Ташхиси омӯзандагӣ

Ташхиси омузандаги.


Ташхисро ҳамчун муносибати умумӣ ва ташхискуниро ҳамчун раванди (қисми таркибии) амалии фаъолияти педагогӣ бояд фаҳмид. Ташхис, бори дигар ёдовар мешавем – ин равшантар кардани ҳамаи шароитҳои ҷоригардидаи раванди дидактикӣ, дақиқ муайян кардани натиҷаҳои он Буда, бидуни ташхис самаранок идора кардани раванди дидактикӣ, ноилгардӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ дар шароити мавҷуда имконнопазир аст. 

Ташхискунии омӯзандагӣ бо анҷом, натиҷаҳои ноилшуда ва омӯзандагӣ фарқ мекунад. Омӯзандагӣ ҳамчун дараҷаи комёбиҳо, ки ҳангоми ташхискунӣ дар амал татбиқкардаи мақсади гузошташуда дида мешавад. Мақсади ташхискунии дидактикӣ сари вақт муайян кардани баёни ва таҳлили ҷараёни раванди таълим пайваста бо маҳсулнокии он мебошад. 

Чӣ тавре, ки мебинем, ба ташхис, нисбат ба санҷиши анънавии дониш, малакаи талабагон маънои хели васеъ ва чуқур гузошта мешавад. Санҷиш сабабҳои пайдошавии ҳодисаҳоро нишон надода, фақат натиҷаҳоро муайян мекунад. Ташхисонӣ бошад, натиҷаҳоро бо роҳу воситаҳои ноилшавиашон, бо зоҳир намудани тамоюл, ҳаракати ташаккулдиҳии маҳсулнокии омӯзиш фаро мегирад. Ташхисонӣ ба худ назорат бахри, санҷиш, изҳор ғуншавии маълумоти эҳсоиявӣ, таҳлили онҳо, муайян кардани ҳаракат, майл, минбаъд ташхискунии инкишофи ҳодисаҳоро мадди назар мегирад. 

Ташхискунӣ, баҳодиҳӣ ба дониш ва маҳорати талабагон низ ҳамчун қисми муҳими таркибии он дохил мегардад. Ин қисматҳо хеле қадимӣ буда, технологияи педагогиро адо карда меоянд. Инҳо ҳанӯз дар шафақи маданият ҳамсафари педагогика ҳамроҳӣ доштанд. Хусусан то ба имрӯз оиди баҳогузорӣ ва технологияи он баҳси тунду тез давом дорад. Садсолаҳо инҷониб педагогҳо нисбати арзандагии баҳогузорӣ, индикатори сифат – муайянкунандаи қатъии азхудкунии толибилмон ва ё баръакс бояд ҳамчун нишондиҳандаи беҳтарин ва ё бо нуқсони ин ё он системаи (методикаи омӯзиш шуданашон) баҳс доранд. Хислати ихтилофӣ доштани баҳои мактабиро ҳанӯз Я. А. Коменский қайд карда, педагогҳоро таъкид намуда буд, ки нисбати баҳогузорӣ оқилона ва бобаркаш рафтор кунанд. Талаботи холисонагӣ агар пайваста ба муносибати гуманистии талабагон гузошта шавад, тамоми системаи дидактикиро паст мекунад. 

К. Д. Ушинский шакли санҷиши замонавиашро сахт танқид карда буд. Камбудиҳои онро нишон дода, қайд карда буд, ки рафтор ва воситаҳои мавҷуда ба фаъолияти ақлии хонандагон фишор меорад. Одатан муаллим аз як ё чандин талаба мепурсад, вале дигарон дар ин ҳолат вақтро зоеъ мегузаронанд. Табиист, ки дар чунин шароит талаба имконияти ошкоркунии қобилият ва ташаббускориро надорад. 

Дар мактабҳои нави демократӣ санҷишу баҳогузории рӯякӣ набояд буд. Санҷиши дидактикӣ ҳамчун методи ба худ хоси омӯзиш бояд дониши талабагонро равшан ифода кунад, ба инкишоф майл диҳад ва бо худсанҷӣ пайваста бошад. 

Кӯшишҳои дар гузашта карда, нисбати дигаргунии рафтор ба санҷиши мактабӣ асосан чизе дода натавонист, ҳарчанд, ки пиромуни як масъала – оё дар мактаб истифода бурдани баҳо шарт аст, ё баҳо намондан, басо баҳс шуд. Моҳи майи соли 1918 бо қарори Комиссариати Халқӣ «Дар бораи бекор кардани баҳо» бо ҳамроҳии баҳо имтиҳонҳо ҳам бекор карда шуданд, дар татбиқ кардани хели шакли оддии баҳисобгирӣ ва санҷиш нисбати азхудкунии талабагон ҷорӣ гашт. Ба ҳамин мақсад қисман дафтарҳои баҳисобгирии дониш ташкил карда, дар он номи беҳтарин ва бадхонҳо зикр карда мешуданд ва «мусобиқаи сотсиалистӣ» ҷорӣ карда шуд ва ғайра. Аммо омӯзиш бебаҳо (асосан бесанҷиш) натиҷа надод ва дода ҳам наметавонист. 

Демократикунонии ҳаёти мактабӣ санҷиш ва баҳомонӣ ба дониш ва маҳорати талабагонро талаб мекунад, зеро бидуни онҳо ба донишандӯзӣ ангезиш гум мешавад. Ҷустуҷӯи воситаҳои нави ҳавасмандгардонӣ ба раванди меҳнати таълимии мактабиён принсипи манфиати шахсӣ, ба омӯзиш ва тарбияи онҳо қувва мебахшад. Дар системаи ташхисонӣ баҳо ҳамчун воситаи рағбатонӣ сифати муҳим мебозад. Пеш аз ҳама, натиҷаҳои ташхисёфта ба баҳо пайравӣ мекунад, зеро баҳо дар худмуайянкунии шахсӣ ҳам яке аз омилҳои муҳими ангезиш ба шумор меравад. 


Мавзӯи пурра » Ташхиси омӯзиш

ҚаблӣМавзӯи 33. Ташхиси омӯзиш (педагогика)
БаъдӣНазорати донишазхудкунии талабагон