Мазмун ва мундариҷаи «Бадоеъулвақоеъ»-и Восифӣ

Мазмун ва мундаричаи «Бадоеъулвакоеъ»-и Восифи


Мавзӯъ: Мазмун ва мундариҷаи  «Бадоеъулвақоеъ»-и Восифӣ

Нақша:

Муқаддима:

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. «Бадоеъулвақоеъ»-оинаи таърихи асрҳои XV – XVI
  3. Бахшҳои асосии «Бадоеъулвақоеъ»

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зайниддин Маҳмуди Восифй яке аз нависандагон ва шоирони барҷастаи нимаи аввали асри XVI буда, бо осори пурарзиши худ, хусусан «Бадоеъулвақоеъ»-аш дар адабиёти классикӣ мавқеъ ва мақоми босазое дорад. Ному насаби Зайниддин Маҳмуд буда, Восифй тахаллуси адабии ӯ мебошад. Мувофиқи нишондоди сарчашмаҳои таърихиву адабй, Восифй соли 1485 дар шаҳри Хдрот таваллуд шудааст. Гузаштагони Зайниддини Восифй аз амалдорони на чандон хурд, аниқтар: аз котибони замони Султон Ҳусайн ба ҳисоб мерафтааст. Зайниддини хурдсол аз овони ҷавонй зеҳни баланд ва истеъдоду қобилияти фавқуллоддае доштааст. Аз сабаби он ки аз хурдсолй ба илму дониш шавқу завқи зиёде дошт, ба омӯзиши қоидаҳои сарфу наҳви форсй, арабй, таърихи кишварҳои Арабу Аҷам, риёзиёт, мантиқ ҷиддан машғул шудааст. Умуман, бештари гузаштагон ва пайвандони Восифй аз шахсони миёнаҳоли шаҳр ва бомаърифат будаанд. Восифй дар шаҳри Хдрот ба сӯҳбати яке аз шоирони бузурги замони худ- Алишери Навой мушарраф мегардад ва сазовори ситоишу таҳсини ӯ қарор мегирад.

Аз мероси адабии Восифй асари пурқимате- асари ёддоштй ба мо боқй мондааст. «Бадоеъулвақоеъ» асари ёддоштии дар солҳои гуногуни ҳаёти худ таълифнамудаи шоир мебошад. «Бадоеъулвақоеъ» асари бузург буда, тахминан аз 46 боб иборат буда, ҳар боби онро худи Восифй «гуфтор» номидааст.

Таъкид намудан лозим аст, ки «Бадоеъулвақоеъ» асари хеле пурмӯҳтаво ва бузург буда, аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа хеле гуногунмазмун ва бисёрпаҳлӯ аст. Асар ҳодисаву воқеаҳои таърихии зиёда аз 60-соларо фаро гирифтааст. «Бадоеъулвақоеъ»- ро асари ёддоштй ё тарҷумаиҳолй низ гуфтан мумкин аст, зеро ки дар он давраҳои ҳаёти шоир низ тафсир ёфтаанд. «Бадоеъулвақоеъ»-ро мувофиқи давра ва ҷойи ҳодисаву воқеаҳо ба ду қисм тақсим кардан мумкин аст. Дар асар давра ба давра воқеаҳои ҳаёти Хуросон ва воқеаҳои ҳаёти Мовароуннаҳр муфассал инъикос ёфтаанд. Ёддоштҳои давраи мовароуннаҳрии Восифй назар ба давраи хуросонии ӯ хеле дақиқу равшан баён ёфтаанд. Дар асар воқеаҳои таърихӣ гоҳо воқей, гоҳо бо андак тағйирот ва бофтаҳои бадей, гоҳо бо нақлу ривоят ва ҳикояҳои пандомез тасвир ёфтаанд.

Ҳангоми аз тарафи шоҳ Исмоили Сафавй фатҳ гардидани Хуросону Ҳирот ба сари ҳамаи табақаҳои аҳолй ғаму кулфатҳои зиёде омада буд ва авзои ҷомеаи он даврон бисёр пурфоҷеа гашта буд. Аз ин ҷиҳат, «Бадоеъулвақоеъ»-и Восифй беҳтарин таърихномаи Мовароуннаҳру Хуросони асрҳои XV ва XVI эътироф намудан мумкин аст.

Дар бахши аввал, асосан, ҳамон воқеаву ҳодисаҳои таърихие оварда шудаанд, ки аз давраи кӯдакй то 27-солагии муаллифро дар Хуросону Мавороуннаҳр фаро гирифтаанд.

Бахши дуюми асар ҳодисаву воқеаҳои адабй ва таърихиро дар бар мегиранд. Аз мазмуну мундариҷаи асар маълум мешавад, ки дар бештари қисматҳои ёддоштҳо ҳақиқати таърихй бо ҳақиқати бадей омезиш ёфтаанд.

Бахши сеюми «Бадоеъулвақоеъ» ёдцоштҳо, нақлу ривоятҳо ва ҳикоятҳои дойр ба аҳволи зиндагии шахсиятҳои бузурги илмиву адабй бахшидаи Восифиро дар бар мегиранд.

Зайниддин Восифй яке аз намояндагони табақаи миёнаи шаҳр буд. Восифй ҳамчун шоир ва нависандаи мушоҳидакор бо вуҷуди шароити бади замона, ба ҳаёту зиндагии хеш аз назари мардумони табақаи миёнаи шаҳр нигаристааст. Он чи ки муаррихону адибони замонаш гшнҳон медоштанд, ӯ бо камоли ростиву адолатпешагй, берӯву риё тасвир мекард. Дар миёни афкори пешқадаму инсонпарваронаи Восифй фикру андешаҳои пандуахлоқй ва илмиву маърифатпарваронаи ӯ низ ҷойи муҳимро ишгол менамоянд. Дар асар нақлу ривоятҳо ва ҳикоятҳои халқй ба таври васеъ истифода шудаанд, ки ба забони гуфтугӯйй наздик мебошанд. Хулоса, асари «Бадоеъулвақоеъ» дар омӯзиши таърихи илму адабй форсу тоҷик ва таърихи гузаштаи халқи мо аҳамияти бузург дорад.

ҚаблӣНаср ва мавзӯю муҳтавои он (дар асрҳои XIII ва XIV)
БаъдӣМазмун ва мундариҷаи «Баҳориёт» – и Сайидои Насафӣ