Хикояти «Чухи» – хикояхо аз Маснавии маънави – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ.
Ҳикояти мазкур дар байни мардуми тоҷику форс хеле машҳур аст. Мавлоно онро бисёр шевову гуворо ба риштаи назм кашидааст:
Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолид, бармекӯфт сар.
К- «Эй падар, охир, куҷоят мебаранд?
То туро дар зери хоке биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир,
Не дар ӯ қолию не фаршу ҳасир.
Не чароғе дар шабу не рӯз нон,
Не дар он бӯйи таому не нишон.
Не дараш маъмур, не сақфу на бом,
Не дар ӯ баҳри зиёе ҳеҷ гом.
Не дар он аз баҳри меҳмон оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя, к-ӯ бошад паноҳ.
Ҷисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун шавад дар хонаи кӯру кабуд?
Хонаи безинҳору ҷойи танг,
К- андар он не рӯй мемонад, на ранг».
З-ин насақ авсофи хона мешумурд,
В-аз ду дида ашки хунин мефишурд.
Гуфт Ҷуҳӣ бо падар: «Эй арҷманд!
Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд!»
Хонаи морост бе тазвиру шакк!
Не ҳасиру не чароғу не таом,
Не дараш маъмуру не сақфу на бом!»
Воқеан, шояд ин латифа ё ҳикоят дар рӯзгори Мавлоно иншо шуда бошад ва ё худи Ҷалолиддин нахуст онро эҷод карда ва пасон дар байни мардум шуҳрат ёфта бошад. Зеро дар замони зиндагии Мавлоно дар натиҷаи қатлу ғорати муғулони хунхор ҳаёти оммаҳо бисёр вазнин шуда буд ва рӯзгорашон вазнин гардид.
Рӯзгори сахти мардумро ӯ бо чашми худ дид ва дар зимни ҳикояти мазкур қашшоқӣ, нодории халқро воқеъбинона инъикос намуд. Мавлоно тасвири бурдани тобути шахси бечораеро ба гӯристон аз номи писараш басо дардомез ба қалам додааст.
Вақте ки шоир нишонаҳои гӯрро баён мекунад, Ҷуҳӣ ба падараш посух медиҳад, ки хонаи мо чунин аст ва ин майитро ба хонаи мо хоҳанд бурд. Ҷуҳӣ бошад, қаҳрамони латифаҳои халқӣ ба шумор меравад ва бисёр шоиру нависандагон ва гӯяндагони халқӣ бештари фикрҳои танқидиашонро аз номи Ҷуҳӣ баён кардаанд. Мавлоно ҳам дар ин латифа андешаашро аз номи Ҷуҳӣ овардааст.
Дар «Маснавии маънавӣ» Мавлоно ҳикояти «Қиссаи зани Ҷуҳӣ ва ишва додани ӯ қозиро» овардааст. Қозӣ аз ишваю нози зани Ҷуҳӣ мафтун гардида, ошиқи шайдояш мешавад. Зани Ҷуҳӣ бо шавҳараш маслиҳат намуда, ошиқи зор – қозиро ба хонааш даъват менамояд. Ҳангоми суҳбаташон Ҷуҳӣ меояд. Занак қозиро дар сандуқ пинҳон мекунад. Ҷуҳӣ ба занаш мегӯяд, ки фардо ана ҳамин сандуқро ба бозор бурда, онро дар бозор оташ мезанам. Чун фардо мешавад, Ҷуҳӣ ҳаммол меораду сандуқро ба ӯ месупорад, то бар сари чорсӯяш бибарад. Хулоса, ноиби қозӣ аз ин кор хабардор шуда, сандуқро бо сад динор аз Ҷуҳӣ мехарад ва қозиро аз марг наҷот медиҳад.
Баркушоям, гар намеарзад, махар,
То набошад бар ту ҳайфе, эй падар.
Гуфт: «Эй саттор! Бармакшой роз,
Сарбубаста мехарам, бо ман бисоз».
Моҷаро бисёр шуд дар манязид,
Дод сад динору он аз вай харид.
Албатта, Мавлоно аз кору рафтори баъзе намояндагони дини ислом хуб огоҳ буд. Дар байни онҳо ашхоси нолоиқ, ки ба корҳои ношоиста даст мезаданд ва аз мансабу ҷоҳи худ истифода мебурданд, кам набуданд. Рафтори ҳамин гуна ашхосро Мавлоно дар симои қозӣ нишон додаст.


















