Мазмун ва мундаричаи ашъори Мулхами Бухорои

Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи ашъори Мулҳами Бухороӣ

Нақша:

Муққаддима

  1. Мероси адабии Мулҳам
  2. Мавзӯъ ва мундариҷаи ашъори шоир:
  • а) озодагӣ ва беистиғноӣ;
  • б) ҳамдилӣ бо инсонҳо;
  • в) нокомии доноён

Хулоса

Мулҳами Бухорой яке аз шоирони бузург ва номдори замони худ буда, гузаштагонаш ба ҳунармандони шаҳри Бухоро тааллуқ доштаанд. Малеҳои Самарқандй дар тазкираи худ дар бораи Мулҳам чунин менависад: «Мулҳам Абдулло ном дорад ва бухориюласл аст. Ҷавонест, нав ба арса омадааст. Агар дар кори шоирй саъй кунад, зӯфунун мегардад».

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

У чанде шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросонро сайр кардаает. Аҳволи шоир хеле вазнин будааст. Дар шароити хеле бади зиндагй ӯ оилаи худро таъмин карда наметавонист, вале, ба ҳамаи ин камбағаливу бенавой нигоҳ накарда, шоир қаноатро пеша карда, аз касе чизе напурсидааст. У дар як байти худ бо ҳисси ифтихор изҳор намудааст, ки аз ранҷу азобу кулфати зиндагй ва тангии маишат ҳалок гардад ҳам, аз касе чизе талаб намекунад:

Агар мирам, нахоҳам хост, Myлҳам, аз касе чизе,
Зи истиғно дили ман пушт бар садди рамақ дорад.

Шоир то охири умр қавииродагии худро нишон дода, ба касе ниёз набурдааст:

Ба рангу буйи истиғно баҳори умрам охир шуд.
Зи боғи бениёзиҳо дилу дин аст гутинам.

Мулҳам рӯз ба рӯз гирифтори гаму кулфати зиндагй мегардид, вале ӯ иззат ва сарбаландии хешро дар ҳамин хориву зориҳо дидааст.

Офтоби тобонам, иззатам зи хориҳост,
Ҷо дар осмон дорам, рӯй бар замин дорам.

Мулҳам шоири хоксор будааст. Аҳволи ӯ дам ба дам вазнинтар мегардид. Ҳатто, ӯ дар вақтҳои охир барои гирифтани кӯмаки моддй ба хон бо қасидаҳои худ муроҷиат кардаает.

Аз Мулҳам ба мо девони ашъор мерос мондааст. Девони ашъори ӯ аз газал, байт, қасида, қитъа ва рубой иборат мебошад. Мулҳам дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикй ҳамчун шоири газалсаро маъруф гардидааст. Мавзӯи газалиёти ӯ мухталиф мебошад. Шоир, ки дар зиндагӣ ба ранҷу азобҳо одат кардааст, аз ин сабаб меҳнатро барои худ аз роҳату фараҳмандӣ болотару афзалтар донистааст.

Мавзӯи инсон ва инсондустй дар газалиёти шоир мавқеи муҳим дорад. У дар газалҳояш ҳамчун инсон ҳисси ҳамдардии худро бо мардуми ғамдидаву тирарӯз ифода кардааст.

Шоир одамонро ба некиву накӯкорй ва ҳоҷатбарорй тарғибу ташвиқ намудааст. Барои таргибу ташвиқи ин тариқаи ҷавонмардй шоир кори гандумро ба ҳар як инсон намунаи ибрат нишон медиҳад:

Ҳамчу гандум пайи ризқи дигарон меҳнат каш,
Гарчи гардад бар сарат санг, зи кас нон маталаб.

Шоир ҳамчун аҳли меҳнат пастиву баландии олам, яъне ноҳамвориву носозиҳои давронро тафсир намуда, гуфтааст:

Аз баланду пасти олам дидаем озорҳо,
Аз замин бедод мегуему дод аз осмон.

Дар замони Мулҳам аҳли илму адаб он қадар хору зор гардидаанд, ки шоир ин аҳволро чун ҳақиқати бебаҳс баён намудааст. Мулҳам бар он ақида аст, ки соҳиби фазлу дониш дар даврони ӯ ҳамеша гирифтори гаму андӯҳ будааст:

Ҳар кӣ олиқадртар, андӯҳи у бисертар,
Уқдаҳо дорад зи даврон дар дили худ осмон.

Шоир, барҳақ, қайд намудааст, ки аз хориву зориҳо, аз ранҷу озорҳо аз ҳама бештар аҳли илму дониш ва ҳунар талаф меёбанд:

Талаф гардад ба сахтй бештари айём доноён,
Ба зери санг аксар дасти марди пурҳунар бошад.

Ғазалҳои шоир дар пайравии сабки ҳиндӣ суруда шудаанд. У ҳамчун шоири газалсаро ва навпардоз маълуму маъруф гардидааст.

ҚаблӣМазмун ва мундариҷаи «Баҳориёт» – и Сайидои Насафӣ
БаъдӣАҳамияти машқҳои ҷисмонӣ барои ташаккули дурусти скелет ва мушакҳо