Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат

Мазхабхои ахли суннат ва чамоат.


Мусулмонони ҷаҳон, ки шумораи онҳо дар ҳудуди тақрибан 1,5 миллиард маҳсуб мегарданд, асосан қариб ҳама дар мазҳаби аҳли суннат қарор доранд. Чи тавре зикр шуд, аз ин шумора 120-150 миллиони онҳоро шииён ташкил медиҳанд. Сунниҳо ин номро ба сабаби ҷиддан пайравӣ намудан ба суннатҳои (рафтору гуфтори) пайғамбари мусулмонон гирифтаанд ва онҳо худро «аҳли суннат ва ҷамоат» меноманд.

Вале дар тӯли таърих мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат низ бетағйир намондааст. Дар асрҳои VIII-IX дар он чор мазҳаб пайдо гардид. Ин мазҳабҳо бо номҳои асосгузорони онҳо номида шуданд. Мазҳаби ҳанафӣ аз номи асосгузори он Имоми Аъзам Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит (699-767) гирифта шудааст. Ин мазҳаб дар ҷаҳон аз ҳама паҳншудатарин мебошад. Мардуми Осиёи Миёна, Бошқирдистон, Тотористон, Туркистони Шарқӣ, Афғонистон, як қисми Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Туркия, Сурия, нисфи Ироқ, як қисми Эрон аксари Миср , Балкан, Индонезия, Хитой ва як қатор давлатҳои дигар дар мазҳаби Абуҳанифа қарор доранд. Аз рӯи баъзе маълумотҳо ҳанафиён зиёда аз нисфи мусулмонони ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Хизмати бузурги Абуҳанифа дар он аст, ки ӯ аввалин шуда фиқҳи исломӣ (ҳуқуқи исломӣ)-ро кор карда баромад.

Шофеиён дар мазҳаби Имом Шофеӣ (ваф. 820), моликиён дар мазҳаби имом Молик (ваф. 795) ва ҳанбалиён дар мазҳаби имом Ҳанбал (ваф. 855) қарор доранд. Ҳар чори ин мазҳабҳо мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат дониста шуда, байни ҳамдигар баъзе фарқҳои ҷузъӣ доранд. Масалан, ҳанбалиҳо ҳангоми намоз мисли ҳанафиҳо дастҳояшонро на дар зери ноф, балки баробари сандуқи сина мебанданд.

Ё ки, онҳо дар намоз пойҳои худро васеъ гузошта ҳангоми тамом шудани хондани сураи фотиҳа бо овози баланд якҷоя «омин» мегӯянд ва монанди инҳо. Дар фиқҳи аҳли суннат ин ҳар чори мазҳабҳо як хел қувват доранд ва агар касе хоҳад аз як мазҳаб ба мазҳаби дигар гузарад, ихтиёр дорад ва касе гунаҳкор намегардад.

Аз мазҳабҳои мазкур мазҳаби ҳанбалӣ бештар дар Арабистони Саудӣ ва моликӣ – дар Африқои Шимолӣ, (Тунис, Мағриб, Алҷазоир, Миср, Либия) шофеӣ-дар Мисру Урдуни, Индонезия, Сурия ва нисбатан камтар дар Кавказ паҳн гаштаанд.


ҚаблӣМаълумот дар бораи Шиаҳо. Ташайюъ. Ташкилёбии ҷараёнҳои динию сиёсӣ дар ислом
БаъдӣМаълумот дар бораи Суфизм, Сӯфӣ, Тасаввуф