Зимистон шуд (шеър)

Ҳавои сард омад, ҷӯй ях баст,
Фарози кӯҳҳоро абр пӯшид.
Шамоли тунд аз машриқ хурӯшид,
Ба рӯйи бому дарҳо барф биншаст.
Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон
Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!

Давоми матн пас аз блоки реклама

Ба рӯйи теппа шодон мебароем,
Ки рӯйи барфи нав ҳар сӯ битозем,
Ки ҷо-ҷо ҳайкале аз барф созем.
Зи нав васфи зимистонро сароем:
Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон
Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!

Куҷо дорем мо парвои сармо,
Биборад барф акнун ҳар қадар ҳам,
Ба зери барф монад бому дар ҳам,
Набошад интиҳо шодии моро:
Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон
Зимистон шуд,
Зимистон шуд,
Зимистон!

Убайд Раҷаб

Шеър дар васфи Зимистон


Зимистон, шеър дар бораи Зимистон, шеър дар васфи Зимистон, барф, шеъри точики.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед