Маълумот дар бораи Салафия (диншиносӣ).
Дар тӯли се соли ахир (2007-2009) дар ҷумҳурӣ гурӯҳҳои ҷавононе пайдо шудаанд, ки онҳо худро «салафӣ» меноманд. Номи худро гӯё онҳо аз «салафи солеҳ» (гузаштагони накӯкор) гирифтаанд.
Тибқи мазмуни ҳадисе-касоне, ки дар се қарни аввали ислом зиндагӣ кардаанд, «салафи солеҳ» номида мешаванд. Вале дар асл салафиҳои имрӯза ба он «салафи солеҳ»-и асрҳои VII-IX кору алоқае надоранд. Салафиҳо дар Тоҷикистон дар зери таъсири доираҳои махсуси сиёсию динии хориҷии Арабистони Саудӣ ва Амороти Араб пайдо шудаанд. Яке аз назариётчиёни асосии ин равия Носириддини ал-Албонӣ (асри XX) мебошад. Мабдаи асосии назариявии салафиҳоро инкори ҳамаи мазҳабҳои аҳли суннат ва хусусан –шиа ташкил медиҳад.
Ал-Албонӣ ҳамчун ваҳҳобиҳо талаб мекунад, ки бояд ба исломи тозаи се асри аввали он бозгашт. Нафақат дар ин масъала, балки дар масоили дигари фаровон аз қабили зиёрат накардани мазорҳо, Қуръон нахондан дар сари қабрҳо, хайру садақа накардан ба арвоҳи гузаштагон ва ғайраҳо низ салафиён мисли ваҳҳобиён амал менамоянд.
Тарзи номгузории салафиёну ваҳҳобиён як хел аст: дастҳояшонро монанди ҳанафиён на дар зери ноф, балки дар болои сина мебанданд, пойҳояшонро васеъ мегузоранд, ҳангоми «вало золлиин» гуфтани имом ба овози баланд «омин» мегӯянд, вале азбаски ваҳҳобиён дар таърих ба сабаби хунрезиҳои бисёр ва қатли мардуми зиёди бегуноҳ худро бадном карда буданд, барои фарқ гузоштан аз онҳо худро салафӣ номиданд.
Дар ибтидои пайдоиши салафия дар Тоҷикистон мақомоти марбутаи қудратӣ ба ин факт эътибори ҷиддӣ надоданд. Гуфтанд, ки «салафиҳо қонунҳои мавҷудаи давлатро риоя мекунанд. Даъвои онҳо асосан роҷеъ ба усулҳои ибодат аст (то ҳол) даъват барои сарнагун кардани сохти давлатдорӣ аз ҷониби онҳо сар назадааст. Барои як идея намешавад одамро маҳкум кард».
Ба сабаби ана ҳамин гуна саҳлангории мақомоти қудратӣ дар ҷумҳурӣ ва хусусан дар маркази он шаҳри Душанбе дар як қатор масҷидҳо кор ба таҳқири якдигару занозанӣ байни ҳанафиёну салафиён кашид. Равияи нав боиси нооромию ташаннуҷ дар байни мусулмонон ва омили ҷудоиандозӣ гардид. Гузашта аз ин, дар матбуот мақолаҳое ба табъ расиданд, ки муаллифони онҳо ки будани асли салафиҳо, барнома ва мақсаду мароми ояндаи онҳоро кушода доданд.
Ин буд, ки Вазорати адлияи ҷумҳурӣ дар соли 2009 салафияро равияи ифротӣ дониста, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ кард.