Аз суҳбати дугонахо (Латифа)

АЗ СӮҲБАТИ ДУГОНАҲО, Латифахои хандаовар дар ин мақола

духтари точик, таджичка, девушки таджикистана

– Дугонаҷон, ин қадар худро оро додаӣ.
– Меҳмонӣ меравам.
– Ҳеҷ монанд не-ку. Димоғсӯхта менамоӣ? Худаш куҷо меравӣ?
– Хонаи хушдоманам.


– Дугонаҷон, дар пиёла чӣ дорӣ?
– Ба хушдоманам хӯрок мебарам.
– Дар пиёла?
– Хушдоманам авқоти зиёд хӯранд, меъдаашон вайрон мешавад.


– Дугонаҷон, бо бачаҳоят турнақатор шуда куҷо меравед?
– Ресторан, ба тӯйи ҳамсоя.


– Ҳа, дугона, дар бағалат чиро пинҳон мекунӣ?
– Кафшҳоям кӯҳна шудаанд. Дар хонаи ҳамсоя бо пойпӯши нави як меҳмон алиш кардам.


– Дугонаҷон, чаро набераҳоят туро онаю вай модаркалонашонро “онаҷон” мегӯянд?
– Вай модари келинам-дия.


– Дугонаҷон, аз куҷо меоӣ?
– Аз пеши табиб.
– Чӣ шуд?
– Сарам дард мекунад.
– Табиб чӣ гуфт? Аз чӣ будааст?
– Аз серҷоғӣ. Камтар гап зада, камтар иғвогарӣ кунед, нағз мешавед гуфт.


– Дугонаҷон, дар ин ҳавои гарм куҷо меравӣ?
– Бозор.
– Ду писарат мошин доранду ту пиёда меравӣ?
– Мошинҳо банд. Писари калонам набераамро мактаб мебарад, писари хурдам, занашро ба кор.


– Дугона, чаро хӯрокатро дар кӯча мехӯрӣ?
– Э дугонаҷон, дар хонаамон камера гузоштагӣ.


– Дугона, дар ин ҳавои гарм, дар пеши дарвоза чӣ мекунӣ?
– Э дугонаҷон, келин ҳоло хоб. Дар ҳавлӣ ҷунбуҷӯл карда, вайро бедор накунам.


– Дугона, чаро духтарат кӯдак надорад?
– Вай намехоҳад “фигурааш” вайрон шавад.


– Дугона, духтарат ба одам салом намедиҳад.
– Шавҳараш мудири фирма шудааст.


– Дугонаҷон, чаро ин қадар дегу табақ, асбоби рӯзгорро харид кардӣ?
– Э дугонаҷон, шаб келин рӯзгорро ҷудо мекунем гуфт.


– Дугонаҷон, вай ҷавонписаронро бин, ки дар тан либосҳои аҷиб доранд. Бо майкаи сафед шими илма тешукро пӯшидаанд.
– Дугона, онҳо яктеш домодам, дуюмаш духтарам аст.


– Дугонаҷон, ман кори ҳамкасбамро чӣ хел гирифтанро надонисем.
– Ту ба дугонаат маслиҳат дода, ба хориҷа фиристон.


– Ҳа, дугона, чаро дар болои гилем нишастаӣ?
– Ин кӯрпачаҳо барои меҳмон. Андозам кӯҳна мешавад.


– Дугонаҷон, чӣ хел алами ҳамсояро оварданро намедонам.
– Бо душманаш дӯст шав.


– Дугонаҷон, чаро дар косаи шикаста таом мехӯрӣ?
– Чиннивориҳо зеби ҷевон. Барои ҳамин эҳтиёт мекунам.


– Дугонаҷон, ба хонаат ҳар рӯз аз гӯристон мегузарӣ. Магар аз мурдаҳо наметарсӣ?
– Ту чӣ мегӯӣ дугона. Аз мурдаҳо не, аз зиндаҳо тарсидан даркор.


– Дугонаҷон, дирӯз туро дар қафои тиреза дидам. Магар ойна тоза мекардӣ?
– Не, гапи авсунамро гӯш мекардам.


Латифа афанди точики

Чанд латифаи халқӣ (афанди точики)

ҚаблӣЧӣ дар куҷо пайдо шудааст? (Ватани Тарбуз, Харбуза, Сабзӣ …)
БаъдӣИхтироъ ва кашфиётҳои аввалин

3 шарҳ

  1. Аз латифаҳои аҷоиб бисёртар видио ролик бошад хубтар мешуд Латифаҳои аҷоиб бисёр шудангирад

    • Албатта ба назар мегирем, дӯсти азиз. Агар шумо ҳам латифаи намакине медонед метавонед инҷо нависед.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед