Фазлиддин Муҳаммадиев

Ман аз бегонагон ҳаргиз нанолам,
Ки бо ман ҳар чӣ кард, он ошно кард.

Ҳофиз

Фазлиддин Муҳаммадиев 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи саҳҳоф (ҷилдсоз) ба дунё омадааст.

Баъди хатми мактаби миёна ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» буд. Соли 1951 мактаби марказии комсомоли Кумитаи марказии комсомолро дар шаҳри Маскав хатм намуд ва ба кори рӯзноманигорӣ машғул шуд. Ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» («Комсомоли Тоҷикистон»), муҳаррири «Газетаи муаллимон», мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули маҷаллаи «Занони Тоҷикистон», мудири шуъбаи наср ва котиби масъули маҷаллаи «Шарқи сурх» («Садои Шарқ») буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Соли 1962 курсҳои олии адабиро дар назди Институти адабии ба номи М. Горкий дар шаҳри Маскав хатм намуда, дар идораи маҷаллаи «Хорпуштак», киностудияи «Тоҷикфилм» ва нашриёти «Ирфон» кор кардааст. Баъдтар вазифаҳои мудири нашрияи Сарредаксияи Энсиклопедияи Советии Тоҷик, сармуҳаррири Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба Кинематографияро ба уҳда дошт.

Аз июни 1978 котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Очерку ҳикояҳои аввалини Ф. Муҳаммадиев дар нимаи дуюми солҳои 50-ум дар матбуот пайдо шуданд. Масалан: «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956), «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ва ғайраҳо.

Соли 1958 маҷмӯаи очерку ҳикояҳои ӯ, соли 1960 повести «Таркише, ки ба вуқӯъ наомад», соли 1963 «Одамони куҳна», соли 1964 «Бибӣ – Зайнаб», соли 1969 маҷмӯаи ҳикояҳо таҳти унвони «Сози мунаввар» аз чоп баромадаанд.

Соли 1974 романи «Палатаи кунҷакӣ» ба табъ расид. Қариб ҳамаи асарҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шудаанд.

Асарҳои Ф. Муҳаммадиев ба забонҳои ӯзбекӣ, латишӣ, арманӣ, эстонӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қирғизӣ, украинӣ, бело- русӣ, олмонӣ, полякӣ, арабӣ, венгерӣ, чехӣ ва булғорӣ низ тарҷума шудаанд.

Аз рӯи сенарияҳои Ф. Муҳаммадиев киностудияи «То- ҷикфилм» филми бадеии кӯтоҳметражи «Задухӯрд» (1973); филми мустанади «Субҳи кишвари ман» (1974), филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980) ва ғайраро ба навор гирифт. Филми бадеии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар кинофестивали XIII сазовори мукофот ва дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ, ки дар шаҳри Тошканд гузашт, сазовори диплом гардид.

Фазлиддин Муҳаммадиев дар соҳаи тарҷумаи бадеӣ заҳмати самараноку сермаҳсул ба харҷ додааст. Тарҷумаҳои тоҷикии романҳои Андре Стил «Зарбаи аввал», М. Садовя- ну «Ҷазираи гулҳо», повестҳои Чингиз Айтматов «Ҷамила», «Алвидоъ, Гулсарӣ», М. Левин «Ҳаяҷони севум», А. Қаҳҳор «Модаркалони меҳрубони ман», «Овоз аз тобут», В. Губарев «Муъҷизакори бузург» ва ҳикояҳои алоҳидаи Чехов, Драйзер ва нависандагони пешқадами адабиёти хориҷӣ ба қалами Фазлиддин Муҳаммадиев мутааллиқанд. Фазлиддин Муҳаммадиев бо унвони ифтихории Корман- ди Шоистаи маданияти Тоҷикистон ва Ҷоизаи адабии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мушарраф гардидааст. Ӯ 16-уми октябри соли 1986 аз олам даргузаштааст.


Тарчумаи холи шархи холи зиндагиномаи Фазлидин Мухамадиев биография на таджикском языке бо забони точики.

Боқӣ Раҳимзода

ҚаблӣШеърҳо аз ашъори Муҳиддин Аминзода
БаъдӣДар бораи Забон ва нутқ