Фоидаҳои хомӯшӣ – Панду андарз

Эй бародар, гар ту ҳастӣ ҳақталаб,

Ҷуз ба фармони худо макшой лаб.

Гар хабар дорӣ зи ҳайи лоямут,

Бар даҳони худ бинеҳ муҳри сукут.

Эй писар, панду насиҳат гуш кун,

Давоми матн пас аз блоки реклама

Гар наҷоте боядат хомӯш кун.

Ҳар киро гуфтор бисёраш бувад,

Дил даруни сина бемораш бувад.

Оқилонро пеша хомӯшӣ бувад.

Пешаи ҷоҳил фаромӯшӣ бувад.

Хомӯшӣ аз кизбу ғайбат воҷиб аст,

Аблаҳ он ки ӯ ба гуфтан роғиб аст.

Эй бародар, ҷуз санои ҳақ магӯ,

Қавли худро аз барои дақ магӯ.

Муноҷотеро инҷо метавонед мутолиа намоед

Ҳар кӣ дар банди иморат мешавад,

Ҳарчи дорад, ҷумла ғорат мешавад.

Дил зи пур гуфтан бимирад дар даҳан,

Гарчи гуфтораш бувад дурри Адан.

Он ки саъй андар фасоҳат мекунад,

Чеҳраи дилро ҷароҳат мекунад.

Рав, забонро дар даҳон маҳбус дор

В-аз халоиқ хешро маъюс дор.

Ҳар кӣ ӯ бар айби худ бино шавад,

Рӯҳи ӯро қуввате пайдо шавад.


Аз “Панднома”-и Аттор

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед