Шеър дар бораи Ватан

Шеър дар бораи Ватан дар ин мақола оварда мешаванд. Шеърхо дар васфи Ватан Точикистон шеър >>

Ватан ҷоне, ки дар ҷони ману туст,
Ватан ноне, ки дар хони ману туст.
Ватан ойинаи оби зулол аст,
Ватан покии виҷдони ману туст.

Ватан як пораи нури илоҳист,
Шабафрӯзи шабистони ману туст.
Ватан ишқ аст, ишқи ёри ҷонист,
Ватан – ҷонона, ҷонони ману туст.

Ватан пайваста пайки родмардист,
Ба по истода паймони ману туст.
Дили ӯ дар дили мо мезанад дил,
Ватан дар хуни шарёни ману туст.
Ватан гуфтан кам аст, эй ҷон, Ватан бош!
Ватан дар шонаву шони ману туст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Камол Насрулло


Ватан сар мешавад аз гахвора

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора*,
Ки онро сохта дастони модар.
Ватан беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан хушномию фирӯзии мост.
Ватан сар мешавад з-огарди* деҳқон,
Зи «майдо»-ҳои хирманбодгарҳо*.
Ватан сар мешавад аз бурдаи нон,
Ки мо хӯрдем аз хони* падарҳо.
Ватан дилҷамъию озодии мост,
Ватан хушбахтию ободии мост.
Ватан сар мешавад з-он остоне,*
Ки бар дунёи равшан по ниҳодем.
Ватан сар мешавад з-он пардабоме,
Ки парвозӣ шудему пар кушодем.
Ватан имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.

Лоиқ Шералӣ


Ватан дар синаам бо ин бузургӣ

Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво* гирифтаст,
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.
Сафи амвоҷ* ҳамчун сатри шеърам
Шавад иншо ба рӯйи дафтари дил.
Ситода* рост гӯё кӯҳсораш
Ба мисли посбоне бар дари дил.
Даруни синаи ман хуфта* гӯё,
Ҳама сарбозҳои ҷонсупурда.
Агарчи хуфта онҳо дар дили хок,
Валекин ёдашон дар дил намурда.
Даруни синаи ман бешазорест,
Даруни синаи ман кӯҳу саҳрост.
Даруни синаи ман кӯҳсорест,
Даруни синаи ман ними дунёст.
Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво* гирифтаст,
Ки гӯё чун раги хун аз дили ман
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.

Ҳабибулло Файзулло

Шеър дар васфи Ватан


Шеър дар васфи Ватан

ҚаблӣТашаккули маданият ва фаъолияти оқилона
БаъдӣҶанбаҳои асосии инкишофи ақлии (фикрии) шахсият