Давлати миллӣ

Мафҳуми «давлати миллӣ» бо мафҳумҳои миллат, истиқлол, миллатгароӣ ва ҳокимият марбут мегардад. Дар луғати фалсафии нав доир ба ин мафҳум чунин таъриф омадааст:  «Давлати миллӣ шакл ва дараҷаи муайяни инкишофи давлат буда, ба истиқлолияти миллӣ асос ёфтааст ва иродаи ин миллатро ифода менамояд. Бинобар ин, марҳилаи ташаккулёбии давлатҳои миллӣ ҳамчун шакли худмуайянкунии сиёсии миллатҳо пас аз имзои шартномаи Вестфал вусъат меёбад. Дар шакли идеалӣ чунин давлат дар заминаи принсипи «як миллат – як давлат» барпо мешавад»[1]. Маълум аст, ки баъд аз шартномаи Вестфал дар соли 1648, ки дар Аврупо усули давлат-миллат пазируфта шуд, низоми байналмилалӣ тобеи низоми давлатӣ гардид. Дар низоми созишномаи сулҳи Вестфал гуфта мешавад, ки ҳар миллате бояд давлате дошта бошад ва он давлат дорои ҳокимияти мутлақ, давомдор ва ғайриқобили интиқол дар қаламрави сарзамини худ бошад. Инчунин, танҳо давлати эътирофшуда ҳаққи истифода аз қудрат дар қаламрави худро дорад ва қаламрави ин ҳокимият бо сарҳадҳо шинохта мешавад.

Ҳамин тавр, аз оғоз идеяи давлати миллӣ камбудиҳоеро дар худ дошт, ки василаи инкори моҳияти худи он буд. Аз ҷумла ба кадом гурӯҳи инсонӣ миллат гуфта мешавад? Оё марзҳое ҳаст, ки аз тариқи онҳо ин миллат аз миллати дигар қобили тафовут бошад? Таърифҳое, ки дар бораи миллат баён шудаанд, роҷеъ ба ин савол ҷавоби дурусте дода наметавонанд ва ҳамин муаммо баъдҳо асоси бисёре аз низоъҳои сиёсӣ миёни кишварҳои ҷаҳони сеюм шудааст.[2]

Истисморгарон, ки миллатҳои мутеашонро бо давлати миллӣ ошно карданд, равиши бисёр амалгароёнаеро дар пеш гирифтанд ва дар заминаи сиёсати истисморӣ марзҳоеро тақсим карданд, ки дар воқеъ қаламрави нуфузи онҳо дар ин ё он мустаъмара буд, аммо на марзи воқеӣ миёни миллатҳо. Бинобар ин, мардуме, ки дар ду тарафи марзҳо қарор доштанд, миёни чанд кишвар тақсим шуданд. Зуҳури бисёре аз буҳронҳо дар миёни кишварҳои ҷаҳони сеюм то ҳол дар ҳамин мавзӯъ нуҳуфтааст.

Замоне ки як миллат истиқлол мехоҳад ва чунин ҳадаф дорад, дигар ҳеҷ як камбудиву норасоӣ садди роҳи он шуда наметавонад. Яъне, миллатҳое, ки парчами истиқлолро дар муқобили истисмор барафроштаанд ва дар роҳи он мубориза бурдаанд, дар воқеъ ҳамин хостаҳоро доштаанд, ки дар корҳои вобаста ба худ тасмим бигиранд ва худ аз самараи дастранҷи кору истеҳсол баҳраманд гарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба ҳамин далел, бисёре аз кишварҳои истеъморзадаи пешин муваффақ ба касби истиқлоли сиёсӣ гардиданд. Аз он ҷо, ки қарордодҳои байналмилалӣ нақзи ҳокимияти давлатро рад мекард, ин тасаввур пеш омад, ки бо мустақил шудани мустаъмарот замони баҳракашии миллате аз миллати дигар барои ҳамеша ба поён мерасад ва мамлакатҳое, ки аз назари ҳуқуқи байналмилалӣ мусовӣ ҳастанд, ба таври қатъӣ дорои тавоноӣ ва ихтиёри яксон дар баҳрабардорӣ аз манобеи дохилии худ мешаванд.[3]

Таҳти мафҳуми «давлати миллӣ» мо чунин давлатеро дар назар дорем, ки комилан соҳибихтиёр буда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо нишону парчам ва муқаддасоти хоссаи давлатдориаш ворид мегардад, чун кишвари озод сиёсати мустақилонаи худро пеш бурда, дар миёни кишварҳои дигари олам мавқеи шоиста меёбад. Давлате, ки дар он сулҳу субот ва волоияти қонун ҳукмфармо аст, халқаш осуда зиндагӣ мекунад, марзу бумаш дахлнопазир аст ва сиёсатмадоронаш мардумро ба фардои нек раҳнамун месозанд.[4]

Айни замон на ҳамаи давлатҳо ба талаботҳои мазкур ҷавобгӯянд. Аммо зиёда аз 160 давлати муосир ба аксари ин талаботҳо мувофиқанд. Ба ҳар ҳол, имрӯз шакли идоранамоии давлатӣ амалан аз ҷониби омма эътирофшуда мебошад.

Дар асрҳои XVI-XVII «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама» таҳдиди асосӣ барои ҳаёт ва моликияти зердастон ба шумор мерафт. Тавре ки маълум аст, Томас Гоббс таҳдиди мазкурро аз масъалаи зарурияти ҳокимияти пуриқтидори монархистӣ вобаста медонист. Давлат барои бартараф намудани ин таҳдидҳо артиш, пулис, додгоҳҳо ва ғ. таъсис медод. Танҳо дар асри XVIII маълум гардид, ки сабаби асосии мавҷудияти «ҷанги ҳама ба муқобили ҳама» ҳамчун таҳдид на ҳокимияти монархистӣ, балки худи давлат будааст. Барои бартараф намудани ин гуна мушкилӣ чораҳое, аз қабили тақсимоти ҳокимият ба шохаҳо, қабули конститутсияҳо ва амалӣ намудани системаи интихоботӣ, қобили қабул дониста шуданд.

Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур бояд дар назар дошт, ки давлат ҳамчун институти марказии системаи сиёсӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди худ амнияти дохилӣ ва берунии ҷомеаро таъмин намояд. Аз ин рӯ, муайян намудани мазмун ва моҳияти давлати миллӣ дар чунин шароит хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Мафҳуми «давлати миллӣ» аз ҷониби донишмандони улуми сиёсӣ ба таври мухталиф шарҳ дода шуда, дарки сиёсати этникии давлатро низ хеле мушкил гардонидааст. Масалан, Г.Т. Тавадов давлати миллиро чунин шарҳ медиҳад: «Давлати миллӣ ин давлате мебошад, ки аз ҷониби як халқ (миллат) дар ҳудуди миллӣ ташкил карда шуда, истиқлолияти сиёсӣ ва мустақилияти мардумро дар бар мегирад»[5].

Аз таърифи мазкур чунин бармеояд, ки муаллиф халқият ва миллатро як шуморида, дар миёни онҳо аломати баробарӣ мегузорад. Дар чунин шароит як қисми давлатҳо миллӣ шуморида шуда, қисми дигари онҳоро миллӣ гуфтан номумкин аст. Аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи давлатҳои муосир давлатҳои миллӣ мебошанд ва онҳо дар асоси ҳуқуқи худмуайянкунии миллӣ ташаккул меёбанд. Бояд гуфт, ки чунин ҳуқуқ танҳо хосси «миллати шаҳрвандӣ» аст, зеро гурӯҳи этникӣ чунин ҳуқуқро қариб ки соҳиб нест.

Бинобар ин, давлати миллӣ ҷамъияти ҳудудие мебошад, ки кулли аъзоёни он новобаста аз мансубияти этникӣ умумияти худро эътироф намуда, дар рӯҳияи ҳамфикрӣ бо ҳам фаъолият намуда, тобеи меъёрҳои институтсионалии ҷомеаи худ мебошанд. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки халқият (этнос) аз миллат тафовути ҷиддӣ дорад. Дар ин замина сиёсати миллии давлат аз сиёсати этникии он низ бояд тафовут дошта бошад. Зеро сиёсати миллӣ самти рушду инкишофи ҷомеа, ташаккул додани идеяи миллӣ, муттаҳид намудани аҳолии мамлакат ва ғайраро дар бар гирифта, сиёсати этникӣ барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳи этникӣ ва танзими муносибати байни онҳо равона карда мешавад.

Ҳамчунин, ҳангоми муайян намудани хусусиятҳои давлати миллӣ таҳлили таркиби этникии ҳудуди давлат низ хеле муҳим мебошад. Дар шароити муосир дар ҳар як давлати дунё дар баробари мардуми таҳҷоӣ, ки онро баъзан миллати «унвонӣ» меноманд, инчунин ақаллиятҳои миллию гурӯҳҳои этникии мухталиф низ умр ба сар мебаранд. Бо назардошти чунин вазъият дар адабиёти илмӣ давлатҳои муосирро ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо менамоянд: давлатҳои моноэтникӣ ва полиэтникӣ.

Давлати моноэтникӣ давлате мебошад, ки зиёда аз 95% аҳолии он намояндагони як этнос мебошанд. Шумораи чунин давлатҳо дар ҷаҳон хеле кам аст. Масалан, Исландия, Норвегия, Португалия, Албания, Малта, Ямайка, Яман ва Венгрияро ба давлатҳои моноэтникӣ дохил менамоянд. Аммо аҳолии аксари давлатҳои дунё аз намояндагони ду ва ё зиёда этносҳо ташаккул ёфта, дар ҳудуди давлат низ онҳо афзалияти бештар доранд.

Гуногунрангии таркиби этникии аҳолӣ, ки баъзан тафриқаҳои мазҳабӣ ва нажодиро низ дар бар мегирад, боиси ба вуҷуд омадани ҷомеаи гуногунфарҳанг мегардад. Дар чунин шароит институтҳои давлатиро лозим меояд, ки ба коркарди идеологияи умумидавлатӣ машғул гардида, бо ин роҳ пояҳои давлатдории худро мустаҳкам намоянд.

Дар замони Шӯравӣ низ мувофиқи идеяи мазкур гӯё аз ҳисоби халқияти бешумор ва гурӯҳҳои этникӣ умумияти таърихие ташаккул дода мешуд, ки онро «халқи шӯравӣ» меномиданд. Халқи шӯравӣ миллати сотсиалистӣ эълон гардида, табиати он аз табиати иҷтимоии миллатҳои дигар ба куллӣ фарқ менамуд. Модели идеологии замони Шӯравӣ асосҳои воқеии худро доро буд, аммо дар он ба инобат нагирифтани мавқеи халқият яке аз норасоиҳои асосӣ ба шумор мерафт. Айни замон чунин ҳолат дар идеологияи ИМА низ ба мушоҳида мерасад.

Дар муқобили ин консепсияҳои дигари давлатдории миллӣ низ мавҷуданд, ки мувофиқи онҳо дар ташаккули миллат ва дар раванди миллатсозӣ халқияти нуфузманд нақши муҳим мебозад. Ба сифати миллат эълон гардидани халқияти нуфузманд ва дар идеологияи давлатӣ ҷой намудани чунин ҳолат боиси ташаккулёбии давлати этнократӣ мегардад. Идеологияи этнократӣ, пеш аз ҳама, хосси давлатҳои африқоӣ мебошад ва махсусан дар марҳилаи барқароршавии давлатдории онҳо чунин падида баръало ба мушоҳида мерасад.

Консепсияи давлати миллӣ тайи солҳои охир дар зери фишори як қатор омилҳои сиёсию иҷтимоӣ қарор гирифта истодааст. Аз як ҷониб, ташаккули институтҳои трансмиллӣ, мустаҳкам гардидани ҳуқуқи байналхалқӣ, тезутунд гардидани равандҳои глобализатсионӣ ва аз ҷониби дигар, афзоиш ёфтани ҳаракатҳои этникӣ ва хусусияти сиёсӣ пайдо намудани ин раванд пояҳои давлатдории миллиро суст гардонида истодаанд. Заиф гардидани нақши давлатҳои миллӣ дар пайи худ афзоиши нуфузи минтақавиро ба миён овардааст. Дар чунин шароит раванди худташаккулдиҳӣ дар сатҳи минтақа баромада, худогоҳии этникиро бедор намудааст. Дар натиҷаи ин консепсияи «давлати моноэтникӣ» вусъати тоза пайдо намудааст.


[1] Философский словарь. 7-е изд. – М., 2010.

[2] Ҳусайни Башират. Омӯзиши дониши сиёсӣ. – Теҳрон, 1382. – С.31-33.

[3] Алиаскари Ҷамбосии Фароҳонӣ. Баррасии мафоҳими назарии амнияти миллӣ. – Теҳрон, 1374. – С.38.

[4] Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. – Душанбе, 2002. – С.402-403.

[5] Тавадов Г.Т. Этнология. – М., 2002. – С.275.


Калидвожаҳо: давлат, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, давлати дуняви, давлати дуняви чи гуна давлат аст.

ҚаблӣДавлати дунявӣ
БаъдӣҲИЗБҲОИ СИЁСӢ ВА ТАШКИЛОТҲОИ ҶАМЪИЯТӢ