Деви Говпоӣ гуфт:
-Шунидам, ки Муше дар хонаи тавонгаре хона сохт. Ва аз хона роҳе дар 6oғ бурда ва муддатҳои дароз зиндагонӣ мекарду мегуфт:
Он к-ӯ ба саломате ноне дорад,
В-аз баҳри нишаст ошёне дорад.
На ходими кас буд, на махдуми касе,
Гар: “Шод бизӣ, ки хуш ҷаҳоне дорад”
Рӯзе море аждаҳопайкар аз саҳрои шуристон лабташнаи ҷигартофта ба тамъи обишхур дар ин боғ омад. Ва аз он чо гузар бар хонаи муш карду чашмаш бар он оромҷой афтод. Дар вай чунон бустонсаройе кушода, ки дар амну нузҳат аз равзаи Ираму арсаи ҳарам нишон дошт, бо худ гуфт:
Байт:
Рӯзе нигар, ки тутии ҷонам ба лабат,
Аз баҳри писта омаду бар шакар афтод.
Мор чун он ганҷи хонаи офият биёфт бар сари ганҷи мурод рафт. Ва cap бар пойи саломат ниҳод ва бар дари ганҷ биншаст. Оре, ҳар киро пой бар ганҷи саодат фуру равад, ҳалқаи ин дар занад. Аммо толибони дунё халқаи дари қаноатро ба шакли мор мебинанд, ки ҳар касро дасти ҷунбонидани он нест. Лоҷарам аз салвати сарой иқбол чун ҳалқа бардаранд:
Касе, ки иззату узлат наёфт, хеҷ наёфт
Касе, ки руйи қаноат надид, хеҷ надид.
Мор пойафзоли талаб боз кард ва биншаст. Муш чун ба хона омад, аз дур нигоҳ кард. Мореро дар хонаи худ дид чун дуди сиёҳ печида. Ҷахон бар чашмаш торику сиёҳ шуд. Ва охи дудосо аз сина баровард:
-Ё раб! Дуди дили кадом хасм дар ман расид, ки хонумони маро чунин сиёҳ кард. Магар ин сиёҳии уст, ки ман дар хиёнат бо халқӣ Худоӣ кардаам?! Ё худ ҳамон оташ аст, ки дар дили ҳамсоягон афрухтаам ва хонае аз баҳри оташ бигзошта”. Алқисса, Муш бо диле ҳаста пеши модар омад ва аз вукуъи ҳолату даст ёфтани мор бар хонаву асбоби ӯ ҳикоят кард. Ва аз модар тариқи дафъи он муболиғаҳо менамуд. Модар гуфт:
-Магар бар мулук қаноату кифояти зиёдат талабидӣ ва дасти тааррӯз ба гирдкарда ва андухтаи дигарон ёзидӣ? Бирав ва маскани дигар гир, ки туро зури бозуи мор набошад ва шери шарзаро аз заҳри ӯ заҳра бирезад:
Сад косаи ангубинро як зарра бас бувад,
3-он ҷошинӣ, ки дар бани дандони арқам аст.
Муш гуфт:
-Ин фасл агарчӣ мушбаъ гуфтӣ, аммо маро серӣ намекунад. Чӣ ҳамияти нафс ва байти табъ ба – он рухсат ниҳад, ки бо ҳар носозӣ дарсозад, ки мардони мард аз мукофоти наври ҷобирону қасди косидон, то мумкин бошад, даст боз нагирад ва то як тири тадбир дар ҷаъбаи имкон доранд, аз манозилати хасм инон напечанд ва салоҳи ҳунар дар пойи касал нарезанд.
Модар гуфт:
-Ту агар муқовати ин хасми кавӣ ба зоҳироти мушон ва моъованати эшон хоҳӣ кард, харгиз ба идроки мақсуд нарасӣ. Чӣ аз шуъои моҳтоб, ки дар равзан афтад, бар боми осмон натавон рафт.
Туро ин кор бар-нояд, ту бар ин кор барнаоӣ!
Муш гуфт: – Ба чашм истиқрор17 дар ман нигоҳ макун. Ман ин морро ба дасти боғбон хоҳам гирифт. Ва ӯро ба куштани мор тақриз кунам.
Муш рафт. Ва рӯзе чанд мулозими коре мебуд ва худ нақшаи макр бар хасм мекашид.
Рӯзе мушоҳида мекард, ки мор аз сурох дар боғ омад ва зери гулбуне, ки ҳар вақт он ҷо осоиш кардӣ, пушт бар Офтоб кард ва осуда бихуфт. Ва дар ҳамон наздикӣ боғбонро низ дар истироҳат ҷойи худ хуфта ёфт ва бахти худро бедор дид. Муш бар синаи бoғбoh ҷаст. Аз хоб даромад. Муш пинҳон шуд. Дигарбора боғбон дар хоб рафт. Ва муш ҳамон амал мекард ва ӯ аз хоб бедор мешуд. То чандин карат ин шакл муқаррар гапгг. Оташи ғазаб дар ниҳоди боғбон афтод. Чун дуд аз ҷой бархост ва гурзе гарон зери паҳлӯи хеш ниҳода буд, баргирифт. Ва вақти ҳаракати муш нигоҳ дошт. Муш ба қоидаи гузапгга бар шиками боғбон афтод. боғбон аз ҷой барҷасту аз дунболи муш медавид. ӯ ба оҳистагӣ мерафт, то ба наздики мор расид. Ҳамон ҷо ба сурохе фуру хазид. Боғбон бар мор зафар ёфт. Сараш бикуфту боз гардид.