Мазмун ва мундариҷаи «Баҳориёт» – и Сайидои Насафӣ

Мазмун ва мундаричаи «Бахориёт» – и Сайидои Насафи


 Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи «Баҳориёт» – и Сайидои Насафӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мазмун ва мундариҷаи асар
  2. Симои ҳайвонот дар асар

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳо Сайидои Насафй дар шаҳри Бухоро таваллуд шуда бошад ҳам, аз сабаби он ки гузаштагон ва падару бобоёнаш аз Насаф будаанд, тахаллуси шоирии худро Насафй ниҳодааст. Малеҳои Самарқандй низ дар тазкираи худ «Музаккируласҳоб» Сайидоро «Насафиюласл» гуфтааст.

Эҷодиёти шоир гуногунранг буда, дар шакли як куллиёт ба мо омада расидааст. Қисми зиёди куллиёти шоирро газалиёти у ташкил медиҳад. Сайидо сарояндаи ғазалҳои лирикй будааст. Мавзӯи газалиёти шоирро асосан ишқу муҳаббат ташкил диҳад ҳам, вале мавзӯъҳо ва масъалаҳои сиёсию иҷтимой, танқиди замони феодалй, танқиди золимону зоҳидон, ҳимояи ахли меҳнат, инъикоси ҳолу аҳволи бади худ ва фикру андешаҳои тарбиявию ахлоқӣ дар эҷодиёти ӯ мавқеи муҳим дорад. Мухаммас низ дар эҷодиёти шоир мавқеи муҳим дорад. Сайидо ҳамчун шоири ғазалсаро дар таърихи адабиёти классикӣ маълуму машҳур гашта бошад ҳам, дар навиштани мухаммас устоди забардаст будааст. Осори дигари ӯ, ки ба куллиёти ӯ ворид гардидааст, ашъори ба ҳунармандон бахшидашуда, маснавиҳои тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» мебошанд.

Яке аз асарҳои тамсилии шоир «Баҳориёт» ба шумор меравад, ки бо номи «Ҳайвонотнома» ёд карда мешавад ва аз 184 байт таркиб ёфтааст. Қайд намудан зарур аст, ки «Баҳориёт» аз дигар асарҳои шоир ҳаҷман бузургтар аст. Ин асар дар шакли маснавй навишта нашудааст. Шакли асар аз нигоҳи қофиябандй ба қасида монандй дорад.

«Баҳориёт» ва ё «Ҳайвонотнома» дар масъалаҳои муайян намудани фикру андешаҳои сиёсию иҷтимоии шоир аҳамияти муҳим дорад. Он аз муқаддима, мазмуни асосй ва хотима иборат мебошад. Шоир баъд аз васфу ситоиши анъанавӣ мехоҳад, ки барои рафъ намудани хастагии мардум дар боби ҳайвонот сухан кунад. Баъд аз он таърифу тавсифи мушро огоз менамояд.

Қисми асосии «Баҳориёт», ки баъд аз муқаддима огоз мешавад, баҳси 18 ҳайвонро фаро мегирад. Баҳсу мунозираи гурба, car, гӯсфанд, гург, гов, шутур, сангпушт, хорпушт, рӯбоҳ, харгӯш, маймун, оҳу, паланг, фил, карк, шеър ва мӯрча бо ҳудтаърифкунии муш шурӯъ мегардад. Муш худро таърифу тавсиф мекунад:

Аҷдоди ман ба мири мушон такя мекунад,
Имрӯз дар баробари ман кист дар ҷаҳон?

Сипас, гурба расида омада, мушро танқидкунон мегӯяд:

Эй беадаб, ту шарм надорӣ зи руйи ман?
Аҷдоди ту шуданд ҳама пеши ман калон.

Сониян, худашро васфу ситоиш мекунад:

Бар ман бубину нек тамошо бикун маро,
Яъне зи шер сурати ман медиҳад нишон.
Азбаски дар миёнаи мардум мукаррамам,
Ҷоям ҳамегиа ҳаст ба паҳлӯи меҳмон.

Ҳамин тариқ, ҳайвонҳо паси ҳам омада, ҳамдигарро зери танқид гирифта, худро ситоиш менамоянд.

Шер бартарй ва зӯрии худро нисбат ба дигар ҳайвонот нишон дода, мегӯяд, ки ба назари ман дигар баҳодурон аз мӯрча ҳам камтаранд:

Бо ҳар кӣ бингарам, ҷигараш об мешавад,
Аз мур камтаранд ба чагимам баҳодурон.

Аз ин суханони шер мӯрча ба ғазаб меояд ва ба шер муроҷиат намуда, ӯро ба зӯри бозу ва тавоноии ҷаъмияти мӯрчагон тахдид менамояд:

Аз иттифоқи мурчагон ғофилӣ магар,
В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон?
Тифлони ширмасти ман имруз шергир,
Хешони нотавони мананд аз ту комрон..

Хулоса, баъд аз шунидани суханони мӯрча, ҳамаи ҳайвонот ба мӯрча таслим мешаванд:

Чун аз забони мурча ин ҳарф шуд баланд,
Таслим карда-карда расиданд ваҳшиён.

Дар достон дар образи мӯрча гурӯҳҳои меҳнатии ҷамъият, яъне деҳқон ва дар симои шер табақаҳои боло-ҳокимони замон тасвир ёфтаанд. Сайидо иттифоқи мурчагон, яъне муттаҳидии синфи коргарро ба тариқи рамз тарғибу ташвиқ менамояд.

ҚаблӣМазмун ва мундариҷаи «Бадоеъулвақоеъ»-и Восифӣ
БаъдӣМазмун ва мундаричаи ашъори Мулхами Бухорои