфи назар аз қабилаю қавмият, нажоду ҷинсу миллат будаанд.
Тибқи марҳилаҳои инкишофи инсон маросиму тасаввуротҳои динии ӯ низ тараққӣ мекарданд. Агар дар давраҳои қадимтарини таърихи худ инсон эътиқодоту тасаввуротҳои динии содае мутобиқи тафаккуру фаҳмиши содаи худ дошта бошад, баъдҳо мутобиқи пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоию ақлонӣ маросиму эътиқодоти динии инсон низ мураккабтару печидатар мегардиданд.
Омӯзишу таҳқиқи таърихи динҳо нишон дод, ки динҳо (хусусан динҳои ибтидоӣ) мисли халқҳо дар дунё пайдо мешаванд, баъзе аз онҳо тағйир меёбанд, нест мешаванд ё ҳамчун унсуре дар маросимҳои динии халқе боқӣ мемонанд. Новобаста ба ин бояд дар назар дошт, ки тасаввуроту эътиқодоти динӣ ниҳоят сахтҷон мебошанд ва дар тӯли таърихи мавҷудияти худ ҳар дин кӯшиш менамояд то маросиму идеяҳои асосии худро нигоҳ дорад. Фақат дар зери таъсири сахти берунӣ баъзе маросимҳои динӣ метавонанд тағйир бипазиранд ё мураккабтар гарданд.
Дар хусуси нақши дин дар ҷомеаи инсонӣ баҳои якхела додан душвор аст. Аз як тараф нақши дин дар густариши ахлоқи ҳамида дар ҷомеа калон бошад, аз тарафи дигар инквизиция дар кишварҳои ғарбӣ ҳазорон одамонро дар оташ сӯзонида, нест кард. Ё гирем ҷангҳои салибиро, ки дар зери байрақи дин онҳо ба куштори мардуми зиёд сабаб гардиданд. Ҳатто имрӯз ташкилоти реаксионии динӣ ал-Қоида ба ташкили таркишҳои зиёд дар гӯшаю канорҳои олам ба қатли мардуми зиёди бегуноҳ сабаб гардида истодааст.
Нақши динҳо дар ривоҷу пешрафти санъат, адабиёт ва густариши саводнокӣ дар олам бемисл аст. Маҳз идеяҳои динӣ (аз буддоия сар карда) боиси пайдо гаштани намунаҳои волои санъати ҳайкалтарошӣ ва рассомӣ гардиданд.
Нақши дин дар тақдири инсон низ дуҷониба аст: аз як тараф дин бо идеяи ҳаёти бофароғат дар он дунё тасаллобахши инсони одию фақир аст. Аз тарафи дигар, инсон бадбахтӣ ва фақирии худро аз тақдир дида, барои беҳтар кардани сатҳи ҳаёти худ кӯшиш намекунад.
Дин дар таърихи ҳаёти башарият нақши калон дошт ва дорад. Нақши он натанҳо дар таърихи тамаддуни инсоният, балки дар ҳаёти иҷтимоии халқҳо бисёр муҳим аст. Фақат бояд дар назар дошт, ки дараҷаи диндории баъзе халқҳо аз халқҳои дигар фарқ карда меистад. Худи диндорӣ низ дар ҷаҳони имрӯза ҳархела мебошад. Дар баъзе кишварҳо пояҳои диндорӣ ба сабаби пешрафтҳои азими илмию техникӣ каме суст гардидаанд, дар баъзе кишварҳои дигар бошад нақши дин ҳозир ҳам муассир аст.
Аз мудирият: Ёдовар мешавем, ки китоби мазкур “Таърихи динҳо” ном дошта ба Ғолиб Ғоибов тааллуқ дорад. Мавзӯҳои китоби мазкур алоҳида дар сомона дар бахши “Таърихи динҳо – диншиносӣ” нашр шудаанд, ки метавонед дастрас кунед.