Давлати Саффориён

Яъқуб ва Амр ибни Лайс. Миёнаи асри IX давронест, ки хилофати Аббосиён қудрати пешини хешро аз даст дода, дар гӯшаву канори хилофат шӯришу ошӯбҳои зиёд сар заданд. Худи халифаҳо ба бозичаи дасти сипоҳиёни турк табдил ёфта, дигар маҷоли бартараф кардани ошӯбҳоро надоштанд. Дар ин давра шӯришҳои айёрон як ҳодисаи маъмулӣ гардид. Хусусан Систон ба маркази баромадҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ гардид. Хориҷиён, аз норозигии мардум хуб истифода карда, такягоҳи худро аз ин ҳисоб пурқувват мекарданд. Ҳар замоне, ки омилони халифа барои ҷамъоварии андоз меомаданд, фурсате буд барои ба мубориза хезонидани аҳолӣ.

Лайс, ки ба мисгарӣ машғул буд (ва бо забони арабӣ ин шуғлро саффор меноманд), чаҳор писар дошт, ки дар айёми нобасомони миёнаи қарни IX ҳамагӣ ба ҷангу сипоҳ сару кор доштанд. Тоҳир ва Алӣ дар хидмати дигар саркардаҳои ҳарбии он рӯз қарор доштанд. Яъқубу Амр бошад ба айёрӣ ё ба таъбири дигар ба роҳзанӣ машғул буданд. Халифаи Бағдод барои фурӯ нишонидани ошӯби хориҷиён дар Хуросону Систон Солеҳ ибни Насрро фиристод. Ӯ бо шикаст додани хориҷиён ва сомон бахшидани авзоъи минтақа дар чашми ҳукуматдорон ва миёни мардум маҳбубият пайдо кард. Пас аз фавти Солеҳ ҷойнишини ӯ Дирҳам ибни Ҳасан натавонист, ки миёни лашкариён нуфузу эътибор пайдо кунад. Яъқуб бо тарафдоронаш аз фурсат истифода бурда, қисме аз дастаҳои ғозийнро низ ба тарафи худ кашид, идораи кишварро ба даст гирифт ва соли 861 Сиистонро пурра тасарруф намуд.

Сипас ҳокими Кобулро бо найранг ба ҳалокат расонида, байни солҳои 862-866 Ҳирот, Пушанг, Балх, Бомиён ва Форсро аз дасти маъмурони Тоҳириён берун кард. Соли 873 аз фориғболии Муҳаммад ибни Тоҳир – охирин амири тоҳирӣ истифода карда, дарбори ӯро ба суйи хеш ҷалб кард ва дар муҳорибаи сарнавиштсоз нерӯҳои онро торумор карда, Нишопурро ба даст даровард.

Муносибати Саффориён бо халифа

Муносибати Саффориён бо халифа. Халифа аз пешравиҳои Яъқуб ҷиддан норозӣ буд, вале чорае ҷуз ин надошт, ки ҳукумати ӯро бар ноҳияҳои забткардааш ба расмият бишносад. Яъқуби Лайс халифа ва арабҳоро чашми дидан надошт. Вақте, ки намояндаи Тоҳириён аз ӯ, ки қасди тасхири Нишопурро дошт, пурсид ки оё аҳду ливои халифаро ҳамроҳ дорад ё на, дар ҷавоб аз зери ҷойнамози худ шамшерашро берун карда гуфт: магар на ҳамин теғ халифаро ба Бағдод нишондааст, маро ҳам бад-ин ҷойгоҳ ҳамин теғ нишонид ва аҳди ману они амиралмӯъминин якест. Яъқуб бар хилофи Тоҳириён аслан арабӣ намедонист.

Дар «Таърихи Сиистон» омадааст, ки яке аз шоирони хӯшомадгӯ Яъқубро бо забони арабӣ ситоиш кард, ӯ забони арабиро намедонист ва эътироз кард, ки чаро маро бо забоне васф кардаӣ, ки онро намедонам. Муҳаммад ибни Васиф ном дабири ӯ дар он ҷо ҳозир буд, бо забони форсии тоҷикӣ шеър гуфт ва ҳамин тавр шеъри форсӣ дар сарзамини мо роиҷ гашт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зиддияту бадбинии Яъқубу халифаи аббосӣ Мӯътамид танҳо бо суханоне зидди якдигар анҷом наёфт. Ӯ мехост ба Бағдод равад ва халифа аз шунидани ин тасмими ӯ нороҳат шуда, бо фиристодани маншур ҳукумати Хуросон, Гургон, Рай, Форс ва ҳамчунон вазифаи шаҳнагии Бағдодро ба ӯ бахшид, вале иҷозати омадан дорулхилофаро надод. Яъқуб халифаро таҳдид карда, соли 876 бо сипоҳи худ раҳсипори Бағдод шуд. Халифа лашкари азимеро бо роҳбарии бародараш ал-Муваффақ ба муқобили амири саффорӣ гусел намуд. Пешвои шӯришиёни зангӣ ҳам, ки бар зидди халифа бархоста буд, ба Яъқуб пешниҳоди ҳамкорӣ намуд, вале Яъқуб ба нерӯи худ эътимод карда, иттиҳод бастан бо ғуломонро барои худ ор ҳисобид ва ин пешниҳодро рад намуд. Дар набарди сипоҳиёни хуросониву бағдодӣ Яъқуб далериву ҷасорати бемонанд нишон дод, вале саранҷом шикаст хӯрда, қафонишинӣ кард.

Ҳангоме, ки Яъқуб дар бистари беморӣ буд, халифа тавассути сафире ба ӯ ҳадяҳои зиёд фиристода, вайро дилҷӯӣ кард. Яъқуб дар ҳузури фиристодаи халифа нону пиёз ва шамшер хоста ба сафир гуфт: «аз сӯи ман ба халифа бигӯй ки ман хаставу вомондаам, агар бимирам туву ман аз дасти якдигар халос хоҳем шуд, вале чунончӣ зинда бимонам, ин шамшер миёни мо ду нафар ҳакам хоҳад буд ва дар сурате, ки ту пирӯз шавӣ, ман даст аз ҳукумат шуста, ба ин нону пиёз қаноат хоҳам кард». Ҳанӯз фиристодаи халифа ба Бағдод нарасида, Яъқуб (соли 879) чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Яъқуби Лайс бузургтарин чеҳраи сиёсӣ ва қаҳрамони набарди истиқлолхоҳии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр буд. Ӯ ҳамчун сарлашкар беҳамто ва бо зердастон меҳрубон буд. Ҳар вақте ки аз сипоҳ дидан мекард, дастур медод, ки нахуст ба лашкариёни оддӣ ғизо ва либос диҳанд, сипас саркардаҳоро мепурсид. Яксола маошу хӯрока ва либоси лашкариёнро медод, то он ки бо фароғи хотир ба кори хеш пардозанд.

Дар бистари марг Яъқуб бародараш Амрро ҷойнишини худ эълон карда, сипоҳиёнро даъват кард, ки аз ӯ итоат намоянд. Амр нахуст ба халифаи аббосӣ нома навишта, изҳор дошт, ки нисбат ба Аббосиён вафодор аст. Халифа дар ҷавоб фармони ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристон, Сиистон, Ироқи Аҷам ва шаҳнагии Бағдодро ба номи ӯ содир кард. Амр нахуст бародари норозии худ Алиро бо додани пулу мол ором карда, сипас яке аз саркардаҳои саркаш Рофеъ ибни Ҳарсамаро дар Мозандарон шикаст дод ва обруву нуфузи зиёд пайдо кард. Амр ният дошт, ки Мовароуннаҳрро ҳам зери итоати худ оварад. Ягона ҳарифе, ки дар қисматҳои шарқии хилофат ҳанӯз аз Амр итоат намекрд, Исмоили Сомонӣ буд.

Халифаи маккори аббосӣ аз қудратёбии ду саркардаи тоҷик ҷиддан нороҳат буда, интизори рақобату даргирии низомии ду саркардаи машҳур ва ду силсилаи маҳаллӣ буд. Халифа ҳар ду ҷонибро ҳам дастгирӣ карда, корро ба ҷое расонид, ки ҷанги ду сипаҳсолори тоҷик ногузир шуд.

Солҳои 899-900 миёни Амр ва Исмоил ҷанг рух дод. Дар ин мубориза Исмоили Сомонӣ тавонист, ки рӯҳияи мардуми Мовароуннаҳрро бар муқобили Амр бархезонида, аз тамоми табақаҳои аҳолӣ дар мубориза бар алайҳи ӯ истифода намояд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда, ки соли 900 -ум рух дод, Амр асир гардид ва Исмоил ӯро ба Бағдод фиристод, ки ҳамон ҷо аз олам дар гузашт. Бо асир шудани Амр қудрати Саффориён ба анҷом расид.

ҚаблӣДавлати Тоҳириён / Тохириён
БаъдӣПАНДУ АНДАРЗ – МУНОҶОТ