Дар ин мақола якчанд шеър дар васфи модар оварда мешавад. Шеърхо дар васфи Модар, шеъри Модар >>>
Меҳри модар
Ба нураш гарчи ин хуршеди ховар
Фаро гирад ҷаҳонеро саросар,
Намегардад валекин он баробар
Ба ин пурқувватӣ бо меҳри модар.
Фақат модар ба ҳар гармову сармо
Ҳамеша бар сари гаҳвораи мо
Накарда мижа таҳ биншаста шабҳо
Калон кард ӯ чу ҷон бигрифта дар бар.
Вуҷудаш чун ба фарзанд аст пайванд,
Варо хонад ба худ ҷону ҷигарбанд.
Агар хоре халад бар пойи фарзанд,
Дили модар шавад маҳзун* муқаррар.
Барои фикру ёди пурумедаш,
Барои ҳурмати мӯйи сафедаш,
Ба ҷон ҳам хизмату ҳурмат кунедаш,
Набошад то ки чашмаш ҳеҷ гаҳ тар.
Аминҷон Шукӯҳӣ
Модарам
Модарам, эй модари ҷонпарварам,
Пеши поят сар ниҳам, эй сарварам!
Кӯдакам ман дар нигоҳат то ҳанӯз,
Мегузорӣ дасти шавқат бар сарам.
Дӯст медорам туро, то зиндаам,
Бо ҳавасҳои зиёдам зодаӣ.
Ту бароям номи Зебо мондаӣ,
Ту ба ман зебоии худ додаӣ
Раҳнамову раҳкушои ман туӣ
Дар раҳи дури умед эй модарам.
Гашта гесӯи сиёҳи ту сафед,
То шавад бахтам сафед, эй модарам.
Мепарастам ман туро, то зиндаам,
Аз ту мепурсам дуои зиндагӣ.
Модарам, бодо нигаҳбонат худо,
Зинда бошӣ аз барои зиндагӣ!
Шеър барои МОДАР
Модарам, олиҳаи покии ишқ,
Бо дили покиза покам зодаӣ.
Аз вуҷуди поки худ чун меҳри пок
Шири поки модариям додаӣ.
Покият аз пушти поки ту бувад,
Пок оби дидаатро кардаӣ.
Дар лаби домони покат бо азоб
Кӯдакони поки худ парвардаӣ.
Чун сарандози сафеди бастаат
Гашта гесӯи сиёҳи ту сафед.
Ту ба бахти мо сафедиро ҳанӯз
Бо дуои поки худ дорӣ умед.
Шеър дар васфи Падару Модар
Падар гар шӯълаеи чашми замон аст
Вале Модар чароғи хонадон аст
Падар гар давлату ганҷи замон аст
Вале Модар ҷаҳони беканор аст
Падар гар шоҳсутуни зиндагонист
Вале Модар ба дунё ҷовидон аст!
ШЕЪРИ МОДАР
Модари ҷонам,
Шуҳрату шонам,
Пораи ҷонам,
Набзи замонам,
Фахри ҷаҳонам,
Модари ҷонам, Модари ҷонам.
Ахтари моӣ,
Гавҳари моӣ,
Сарвари моӣ,
Ёвари моӣ,
Модари ҷонам, Модари ҷонам.
Рамзи баҳорӣ,
Зеби диёрӣ,
Сулҳшиорӣ,
Муъҷизакорӣ,
Модари ҷонам, Модари ҷонам.
Модари ҷон
Меҳри ту – Модар поён надорад,
Аз ҳастият, дил армон надорад,
Адои қарзам имкон надорад,
Эй Модари ман, ҷон Модари ман.
Пеши пойи ту саҷда меорам,
Бо дуои туст, барори корам,
Ҳастият бошад ба тан мадорам,
Эй Модари ман, ҷон Модари ман.
Агарчанд ҳастанд дӯстон бешумор,
Танҳо ту моро дӯсти вафодор,
Эй кош, то абад монӣ дар канор,
Эй Модари ман, ҷон Модари ман.
Барои мо ту заҳмат кашидӣ,
Гоҳ хурсанд шудӣ, гоҳо ранҷидӣ.
Аз чор фарзандат, бигӯ чӣ дидӣ,
Эй модари ман, ҷон Модари ман.
Гулнисо ФАРҲОДЗОДА
Бувад чонам фидоят МОДАРИ ЧОН
Бувад ҷонам фидоят модари ҷон,
Фидои хушнидоят модари ҷон.
Бубахшояд сафои зиндагонӣ,
Ба гӯши дил садоят модари ҷон.
Манам шамъу туи парвонаи ман,
Шавам обу адоят модари ҷон.
Тамоми ҳастиям н-арзанда бошад,
Ба як сӯзу навоят модари ҷон.
Ҷаҳоне бо ту дорам бе ту хорам,
Нисорам хоки поят модари ҷон.
Туро дорам ба танҳои дар олам,
Зи Ҳақ лутфу иноят модари ҷон.
Худо фармуд баъд аз тоати хеш,
Намоем аҳсаноят модари ҷон.
Давои ҷони беморам туи-ту,
Дуоям кун кифоят модари ҷон.
Зи тан сад ҷода медӯзам ба ҷоят,
Бигирам то дуоят модари ҷон.
Надидам роҳ сӯи бобу раҳмат,
Ба ҷуз роҳи ризоят модари ҷон.
Нагӯ ҷоно нагӯ асло риёӣ,
Бигӯям аз бароят модари ҷон.
Дилам рӯймолу пок аз чеҳра созам,
Ғубору ғуссаҳоят модари ҷон.
Маҳу хуршед наафшонад зиёе,
Чу қалби порсояд модари ҷон.
Илоҳо номи некат зинда бодо,
Ба дунё то ниҳоят модари ҷон.
Сарафрозии Шукруллоҳ ту бошӣ,
Ба меҳри ҷонфизоят модари ҷон.
Шукруллоҳ Сироҷ
МИСЛАТ НАДИДАМ МОДАРАМ
Туӣ дармон ба дарди бедавоям,
Туӣ ороми ҷони бенавоям.
Туӣ ганҷи ниҳони бебаҳоям,
Надидам беҳтаре мисли ту модар.
Ту ҳастӣ роҳкушои рӯзгорам,
Ту ҳастӣ ғамгусору ғамбарорам.
Туӣ бо чашми чор дар интизорам,
Надидам беҳтаре мисли ту модар.
Ту бошӣ зеби ҳавливу дари ман,
Ту бошӣ сояе андар сари ман.
Ту бошӣ ёвару ҳам раҳбари ман,
Надидам беҳтаре мисли ту модар.
Туӣ равшангари шабҳои торам,
Маҳу хуршеди ҳар лайлу наҳорам.
Туӣ сарсабзии ҳусни баҳорам,
Надидам беҳтаре мисли ту модар.
Ту бошӣ саҷдагоҳу қиблагоҳам,
Ба ҷуз меҳрат дигар подош нахоҳам.
Туӣ бахшандаи ҳар як гуноҳам,
Надидам беҳтаре мисли ту модар.
Ҷамшедҷони Сафарзод.
Модар шеър дар бораи Модар Шеърхо дар васфи модар 8 март модар иди модарон точики бо забони точики шеър барои модарчон оча, шеър модарам модар фаришта буд аммо болу пар надошт текст.
Лазати дунё бародар дар дуои модар аст.
Давлати поянда аз чиду сахои модар аст
Хаст чанат зери пояш бо дуо дасташ ба арш
Изати мо дар ду олам аз ризои модар аст
Кадри модар гар бидони сохиби давлат шави
Хоки пояш гар бибуси дохили давлат шави
Фарзандони мехрубон илтимос модаратонро хеле хеле хурмат кунитон илтимос аз шмо модар чанат мебошан Модарчон идатон муборак Ман Идибой
…Хоки пояш гар бибўси дохили ч,аннат шави
Якеро дар чахон дилбар азиз аст ,
Якеро молу симу зар азиз аст ,
Азизон аз хама мавчуди олам ,
Маро модар , маро модар азиз аст !
АЛБАТТА МОДАРОН БАРОИ МО ЯК ГАВХАРИ НОЁБ ХАСТАНД.БИЁЕД ДУСТОН ХАМА КОРУ БОРИ ЗИНДАГИРО ЯК СУ ГУЗОШТА ДАР ХИЗМАТИ МОДАР МЕШАВЕМ. ЧУН МО ИН ГАВХАРИ НОЁБРО ДИГАР НАМЕЁБЕМ
Беҳтарин!
Модар Модар ба ҷон баробар Модар
Дубора нашуд ба кас муяссар Модар
Нолам зи ғамат хок бар сар гирам
Кошке бимирам дар пеши пои Модар
Хамдаму хамрози хар як шахс модар будааст
Кадри у бо кадри чони мо баробар будааст
АЗ хама рузи бади мо буда ин бемодари
Шахси модардор шохи хафт кишвар будааст
Обруи аҳли дин аз хоки пои модар
аст,
Ҳар чи дорад ин ҷамоат аз дуои мо-
дар аст.
Ҳар чӣ дар васфи биҳишт фармуд
Қуръони карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто зери пои
модар аст.
Ба нураш гарчи ин Хуршеди ховар Фаро гирад чахонеро саросар Намегардад валекин он баробар Ба ин пуркуввати бо мехри Модар