Хусрав ва марди зиштрӯй (ҳикоя)

Шер гуфт: — Шунидам Хусравро нишоти шикор барангехт, ба саҳро берун шуд. Чашмаш ба марди зиштрӯй афтод. Замомати манзар ва лиқои макри ӯ ба фоли фаррух надошт. Фармуд, то ӯро аз пеши эшон дур карданд ва бигзаштанд.

Мард гарчӣ дар сурат қабеҳ дошт, лек ба мхисоли нек харчи оростатар буд. Бо худ гуфт: “Шоҳ дар ин паргор айби накқош кардааст ва надониста, ки риштаи гарон фитратро дар коргоҳи фалак як сари сузан хато набошад. Ман ӯро бо сарриштаи ростӣ афканам, то аз мавқеъи ин зилат мутанба шавад ва бидонад, ки кураи он фоли бад ба номи ӯ гардонидааст ва ҳаволати ӯ ба ман афтода”.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Чун Хусрав аз шикоргоҳ боз омад, шоҳини ҳимматро парвоз додаву муаллақзанон аз авҷи маҳлақи хеш дар михлоби талаб оварда. Қалби акбарро ба қалодаи тақлиду маҷрои тасхир ба acap андохта, паланги ду ранги замонаро ба паланги каҳр кашида:

Дода ба қалам қарори давлат,

Теғи омада ёри ғори давлат.

Бикшода гиреҳ зи абруи бахт,

Бар баста раҳи шикори давлат.

Иттифоқо, ба ҳамон чойгоҳ расид, ки он мардро ёфта буд. Мард аз дур овоз баровард: «Маро саволест дар пардаи насиҳат. Агар як соат Хусрав инони азамат кашида дорад ва аз авҷи Кибриё қадаме фурутар ниҳад аз фоидае холӣ набошад». Хусрав асп боздошту гуфт:

-Эй шайх! Биё то чӣ дорӣ?

Гуфт:

-Эй малик, имрӯз тамошои шикорат чӣ гуна буд?

Гуфт:

-Ҳарчӣ ба муродтару накутар.

Гуфт:

-Хазонаю асбоби комроният барқарор аст?

Гуфт:

-Бале.

Гуфт:

-Аз хеҷ ҷониб хабари номувофиқ шунидаӣ?

Гуфт:

-Хайр!

Гуфт:

-Аз ин хайл, ки дар рикоби туанд, хеҷ якеро аз ҳаводис осебе расид?

Гуфт:

-Нарасид!

Гуфт:

-Пас маро бадон азлолу истиҳонат чаро дур фармудӣ кардан?

Гуфт:

-Зеро, ки дидори амсоли ту бар мардум шум гирифтаанд.

Гуфт:

-Бадин ҳисоб дидори Хусрав бар ман шум буда бошад, на дидори ман бар Хусрав.

Хусрав аз он ҷо, ки камоли донишу инсофи ӯ буд, сухан таслим кард ва узрҳо хост.

Ин афсона аз баҳри он гуфтам, то дидори ман бар ҳар кӣ ояд, муборак ояд.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама