Мубориза ба муқобили қувваҳои зиддишӯравӣ

72

Чораҳои зарурӣ барои пешгирии ҳаракати зиддишӯравӣ. Дар ҳудуде, ки ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон бунёд гардид, ханӯз қувваҳои зиддишӯравӣ хеле зиёд буданд. Аввали соли 1925 онҳо аз 46 дастаҳои гуногун иборат буда, дар сафи  худ тахмин 1400 нафар ҷанговаронро доштанд. Мақсади ҳукумати ҷавони ҷумҳурӣ дар чунин ҳолати душвор аз он иборат буд, ки пеши роҳи ҳаракати навбатии зиддишӯравиро гирад. То ин ки аз як тараф дастаҳои нав ба ин ҳаракат ҳамроҳ нашаванд ва аз тарафи дигар, бо роҳҳои  фаҳмондадиҳӣ ҳар чӣ бештар мардумро аз ин ҳаракат ба тарафи ҷамъияти нав  – Шӯравӣ ҷалб намоянд.

5 феврали соли 1925 Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикситон ба қувваҳои  зиддишӯравӣ муроҷиат намуда, онҳоро даъват кард, ки фавран аз  мубориза даст кашанд. Ба онҳое, ки то 18 июни он сол ихтиёран ба тарафи Ҳокимияти  Шӯравӣ мегузаранд,  авф эълон карда шуд. Ба бечорагон ҳар гуна кӯмакро ваъда доданд. Аммо он сол дар ҷумҳурӣ хушксолӣ, гуруснагӣ ва бараҳнагӣ мушоҳида мешуд.  Вазъи худи Давлати Шӯравӣ ҳам  аз ҷиҳати хӯрокворӣ душвор буд. Бинобар ин нақшаи ба ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон фиристодани хӯрокворӣ иҷро нагардид. Албатта худи  ҷумҳурӣ аз чунин ҳолат бо осонӣ баромада  наметавонист. Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ чунин ҳолати ҷумҳурии мухтории Тоҷикистонро ба инобат гирифта, илова ба буҷаи муайяншуда, боз 980 ҳазор сӯм  ҷудо кард. Илова ба ҳамаи ин деҳқононро дар муддати ду сол аз супоридани андози  кишоварзӣ озод карданд, қарзҳои  пештараро бахшиданд. Новобаста аз душвориҳо, ба мардум, ба қадри имкон ғалла барои хӯрока ва тухмӣ, инчунин қарзи пулӣ дода шуд. Ин чорабиниҳо гарчанде ночиз буданд, вале тавонистанд, ки қувваҳои зиддишӯравиро то андозае аз дастгирии васеи мардум маҳрум созанд.

Зарбаҳои қатъи ба муқобили қувваҳои Иброҳимбек. Дар ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон аввали соли 1925, дар баробари чораҳои зарурӣ, барои пешгирии ҳаркати зиддишӯравӣ, барои задани зарбаи қатъӣ ба муқобили қувваҳои мавҷудаи онҳо омодагиҳо андешида шуд. Аз ҷумла 12 апрели соли 1925 Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон дар ҳудуди вилоятҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Ба  ташкилотҳои маъмурияти сиёсии давлатӣ (ГПУ) ва шӯъбаҳои махсуси қисмҳои ҳарбӣ ҳуқуқи нисбати иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравӣ ва пайравони онҳо дидани  чораҳои қатъӣ, аз ҷумла, бе суд, то ҷазои қатлро дода  буд. Маҳз ҳамин  ташкилотҳо аз чунин ҳуқуқҳои  номаҳдуди  худ истифода бурда, дар қатори иштирокчиёни ҳаракати зиддишӯравӣ, одамони зиёди бегуноҳро низ қатл намуданд. Баъди он ки 18 июни соли 1925 мӯҳлати авф ба охир расид, қарор карда шуд, ки ҳамаи дастгиршудагони ҳаракати зиддишӯравӣ ба суди  трибунали ҳарбӣ ё худ иҷлосияи саҳроии Суди Олӣ супорида шаванд.  Онҳое, ки бо аслиҳа дастгир  мешуданд, бе суд, дар  ҷояшон парронда мешуданд. Қувваҳои ҳарбӣ, яъне қисмҳои  аскарони сурх, ки дар хоки ҷумҳурӣ буданд (аз ҷумла корпуси 13 – уми тирандозӣ, ки дар водии  Вахш ҷойгир буд), дар ҳолати омодабош қарор доштанд.

Дар байни қуввваҳои зиддишӯравӣ хавфноктарин қувваҳои Иброҳимбек ҳисоб карда мешуд. Худи ӯ асосан дар деҳаи Лақай (ҳоло шаҳрчаи Сомониён) қарор дошт. Бинобар ин вай ҳар лаҳза метавонист ба Душанбе – пойтахти ҷумҳурӣ таҳдид кунад. Бо ҳамин сабаб қарор карда шуд, ки қувваҳои асосии аскарони сурх маҳз ба муқобили Иброҳимбек равона карда шаванд. Инак, баҳори соли 1925 амалиёти ҷангии қисмҳои  аскарони сурх ба муқобили дастаҳои Иброҳимбек сар шуд. Ин зарбаи аввали қисмҳои аскарони сурх ба муқобили дастаҳои Иброҳимбек ба ҳисоб меравад.

Қувваҳои асосии Иброҳимбек аз Лақай ба ноҳияи Балҷувон гузашта, ба қисмҳо тақсим шуда буданд. Инак, баҳор – тобистони соли 1926 ба муқобили дастаҳои Иброҳимбек зарбаи дуюм ташкил карда шуд. Муҳорибаҳо бештар дар ҳудуди ноҳияҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа мегузаштанд ва ғалаба насиби қисмҳои аскарони сурх мешуд. Иброҳимбек 21 июни соли 1926 бо 24 нафар ҳамсафонаш, аз наздикии Бешкаппа ба  Афғонистон гурехт. Бо гурехтани Иброҳимбек дар ҷумҳурӣ ҳаракати зиддишӯравӣ хело заиф гардид. Моҳи  сентябри соли 1926 дар ҳудуди ҷумҳурӣ гӯё 4 гурӯҳ бо 29 ҷанговар амал  мекарданду халос.

Охирин ҳуҷуми Фузайл Махсум. Ба Афғонистон гурехтани Иброҳимбек қувваҳои зиддишӯравии чӣ дохилӣ ва чӣ берунаро  як муддат ноумед  кард. Вале охири соли 1928 вазъи Афғонистон тағйир ёфт. Дар ин  мамлакат Амонуллохон, ки нисбат ба Давлати Шӯравӣ хайрхоҳ буд, сарнагун карда шуд. Ба ҳокимият Бачаи Сақо (Ҳабибуллохон), ки  аз ҷумла тоҷикони Афғонистон  буд, соҳиб шуд. Бачаи Сақо нисбат ба гурезагони иҷбории дар Афғонистон буда хайрхоҳ ва нисбат ба Давлат Шӯравӣ душман буд. Чунин ҳолат амири гурезаи Бухоро Олимхон ва дигар саркардаҳои атрофи ӯ: Иброҳимбек, Фузайл Махсум ва дигаронро рӯҳбаланд кард. Амир Олимхон ҳатто 19 майи соли 1929 ба восиати матбуоти мамлакатҳои Ғарб «Ба мардуми Бухоро, Хева ва  Туркистон» муроҷиат карда, онҳоро ба муқобили  тартиботи Шӯравӣ ба мубориза даъват кард.

Фузайл Махсум 13 апрели соли 1929 бо отряди 15 нафара, аз наздикии Қалъаи Хумб, аз дарёи Панҷ гузашта, аз набудани қисмҳои аскарони сурх истифода  бурда, Қалъаи Хумбро гирифт. 15 апрел Кӯришермат ҳам,  ба  ҳудуди ҷумҳурии Тоҷикистон зада даромад. 17 апрел Фузайл Махсум  аз Қалъаи Хумб ба сӯи Ғарм ҳаракат карда, дар роҳ сафи ҷанговарони худро зиёд намуда, то Ҳоит ҳайати онро ба 200 нафар расонид. Вай дар тамоми маҳалҳое, ки ба даст медаровард, тарафдорони ҷамъияти шӯравиро бераҳмона нест мекард. 21 апрел, 35 км дуртар аз Ғарм, дар наздикии деҳаи Нимич, 18 нафар фаъолони ҷамъияти Шӯравӣ ба Фузайл Махсум сахт муқобилият нишон дода, ҳамаашон ҳалок шуданд, ки бисёре аз онҳо омӯзгор буданд.

Дар Душанбе 15 апрел хабари аз сарҳад гузашта, Қалъаи Хумбро гирифтани Фузайл Махсум, расид. Ҳамон вақт дар ин ҷо кори анҷумани II Шӯроҳои Тоҷикистон давом мекард ва фавран ба муқобили Фузайл Махсум чораҳои заруриро андешиданд. 29 апрели соли 1929, дар наздикии Ғарм, бо ду самолёт десанти хурде фаромад. Аз ин Фузайл Махсум ва атрофиёни ӯ ба воҳима афтоданд. Вай дар ин ҷанг зиёда аз 100 нафар ҷанговарони  худро талаф дода, 3 май аз наздикии Қалъаи Хумб боз ба Афғонистон гурехт.

Бозгашти фирориён. Баробари бунёди ҷумҳурии мухтории Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии ҳукумати  он баргардонидани ҳамватанони ба хоки Афғонистон фироршуда ва ҷойгир намудани онҳо ба ҳисоб мерафт. Ҳанӯз 7 декабри соли 1924 Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон ба он фирориён муроҷиат карда, даъват намуд, ки агар онҳо хоҳиши ба ватан баргаштан ва бо меҳнати халол машғул шуданро дошта бошанд,  ҳукумати  ҷумҳурӣ ба онҳо барои амалии чунин мақсадашон ҳама шароитҳоро муҳайё менамояд.

12 сентябри соли 1925 дар назди Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Комиссияи марказӣ оид ба расонидани кӯмак  ба  фирориёни бозгашта,  эмигратҳои сиёсӣ ва онҳое, ки аз ҳайати гурӯҳҳои зиддишӯравӣ ихтиёран баромада, ба тарафи Шӯроҳо гузаштанд, бунёд карда шуд.  Мувофиқи хулосаи ҳамин комиссия миқдори умумии мардуми  аз қисми Марказӣ ва Ҷанубии Тоҷикистон фирор карда, тахминан 200 ҳазор нафар, ё худ 40 ҳазор оиларо ташкил медодаанд. Аз ин миқдор 15 ҳазор оилаҳои миёнаҳол будаанд.

Аз як тараф корҳои  фаҳмондадиҳии тарафдорони тартиботи Шӯравӣ ва аз тарафи дигар  авзои ҳамонвақта носолими Афғонистон сабаб шуд, ки то октябри соли 1926 тахминан 7 ҳазор оила, ё худ 40 ҳазор нафар фирориён ба ватанашон баргарданд. Аммо маъракаи коллективонидани соҳаи кишоварзӣ, ки дар сар то сари мамлакат оғоз гардида буд, минбаъд сафи фирориёни иҷбориро ба Афғонистон боз ҳам зиёд намуд.


Калидвожаҳо: Тоҷикон дар замони мухторият ва ба Ҷумҳурии Иттифоқӣ табдил ёфтани он (солхои 1924 – 1929), Точикон дар замони мухторият ва ба Чумхурии Иттифоки табдил ёфтани он (солхои 1924 – 1929), Мубориза ба мукобили куввахои зиддишурави, Корнамоихои Фузайл Махсум, Корнамоиҳои Фузайл Махсум, Чорахои зарури барои пешгирии харакати зиддишурави, Зарбахои катъи ба мукобили куввахои Иброхимбек, Охирин хучуми Фузайл Махсум.