Абул Қосими Заҳровӣ (аввалин ҷарроҳ)

Пешгоми пизишкони ҷарроҳӣ ва аввалин ҷарроҳи зебоӣ

Абул Қосими Заҳровӣ соли 422 – и ҳиҷрӣ мутобиқ бо соли 1030-и милодӣ дар шаҳри Заҳрои Андалус (Испониёи имрӯза) ба дунё омада, дар соли 1106-и милодӣ вафот намуда аст.

Ин нобиғаи бузургвор ҳосили шукуфае аз ғунчаҳои гулистони Муҳаммадӣ аст – дуову дуруду раҳмати Аллоҳ бар равони покаш бод – ки бо маҳоратҳои илмиву истеъдодҳои фавқулоддаи фикриаш пояи соҳаи ҷарроҳӣ ва чигунагии анҷом додани онро асос гузошта, бо ихтироъ намудани олоту асбоби фанновариҳои пешрафтаи замонаш шуҳрати оламгир пайдо намуда аст.

Дар олами ғарб аз ӯ бо номи ALBUCASIS ва ABULCASIS (Абул Қосим) ном бурда, алломаи илму фан Абул Қосими Заҳровиро ҳамчун шахсияти соҳибфазл ва олими беҳамто ёд менамоянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Абул Қосим Заҳровӣ аввалин ҷарроҳи зебоӣ дар олам аст, ки дар қарни 4-уми ҳиҷрии қамарӣ (қарни 10-уми милодӣ) умр ба сар бурда, ҷарроҳиҳои аҷиберо дар соҳаи ҷарроҳии зебоӣ анҷом дода аст.

Ҷолиб инҷост тамоми он васоилу асбобе, ки аз ҷониби ин донишманди мусалмон барои анҷом додани ҷарроҳиҳои зебоӣ ихтиро шуда буданд, то ба имрӯз ба ҳангоми ҷарроҳиҳои зебоӣ ва дандонпизишкӣ дар шарқу ғарб тавассути ҷарроҳон истифода бурда мешаванд. Яъне ҳудуди ҳазору сад сол то ба имрӯз тамоми ҷарроҳони олам дар ҷарроҳиҳояшон аз он асбобҳо истифода намуда, дар ин соҳа худро дар баробари ихтирооти оливу нодири ин донишманди мусалмон сархаму мӯҳтоҷ медонанд.

Ин нобиғаи мусалмон дар таърихи инсоният аввалин шуда донишномаи тиббиеро дар 30 ҷилд ба номи “Аттасриф лиман ъаҷаза ъанит-таълиф” ба риштаи таҳрир дароварда аст. Ӯ дар ин донишномаи бисёр ҳам арзишмандаш дар мавриди амалиётҳои гуногуни ҷарроҳӣ, дар барои аз байн бурдани варами бинӣ, чигуна рафтор намудан бо ҷароҳатҳои чашм, гӯш, бинӣ, чеҳра, димоғ, гулӯ ва даҳону дандонҳо сухан ба миён оварда аст. Ҳамчунин дар ин донишнома бештар аз 200 асбоби ҷарроҳиро зикр намуда, кай ва чигуна истифода намудани ҳаряки онро баён намуда аст.


Абул Косими Захрови (аввалин чаррох), Пешгоми пизишкони чаррохи ва аввалин чаррохи зебои, чаррохи точик, аввалин чаррох дар таърих.

ҚаблӣМавқеи забони тоҷикӣ дар доираи забонҳои ҳиндуаврупоӣ
БаъдӣМунозира бо хар (Қонуни харият)